ВКХ Ӯзбекистон дар робита ба таҳқири ронандаи ӯзбектабор ба Русия нотаи расмӣ фиристод

Вазорати корҳои хориҷаи Ӯзбекистон бо ирсоли як нотаи расмӣ ба Вазорати корҳои хориҷаи Русия аз онҳо хостааст, шахсияти фарде, ки дар Химкии вилояти Маскав як ронандаи таксии узбекро таҳқир кардааст, шиносоӣ карда, алайҳи ӯ чораи қонунӣ андешад. Дар ин бора Аҳрор Бурҳонов, сухангӯи ВКХ Ӯзбекистон хабар дод, менависад Оҷонсии хабарии “Фарғона”. Ба гуфтаи ӯ, ҷониби […]

Asia-Plus

Вазорати корҳои хориҷаи Ӯзбекистон бо ирсоли як нотаи расмӣ ба Вазорати корҳои хориҷаи Русия аз онҳо хостааст, шахсияти фарде, ки дар Химкии вилояти Маскав як ронандаи таксии узбекро таҳқир кардааст, шиносоӣ карда, алайҳи ӯ чораи қонунӣ андешад. Дар ин бора Аҳрор Бурҳонов, сухангӯи ВКХ Ӯзбекистон хабар дод, менависад Оҷонсии хабарии “Фарғона”.

Ба гуфтаи ӯ, ҷониби Ӯзбекистон иттилооти расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоиро бодиққат назорат мекунад ва дар сурати ошкор шудани чунин ҳодисаҳо бо ниҳодҳои зирабти кишварҳои дигар ҳамкориро оғоз мекунад.

“Аз ҷумла, дар робита ба ҳодисае, ки дар моҳи август вокунишҳои густурдаи ҷомеаро ба бор оварда буд, тафтишот идома дорад ва дар ин робита ба Вазорати корҳои хориҷии Русия нотаи расмӣ фиристода шуд”, – гуфтааст Бурҳонов.

Вай таъкид кардааст, ки ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандони Ӯзбекистон, новобаста аз он ки онҳо дар куҷо ҳастанд, афзалияти давлат боқӣ мемонад.

Наворе, ки дар шабкаҳои иҷтимоӣ сару садоҳои зиёдеро ба бор овард, рӯзи 27-уми август дар телеграм-канали "TRT” нашр шуд. Дар навор дида мешавад, ки марди русе ба як ронанда, ки зоҳиран зодаи Осиёи Марказӣ аст, суханони қабеҳ гуфта, ӯро таҳқир мекунад, аз ҷумла, ронандаи таксиро “ғуломи русҳо” мехонад.

Худи ронандаи таксӣ кӯшиш мекунад, оромиро нигоҳ дошта, аз мард талаб мекунад, ки таҳқирро хотима диҳад, вале чун мард хомуш намешавад, ронанда аз назди вай дур мешавад.

Ба гуфтаи шоҳидон, муноқиша аз он сабаб рух додааст, ки такси як муддати кӯтоҳ даромадгоҳи ҳавлиро баста, мунтазири гузаштани мошини партовгоҳ будааст.

Худи ҳамон шом дар телеграм-канали Аҳрор Бурҳонов ёддоште пайдо шуд, ки шаҳрвандони Ӯзбекистон новобаста аз кишвари истиқоматашон таҳти ҳимояи давлат мебошанд.

"Дар сурати поймол шудани ҳуқуқ ва озодиҳои онҳо ба онҳо тавсия дода мешавад, ки ба консулгарии наздиктарин муроҷиат кунанд", – ишора кард ӯ.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.