Гармиву чангу ғубор ва хавфи обхезиҳо. Ҳушдори обуҳавошиносон аз болоравии ҳарорат

Аз 26 то 28 август сокинони Тоҷикистон бо болоравии ҳарорат ва бад шудани сифати ҳаво дучор мешаванд. Агентии обуҳавошиносии кишвар аз эҳтимоли сар задани селҳои пиряхӣ дар ноҳияҳои ғарби ВМКБ, инчунин ноҳияҳои кӯҳии вилояти Суғд ва Ноҳияҳои тобеи марказ (НТМ) ҳушдор медиҳад. Гуфта мешавад, дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, НТМ ва пойтахт бо сабаби омилҳои […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Аз 26 то 28 август сокинони Тоҷикистон бо болоравии ҳарорат ва бад шудани сифати ҳаво дучор мешаванд. Агентии обуҳавошиносии кишвар аз эҳтимоли сар задани селҳои пиряхӣ дар ноҳияҳои ғарби ВМКБ, инчунин ноҳияҳои кӯҳии вилояти Суғд ва Ноҳияҳои тобеи марказ (НТМ) ҳушдор медиҳад.

Гуфта мешавад, дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, НТМ ва пойтахт бо сабаби омилҳои метеорологӣ (хокборише, ки аз самти минтақаҳои ҷанубу ғарбӣ ва ҷанубӣ ба кишвар ворид мегардад) баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ аз моддаҳои муаллақ (чанг), зарачаҳои андозаашон 10мкр (Рм-10) ва зарачаҳои андозаашон 2,5мкр (Рм-2,5) дар назар аст, ки махсусан барои кӯдакону шахсони пиронсол ва одамони дорои беморҳои музмини роҳҳои нафаскашӣ хатарнок аст.

Рӯзҳои наздик дар Душанбе ва НТМ ҳарорат шабона 21-23 ва рӯзона 35-38 дараҷа гарм мешавад. Шамол бо суръати 12-15 м/сония вазида, ҳавои тағйирёбанаи абрнок бо чангу ғубор дар назар аст, ки муддати се рӯз давом мекунад. Дар доманакӯҳ ва ноҳияҳои кӯҳӣ ҳарорати каме поинтар – шабона 12-18 ва рӯзона 30-35 дараҷа гарм пешбинӣ мешавад.

Агентии обуҳавошиносӣ ба шаҳрвандон тавсия додаааст, ки аз сайругашти зиёди рӯзона дар хиёбонҳо, кӯчаҳо, хусусан дар наздикии роҳҳои сернақлиёт худдорӣ намоянд ва хешовандону наздикони калонсоли худро зери назорат қарор дода,  бахусус дар ноҳияҳои кӯҳӣ, ки хатари фаромадани селҳои пиряхӣ вуҷуд дорад, бодиққату эҳтиёткор бошанд.

Болоравии суръати вазидани шамол то 15-20 метр дар як сония ва тӯфони чангу ғубор ба хавфҳои иловагӣ боис мегарданд, аз ин рӯ, мунтазам пайгирии вазъи обуҳаво ва риояи қоидаҳои бехатарӣ хеле муҳим аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.