Давоми сол дар Тоҷикистон кадом маҳсулот арзону кадоме қимат шуд?

Дар Тоҷикистон давоми сол сабзавот ба таври назаррас қимат шуд. Аз ҳама зиёд – қариб ду баробар нархи карам боло рафт. Инчунин сабзиву пиёз ва картошка низ каме гарон шуданд. Ба иттилои Барномаи ҷаҳонии озуқа ва "Neksigol Mushovir", моҳи августи соли 2025 нархи ғизо дар бозорҳои Тоҷикистон аз чанд ҷиҳат боло рафт. Таҳлил ё мониторинг 5 бозори […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон давоми сол сабзавот ба таври назаррас қимат шуд. Аз ҳама зиёд – қариб ду баробар нархи карам боло рафт. Инчунин сабзиву пиёз ва картошка низ каме гарон шуданд.

Ба иттилои Барномаи ҷаҳонии озуқа ва "Neksigol Mushovir", моҳи августи соли 2025 нархи ғизо дар бозорҳои Тоҷикистон аз чанд ҷиҳат боло рафт.

Таҳлил ё мониторинг 5 бозори бузург ва 10 бозори хурдро фаро мегирад. Маълумот ҳар ҳафта ҷамъоварӣ гардида, сипас ба ҳар кадоме аз маҳсулот нархи миёна ҳисобу китоб мешавад.

Давоми сол аз ҳама бештар сабзавот гарон шуд.

Дар нархи гӯшт низ болоравии назаррас ба қайд гирифта шуд.

Нархҳои маҳсулоти лубиёгӣ ва тухм низ тағйир ёфт.

Дар баробари ин, баъзе маҳсулот арзон шудааст.

Вазъ дар бозори кор низ таҳлил шудааст. Пардохти кори ғайриҳирфаӣ (ғайрикасбӣ) дар моҳи август ба ҳисоби миёна 115 сомонӣ дар як рӯзро ташкил дод, ки 31% зиёдтар нисбат ба соли пешин аст.

Меъёрҳои пардохти нисбатан паст дар Хоруғ ва Рашт (100-104 сомонӣ) ва баланд дар Душанбе ва Бохтар (120 сомонӣ) сабт шудааст.

Арзиши пардохти кори касбӣ боз ҳам зиёдтар – 85% боло рафта, ба ҳисоби миёна ба 149 сомонӣ дар як рӯз расид. Меъёрҳои баландтарин дар Ишкошим (175 сомонӣ), Истаравшан ва Кӯлоб (160 сомонӣ), инчунин дар Душанбе ва Хуҷанд (156 сомонӣ) ба қайд гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.