Ҷаласаи Шӯрои иқтисодии ИДМ дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад

Date:

Дар Душанбе рӯзи 5 сентябр ҷаласаи Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор гардида, дар ҷараёни он самтҳои калидии ҳамкории иқтисодӣ, рақамисозӣ ва рушди инноватсионии минтақа баррасӣ мешаванд.

Тавре ки портали интернетии Иттиҳод хабар медиҳад, иштирокчиёни ҷаласа роҳҳои бартараф намудани монеъаҳои тиҷоратӣ, буҷети ягонаи мақомоти ИДМ барои соли 2026 ва дигар масоили муҳимро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

Дар рӯзномаи ҷаласа маҷмӯи васеи масоли ҳамкориҳои иқтисодӣ, рақамисозӣ, инноватсияҳо, бахши иҷтимоӣ ва амният дарҷ ёфтааст. Байни мавзӯъҳои калидӣ табодули афкор оида масоили муҳими ҳамкориҳои мутақобилаи иқтисодӣ, бартараф намудани монеъаҳо дар тиҷорат ва тавияҳо оид ба рафъи онҳо, баррасии буҷети ягонаи мақомоти ИДМ барои соли 2026, стратегияи рақамисозии долонҳои мултимодалии нақлиётӣ ва нақшаи амал оид ба рушди ҷомеаи иттилоотӣ ва иқтисодӣ рақамӣ то соли 2035 зикр шудаанд.

Дар ҷаласаи Шӯро инчунин масоили ҳифзи зеҳни сунъӣ (ҳуши маснӯӣ) дар давраи солҳои 2021-2024, амалисозии марҳилаи дуюми Стратегияи рушди иқтисодии ИДМ дар давраи солҳои 2026-2030, лоиҳаҳои рушди илмиву технологӣ, барномаҳои ҳифзи солимӣ, инчунин масоили марбут ба собиқадорони ҷанг ва низоъҳои дохилӣ бо шумули ҷустуҷӯ ва муайян кардани боқимондаи ҷасадҳои хидматчиёни ҳарбии давраи ҷанг дар Афғонистон (солҳои 1979-1989) матраҳ хоҳад шуд.

Ба масоили бунёд ва рушди низоми муттаҳидаи дифоъи зиддиҳавоии кишварҳои ИДМ, фаъолияти Фонди байнидавлатии ҳамкории башардӯстона, марказҳои салоҳият ва таҷрибаи пешқадам дар доираи ҳамкории инноватсионӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна ва беҳбуди сифати ҳаёти собиқадорон таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад.

Дар кори Шӯро муовинони нахуствазирони Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Русия, Туркманистон ва Ӯзбекистон, инчунин намояндаи Кумитаи иҷроияи ИДМ иштирок мекунанд.

Раёсатро дар Шӯрои иқтисодии ИДМ дар соли 2025 Тоҷикистон 29 ноябри соли 2024 аз Русия қабул кард, ки пойтахти кишварро ба маркази омодагӣ ва ҳамоҳангсозии ташаббусҳои минтақавии иқтисодӣ табдил дод.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бақайдгирии намояндагони васоити ахбори умумро барои инъикоси ҷаласа оғоз намуд. Дархостҳо то соати 12:00-и 1 сентябри соли 2025 қабул мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...