“Латукӯб карда, ба даҳони кӯдак нос андохтааст”. Боздошти як сокини Ҷалолиддини Балхӣ бо гумони куштори писарандараш

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД) дар шаҳри Душанбе як сокини 33-солаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхро бо гумони куштори фарзанди ҳамсараш (писарандар, писари угай) боздошт карда, нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст. Пулиси Душанбе аз ин мард Бахтиёри Намоз ном бурда гуфтааст, ки ӯ рӯзи 22-юми август дар кӯчаи Ф. Муҳаммадиев, Назаров Собирҷон, кӯдаки 6-солаи ҳамсарашро “лату кӯб карда, ба таври маҷбурӣ […]

Asia-Plus

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД) дар шаҳри Душанбе як сокини 33-солаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхро бо гумони куштори фарзанди ҳамсараш (писарандар, писари угай) боздошт карда, нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.

Пулиси Душанбе аз ин мард Бахтиёри Намоз ном бурда гуфтааст, ки ӯ рӯзи 22-юми август дар кӯчаи Ф. Муҳаммадиев, Назаров Собирҷон, кӯдаки 6-солаи ҳамсарашро “лату кӯб карда, ба таври маҷбурӣ ба даҳони кӯдак нос андохтааст”.

Дар натиҷа, нос ба роҳи нафаси кӯдак ворид шуда, боиси марги ӯ шудааст. Кӯдаки хурдсол дар роҳи беморхона фавтидааст.

“Аз кор омадам, фарзандам бозӣ дошт, ӯро як шапотӣ задам, баъд кашонда пеши қуттиҳо овардам. Дар онҷо даҳонашро кушода нос партофтам, баъди ду дақиқа ӯ афтод. Ӯро гирифта бо мошин то беморхона бурдам, ки дар роҳ ҷонаш баромад”,-нақл мекунад мард дар навори гузоштаи Пулиси Душанбе.

Таҳти чӣ шароит сабт шудани ин навор маълум нест.

Пулиси Душанбе гуфтааст, ки Бахтиёри Намоз дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташ бо иттиҳоми “аз беэҳтиётӣ ба марг расондан” (моддаи 108-и Кодекси ҷиноятӣ) парванда боз шуда, тафтишот идома дорад. Ин модда то 2 соли зиндон ҷазо пешбинӣ мекунад.

Назари модари кӯдак дар робита ба ин қазия маълум нест. Ҳамчунин сабаби ба чунин кирдор даст задани Бахтиёри Намоз ҳам гуфта нашудааст.

Дар Тоҷикистон куштори наздикон аз сӯи хешовандонашон ҳодисаи нав нест. Қаблан низ чунин ҳодисаҳо расонаӣ шуда буд. Яке аз чунин ҳодисаҳо қазияи марги Хусрав Одинаев, навраси 15-солаи зодаи шаҳри Турсунзода, ки дар пайи шиканҷаи падараш ҷон дод, мебошад. Қазияи марги фарзанд аз дасти падар дар ҷомеа маҳкум гардид ва теъдоде аз мақомоти кишвар талаб карданд, ки ба Парвиз Одинаев ҷозои сазовор дода шавад.

Вазорати корҳои дохилӣ гуфт, ин мард боздошт ва нисбаташ бо қисми 3-и моддаи 110-и Кодекси ҷиноятӣ бо иттиҳоми “қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ” парванда боз шудааст. 

Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ дар ҷумҳурӣ дар шаш моҳи аввали соли равон 28 ҳолати одамкушӣ ва сӯйиқасд ба ҷон сабт шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио