Аз сокинон барои фиристодан ба Англия 200 ҳазор сомонӣ гирифтааст. Боздошти як мард бо гумони қаллобӣ дар Хатлон

Пулиси Хатлон мардеро боздошт кардааст, ки гуфта мешавад, бо ваъдаи фиристодан ба Англия, аз сокинон пул гирифта, онҳоро фиреб додааст. Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон аз ӯ Қодир Сайдуллоев ном бурда, гуфтааст, номбурда сокини 37-солаи шаҳри Бохтар аст. Ба гуфтаи мақомот, дастгиршуда бо роҳи фиреб аз сокинон бо баҳонаи фиристодан ба Англия аз 8 то […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Пулиси Хатлон мардеро боздошт кардааст, ки гуфта мешавад, бо ваъдаи фиристодан ба Англия, аз сокинон пул гирифта, онҳоро фиреб додааст.

Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон аз ӯ Қодир Сайдуллоев ном бурда, гуфтааст, номбурда сокини 37-солаи шаҳри Бохтар аст.

Ба гуфтаи мақомот, дастгиршуда бо роҳи фиреб аз сокинон бо баҳонаи фиристодан ба Англия аз 8 то 20 ҳазор сомонӣ маблағ гирифта, аммо ба манфиати шаҳрвандон ҳеҷ кор анҷом надодааст.

Пулиси Хатлон гуфтааст, ки номбурда дар 20 ҳолати қаллобӣ гумонбар буда, дар умум, бо роҳи фиреб беш аз 200 ҳазор сомонии сокинонро гирифтааст.

Мақомот мегӯянд, алайҳи Қодир Сайдуллоев бо иттиҳоми қаллобӣ (моддаи 247, қисми 2-и КҶ) парванда ифтитоҳ шуда тафтишот идома дорад. Бар асоси ин иттиҳом, ба боздоштшуда аз 27 ҳазору 375 сомонӣ то 68 ҳазору 400 сомонӣ ҷарима ё аз 2 то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Назари худи Қодир Сайдуллоев ва сокинони зарардида дар робита ба ин қазия дастрас нест.

Раёстаи ВКД дар вилояти Хатлон аз шаҳрвандон хостааст, ки агар мавриди фиреби Қодир Сайдуллоев қарор гирифта бошанд, метавонанд бо ариза ба пулиси маҳалли зисти худ муроҷиат кунанд.

Бояд гуфт, пас аз эҷоди монеаҳои зиёд барои кор ва муносибати хашини мақомот дар Русия, ки самти аслии муҳоҷират барои шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ аст, сокинони ин минтақа барои муҳоҷирати корӣ ба кишварҳои дигар, аз ҷумла ғарбӣ таваҷҷуҳи бештар доранд. Аммо сафар ба ин кишварҳо, ки ҳақи бештар барои кор пардохт мекунанд, барои ҳама дастрас нест ва танҳо тавассути имтиҳону номнависи пешакӣ фиристода мешаванд. Аз ин лиҳоз, сокинон барои гузаштан аз имтиҳон ва номнавис, ба миёнаравҳо пул медиҳанд ва дар аксар ҳолат, фиреб мехуранд.

Ёдрас мешавем, ки қаблан мақомоти Тоҷикистон чанд бор аз боздошти онҳое хабар дода буданд, ки аз шаҳрвандон бо баҳонаи барои муҳоҷирати корӣ ба кишварҳои ғарбӣ фиристодан, пул гирифтаву баъдан фиреб додаанд. Аз ҷумла, чанде қабл пулиси Душанбе аз боздошти як ҷавони 28-сола хабар дода гуфта буд, ки аз ҳар шаҳрванд бо ваъдаи ба Амрико фиристодан беш аз 20-ҳазор доллар гирифта, ба манфиати худ сарф намудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.