Ҷон бохтани 6 кас дар пайи садамаҳои нақлиётии чанд рӯзи охир

Date:

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз чанд ҳодисаи нақлиётӣ дар роҳҳои кишвар дар се рӯзи охир хабар дод, ки пайи он дасикам 6 кас ҷон бохтаву 4 тани дигар захмӣ шудаанд. Зоҳиран чор нафари ҷонбохта узви як оилаанд.

Ба иттилои манбаъ, аз ҷумла, дар пайи бархӯрди се мошин дар роҳи Турсунзода 4 сокини ноҳияи Файзобод ҷон бохта, 5 тани дигар ҷароҳат бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд. Садамаи маргбор рӯзи 31-уми август рух додааст.

ВКД гуфтааст, ки Акмал Сарбаров, ронандаи мошини “Хундай-Соната” дар шоҳроҳи “Душанбе-Турсунзода” “аз уҳдаи идораи мошин набаромада” ба ду мошини дигар бархӯрдааст. Ин ду мошинҳоро Улуғбек Маҳмадхонов, сокини ноҳияи Файзобод ва Дониёр Нозимов, сокини шаҳри Турсунзода идора мекардаанд.

Дар натиҷа, ронанда ва се мусофири мошини “Опел-Астра” ҷон бохта, як мусофири дигари ин мошин захм бардоштааст:

– Улуғбек Маҳмадхонови 37-сола;

– Рустам Маҳмадхонови 46-сола;

– Махсуда Маҳмадхоноваи 76-сола,

– Шералӣ Яшарови 47-сола;

Холида Маҳмадхоноваи 42-сола (захмӣ шуда дар беморхона қарор дорад).

Худи Акмал Сарбаров ва ронандаи мошини дигар Дониёр Нозимов ҳамроҳ бо ду мусофири ӯ, Гузал Сайдуллоева ва Ирода Мизбаева дар беморхона бистарӣ шудаанд. Дар бораи вазъи саломатии онҳо маълумот дода нашудааст.

ВКД инчунин, аз ду садамаи дигар нақлиётӣ дар рӯзи 30 ва 31-уми август иттилоъ додааст, ки дар пайи он ду тани дигар ҷон бохтанд.

Аз ҷумла Алишер Таҷибаев, ронандаи мошини “Хундай-Авентра” ҳангоми ҳаракат аз самти Бохтар “аз уҳдаи идораи мошин набаромада” Насиба Абдуллоева, сокини ҳамин ноҳияро пахш кардааст, ки Абдуллоева дар ҷойи ҳодиса фавтидааст.

Ҳодисаи дигар рӯзи 31-уми август дар ҳудуди роҳи мошингарди “Душанбе-Ҳисор” рух додааст, ки дар пайи Ҳикмат Саидов, ронандаи мошини “Опел-Зефира” ҳангоми ҳаракат пиёдагард Муҳаммад Неъматуллозода, ноболиғи 8-соларо пахш кардааст. Дар натиҷа ноболиғ дар беморхона ҷон бохтааст.

Вазорати корҳои дохилӣ гуфтааст, ки аз рӯйи ин ҳодисаҳо тафтишот идома доранд.

Бояд гуфт, ки ҳар сол дар пайи садамаҳои нақлиётӣ дар кишвар садҳо нафар захмӣ ва кушта мешаванд. Дар шаш моҳи аввали соли равон дар ҷумҳурӣ бар асари 635 садамаи нақлиётӣ 279 кас ҷон бохта, 224 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Мақомот дар бештари маврид ронандагонро айбдор мекунад, ки қоидаҳои сабқатро риоя намекунанд, ба самти муқобил мебароянд, бо суръати баланд ва гоҳе дар ҳолати мастӣ мошинро идора мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...