Оғози маҳдудият, хатари шомилшавӣ ба “рӯйхати сиёҳ” ва ихроҷ аз Русия. Муҳлати қонунигардонии будубош дар Русия ба охир расид

Дирӯз, 10-уми сентябр, муҳлати қонунигардонии будубош барои муҳоҷирон дар Русия ба анҷом расид. Аз имрӯз, 11-уми сентябр, муҳоҷироне, ки аснодашон қонунӣ нест ва қонуншиканӣ кардаанд, бо як қатор маҳдудиятҳо ва хатари боздошту ихроҷ рӯбарӯ хоҳанд шуд.   Маҳдудият ва ихроҷ Шаҳрвандони хориҷӣ, ки будубоши худро дар Русия қонунӣ накардаанд, аз 11-уми сентябр ба феҳристи афроди […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Дирӯз, 10-уми сентябр, муҳлати қонунигардонии будубош барои муҳоҷирон дар Русия ба анҷом расид. Аз имрӯз, 11-уми сентябр, муҳоҷироне, ки аснодашон қонунӣ нест ва қонуншиканӣ кардаанд, бо як қатор маҳдудиятҳо ва хатари боздошту ихроҷ рӯбарӯ хоҳанд шуд.

 

Маҳдудият ва ихроҷ

Шаҳрвандони хориҷӣ, ки будубоши худро дар Русия қонунӣ накардаанд, аз 11-уми сентябр ба феҳристи афроди таҳти назорат шомил карда мешаванд. Онҳо бо як қатор маҳдудиятҳо ва ҳатто хатари ихроҷ рӯбарӯ хоҳанд шуд.

Шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла муҳоҷироне, ки шомили феҳристи афроди таҳти назорат мешаванд, наметавонанд бе иҷозати мақомоти корҳои дохилӣ ҷои истиқомат ва будубоши худро иваз кунанд, берун аз ҳудуди иқомат сафар кунанд, воситаҳои нақлиётро идора кунанд, амвол харанд ва амволи ғайриманқулро дар қайди кадастр гузоранд.

Ба онҳо инчунин кушодани суратҳисоби бонкӣ ва анҷом додани амалиёти дигар дар ташкилоти қарзӣ манъ аст. Шахсони назоратшаванда вазифадоранд, ки бо шахсони масъул фавран ба мақомоти корҳои дохилӣ ҳозир шаванд ва маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи қонунро риоя кунанд.

Шаҳрвандон ва ширкатҳое, ки дар будубоши ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ мусоидат мекунанд, низ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Дар сурати такроран (ду ва зиёда) вайрон кардани қоидаҳои муқарраршуда муҳоҷирон хатари ихроҷ таҳдид мекунад. То ихроҷ онҳоро метавонанд дар боздоштгоҳ нигоҳ доранд.

Дар бораи низоми нави ихроҷ дар ин мавод маълумот дода шудааст.

 

Чанд дарсад будубоши худро қонунӣ карданд?

Намояндагии Вазорати меҳнату муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия эълон кард, ки то 5-уми сентябр танҳо 27% шаҳрвандони дар рӯйхати шахсони таҳти назорат қарордошта, будубоши худро қонунӣ кардаанд.

Ин ниҳод гуфтааст, ки аз 38% фарзандони муҳоҷирони дар ин рӯйхатбуда ҳамагӣ 2% муроҷиат кардаанд. Намояндагӣ ин оморро бо истинод ба маълумоти расмии Вазорати корҳои дохилии (ВКД) Русия эълон кардааст.

Тибқи маълумоти расмии ВКД-и Русия, ба ҳолати 1-уми сентябр дар феҳристи шахсони зери назорати Русия тақрибан 770 ҳазор нафар сабт шудаанд, ки сеяки онҳо занону кӯдакон мебошанд.

Мақомоти Тоҷикистон то  кунун теъдоди шаҳрвандони дар рӯйхати шахсони таҳти назорат қарордоштаро эълон накардаанд. Аз Раёсати муҳоҷирати аҳолии Вазорати меҳнату муҳоҷирати кишвар ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки то ҳол аз ҷониби мақомоти Русия шаҳрвандони дар ин феҳрист буда эълон нашудааст.

Ба ҳолати моҳи октябри соли 2024-ум мақомоти Тоҷикистон эълон карда буданд, ки номи 120 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар ин рӯйхат ба қайд гирифта шудааст.

Бояд гуфт, феҳристи шахсони таҳти назорати Русия аз 5-уми феврали имсол тартиб дода шуд. Ҳанӯз рӯзҳои аввали эълони ин феҳрист даҳҳо муҳоҷир шикоят карда буданд, ки номи онҳоро иштибоҳан ба ин рӯйхат ворид кардаанд ва гуфта мешуд, ки бештари ин афрод аз қарор доштани худ дар “рӯйхати сиёҳ” тавассути паёмҳои бонкҳо дар бораи масдуд шудани суратҳисобашон огоҳ шудаанд.

Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд ному насаби худро дар охирин рӯйхати нашркардаи ВКД-и Русия ҷустуҷӯ кунанд. Бояд гуфт, ки пайванди мазкур барои онҳое, ки дар қаламрави Тоҷикистон ҳастанд, дастнорас аст. Мақомоти Русия баъди оғози ҷанг дар Украина дастрасӣ ба аксар сомонаҳои давлатиро барои шаҳрвандони кишварҳои дигар маҳдуд карданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.