Намоиш ва фурӯши китоб ба муносибати “Рӯзи китоб” дар Душанбе чӣ гуна гузашт?

Имрӯз, 4-уми сентябр ба муносибати “Рӯзи китоб”, дар дар саҳни Китобхонаи давлатии бачагонаи ба номи Мирсаид Миршакар намоиш ва фурӯши китобҳо баргузор шуд. Ин чорабинӣ аз соати 10:00 то соати 16:00 давом кард. Субҳи имрӯз хабарнигори “Азия-Плюс” ҳам аз ин ҳамоиш дидан кард. Нафрони зиёд барои тамошо ва харидории китоб омада буданд. Аз Вазорати фарҳанги […]

Шаҳноза Мустафоқулова, Asia-Plus

Имрӯз, 4-уми сентябр ба муносибати “Рӯзи китоб”, дар дар саҳни Китобхонаи давлатии бачагонаи ба номи Мирсаид Миршакар намоиш ва фурӯши китобҳо баргузор шуд. Ин чорабинӣ аз соати 10:00 то соати 16:00 давом кард.

Субҳи имрӯз хабарнигори “Азия-Плюс” ҳам аз ин ҳамоиш дидан кард. Нафрони зиёд барои тамошо ва харидории китоб омада буданд.

Аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон гуфтанд, ки ин намоиш фурӯш “бо мақсади тарғиби китобхонӣ ва баланд бардоштани завқи маънавӣ” гузаронида мешавад.

Ҳамчунин, ба муносибати Рӯзи китоб, имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон “Рӯзи дарҳои боз” оғоз шуд ва то 5-уми сентябр идома мекунад. 

Давоми ду рӯз меҳмонон имкон доранд, то бо осорхонаи китобҳои нодир, осорхонаи даврони истиқлол, мусаввараи таърихии “Аз давра ба давра, аз дида ба дида” ва толорҳои хониши китобхона боздид кунанд. Боздиди “Осорхонаи китоб” имконияти воқеан нодир аст, чун рӯзҳои дигар осорхона барои меҳмонон баста асту барои ташриф овардан ба он иҷозатномаи махсус талаб мешавад.

Ҳамчунин, имрӯз, соати 19:00 дар назди Китобхонаи миллӣ “Маҳфили ҳамешабаҳор” дар мавзуи “Баҳори китоб” баргузор мешавад. Иштирок дар он ройгон аст.

Бояд гуфт, ки ҳамасола 4-уми сентябр дар Тоҷикистон ҳамчун “Рӯзи китоб” таҷлил мегардад. Таърихи ин ҷашн аз гузоштани хишти аввали бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар санаи 4-уми сентябри соли 2007 оғоз гардидааст. Ба ин муносибат ҳамасола дар кишвар чорабиниҳои мухталиф баргуҳор мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.