Пагоҳ “Рӯзи китоб” аст. Ба ин муносибат дар пойтахт кадом чорабиниҳо баргузор мешавад?

Пагоҳ, 4-уми сентябр ба муносибати “Рӯзи китоб” дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон "Рӯзи дарҳои боз" эълон гардида, ҳамчунин, дар Китобхонаи бачагонаи ба номи Мирсаид Миршакар намоиш ва фурӯши китобҳо баргузор мешавад. Аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки ин ҳама “бо мақсади тарғиби китобхонӣ ва баланд бардоштани завқи маънавӣ” гузаронида мешавад. Намоиш ва фурӯши китобҳо […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Пагоҳ, 4-уми сентябр ба муносибати “Рӯзи китоб” дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон "Рӯзи дарҳои боз" эълон гардида, ҳамчунин, дар Китобхонаи бачагонаи ба номи Мирсаид Миршакар намоиш ва фурӯши китобҳо баргузор мешавад.

Аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки ин ҳама “бо мақсади тарғиби китобхонӣ ва баланд бардоштани завқи маънавӣ” гузаронида мешавад.

Намоиш ва фурӯши китобҳо соати 10:00 дар саҳни Китобхонаи бачагонаи ба номи Мирсаид Миршакар оғоз шуда, то соати 16:00 идома мекунад. Хоҳишмандон метавонанд дар ин ҷо китобҳои тозанашрро дастрас кунанд.

 

Ду рӯзи дарҳои боз дар Китобхонаи миллӣ

Ҳамчунин, ба муносибати Рӯзи китоб, рӯзҳои 4 ва 5-уми сентябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон “Рӯзи дарҳои боз” баргузор мегардад.

Аз Китобхонаи миллӣ ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки давоми ду рӯз меҳмонон имкон доранд, то бо осорхонаи китобҳои нодир, осорхонаи даврони истиқлол, мусаввараи таърихии “Аз давра ба давра, аз дида ба дида” ва толорҳои хониши китобхона боздид кунанд.

Гуфта мешавад, ки роҳбаладон, ба меҳмонони боргоҳи маърифат кумак мекунанд.

Инчунин, дар ин рӯз дар Китобхонаи миллӣ “Маҳфили ҳамешабаҳор” дар мавзуи “Баҳори китоб” баргузор мешавад. Маҳфил соати 19:00 оғоз шуда, иштирок дар он ройгон аст. Роҳбарии маҳфилро шоир Хайрандеш бар уҳда дорад.

Бояд гуфт, ки ҳамасола 4-уми сентябр дар Тоҷикистон ҳамчун “Рӯзи китоб” таҷлил мегардад. Таърихи ин ҷашн аз гузоштани хишти аввали бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар санаи 4-уми сентябри соли 2007 оғоз гардидааст. Ба ин муносибат ҳамасола дар кишвар чорабиниҳои мухталиф баргуҳор мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.