Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақолаи «Буҷети Тоҷикистон садҳо миллион сомониро аз даст медиҳад. Ва имрӯз сухан дар бораи кормандони андоз», ки бо муаллифии Аскари Хосиён дар сомонаи “Азия-Плюс” санаи 16 июни соли 2022 нашр шудааст, вокуниш нишон дод.
Вокуниши Кумитаро пурра ва бидуни таҳрир нашр мекунем:
Номи мақола ҳангоматалабона диққати хонандаро гӯё ба масъалаи фарогире ҷалб месозад, аммо мутолиаи он нишон медиҳад, ки мақолаи мазкур як маводи беасосу бемоҳиятро мемонад. Муаллифи он худро ба ҳайси коршинос муаррифӣ намуда, аммо дар асл бесалоҳиятии худро ошкор намудааст.
Муаллифи маводи мазкур номутобиқатиҳоро миёни нишондиҳандаҳои мақомоти давлатӣ оид ба шумораи хоҷагиҳои деҳқонӣ пеши рӯ оварда, сабабҳои чунин номутобиқатиҳоро мавриди омӯзиши воқеъбинона қарор надода, муайян ва аниқ накарда, дар натиҷа, мутаассифона, ба хулосабарориҳои нодурусту беасос роҳ додааст.
Маводи нашршуда бе як рабту низом ва банду басти мантиқӣ таҳия гардида, бинобар ин, пур аз ихтилоф ва номуайяниҳо мебошад. Барои мисол, муаллиф менависад, ки замоне ба ноҳияе ба ҳайси коршиноси мустақил рафта, муайян намудаааст, ки дар он ҷо дар тӯли 20 сол ба хоҷагиҳои деҳқонӣ 1300 сертификати (ҳоло шаҳодатнома) истифодаи замин дода шуда, дар ин давра дар мақомоти андоз 950 хоҷагиҳои деҳқонӣ ба қайд гирифта шудааст. Аммо, дар мақола гуфта нашудааст, ки ин 20 сол кадом солҳоро дар бар мегиранд ва дар ин солҳо дар соҳаи кишоварзӣ (аз ҷумла андозбандии субъектҳои кишоварзӣ) чӣ тағйиротҳое ба вуқӯъ пайваста буданд? Зеро, дар асл дар давраи пасошӯравӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи кишоварзӣ давра ба давра тағйирот ва ислоҳоти зиёд ва куллӣ гузаронида шудаанд ва як қисмати ин сертификатҳо тибқи тартиби муқарраршуда дар давоми 20 сол аллакай бекор карда шудаанд ва ғайраву ғайраҳо. Бинобар ин, омилҳои мазкур аз бесалоҳиятии муаллифи мақола шаҳодат медиҳанд.
Дар воқеъ фарқият миёни нишондиҳандаҳо оид ба шумораи хоҷагиҳои деҳқонӣ дар солҳои қаблӣ вуҷуд доштанд (ҳоло фарқиятҳо рақами бисёр ночизро ташкил медиҳанд) ва ин масъала барои мақомоти дахлдор, аз ҷумла мақомоти ваколатдор дар соҳаи идораи замин ва андоз маълум буда, мақомоти мазкур ҷиҳати ҳалли он пайваста омӯзиш ва чораҷӯиҳо кардаанд ва ба натиҷаҳои назаррас ноил ҳам гардидаанд.
Вобаста ба масъалаи мазкур бояд қайд намуд, ки дар доираи ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ аз ҳисоби таҷдиди хоҷагиҳои калонҳаҷм, хоҷагиҳои деҳқонӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ ташкил карда шуданд, ки ҳолати мазкур боиси якбора зиёд шудани шумораи чунин гурӯҳи андозсупорандагон гардид ва омили мазкур то як андоза ба раванди бақайдгирии саривақии онҳо таъсири худро расонд. Таҳлилу омӯзишҳо ва корҳои назоратӣ дар ин самт нишон медиҳанд, ки дар аксар ҳолатҳо таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонии калонҳаҷм бо мусоидат ва дар доираи барномаҳои ғайридавлатӣ (тавассути марказҳои кадастрӣ, ки якчанд сол фаъолият доштанд) сурат гирифта, дар ҳолатҳои алоҳида аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ аз мақоми худ ва уҳдадориҳои андозии ба зимаашон гузошташуда пурра огоҳ нашуда монданд, ки дар натиҷа ҳолати мазкур боиси ба миён омадани фарқиятҳо байни нишондиҳандаҳои мақомоти давлатӣ гардиданд.
Натиҷаи корҳои таҳлилӣ ва назоратии мақомоти андоз аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки сабабҳои дар аксар мавридҳо сари вақт дар мақомоти андоз ба қайд гирифта нашудани хоҷагиҳои деҳқонӣ аз омилҳои зиёде вобастагӣ доштанд.
Барои мисол, дар давоми солҳои 2008-2015 дар натиҷаи азнавташкилдиҳии хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ислоҳоти ташкилотҳои кишоварзӣ, аз ҷониби маркази кадастри замини минтақаи Бадахшон зиёда аз 15,0 ҳазор адад шаҳрвандон, бе назардошти дигар омилҳо, бо сертификати ҳуқуқи истифодаи замин ба тариқи ройгон таъмин карда шуданд. Омӯзиши масъала муайян намуд, ки яке аз сабабҳои асосии вуҷуд доштани фарқият дар шумораи хоҷагиҳои деҳқонӣ дар он аст, ки мутаассифона дар заминаи 1 оила хоҷагии деҳқонӣ ташкил карда шуда, аз ҷониби маркази кадастри замин иштибоҳан ба ҳар як аъзои оила алоҳида (масалан, барои ҳамаи панҷ-шаш нафар аъзои оила) сертификати ҳуқуқи истифодаи замин дода шуд. Маълум аст, ки дар чунин ҳолат дар мақомоти андоз танҳо як хоҷагии деҳқонӣ (аммо на панҷ-шаш) ба қайд гирифта мешавад.
Дар маҷмуъ, доир ба фарқи нишондиҳандаҳо оид ба шумораи хоҷагиҳои деҳқонӣ бояд қайд намуд, ки тибқи омӯзишу таҳлилҳо ва хулосаҳои гуруҳҳои корӣ, дар аксар мавридҳо сари вақт дар мақомоти андоз ба қайд гирифта нашудани хоҷагиҳои деҳқонӣ аз якчанд омилҳо вобастагӣ дошт. Аз ҷумла:
– дар ҳолатҳои алоҳида аз ҷониби марказҳои кадастрӣ бе хабардошти шаҳрвандон, ба номи онҳо додани сертификатҳои ҳуқуқи истифодаи замин;
– даст кашидани шаҳрвандон аз истифодаи қитъаи замини вобастшуда, аммо дар маълумотҳо ҳамчун амалкунанда боқӣ мондани онҳо;
– мутобиқат накардани ному насаби дар сертификати ҳуқуқи истифодаи замин дарҷгардида бо ному насаб дар шиноснома;
– дар муҳоҷирати меҳнатӣ будани роҳбар ва саҳмдорони хоҷагӣ;
– номуайян будани масоҳати қитъаи замини ҷудошуда;
– ба номи як шаҳрванд ташкил намудани якчанд хоҷагии деҳқонӣ;
– вафот кардани роҳбар ё саҳмдорони хоҷагӣ, аммо ба расмият надаровардани ҳолати бамиёномада ва ғайраҳо.
Ёдовар мешавем, ки бақайдгирии субъектҳои хоҷагидор, аз ҷумла хоҷагиҳои деҳқонӣ, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ” аз 19 майи соли 2009, №508 амалӣ карда шуда, омилҳои дар боло номбаршуда бошад, бақайдгирии хоҷагиҳои деҳқониро имконнопазир мегардонданд.
Инчунин натиҷаи таҳлилҳои гузаронидашуда ва фаъолияти гуруҳҳои корӣ дар ин самт нишон медиҳанд, ки сабаби дигари мавҷуд будани тафовут оид ба шумораи хоҷагиҳои деҳқонӣ ин ба таври фаврӣ ворид накардани маълумотҳо ба тавозуни замин ё саривақт аз он хориҷ накардани хоҷагиҳои барҳамхӯрда ба ҳисоб меравад.
Натиҷаи таҳлилҳо ва корҳои назоратии аз ҷониби мақомоти андоз дар як қатор шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гузаронидашуда, аз ҷумла, дар шаҳри Конибодом, ноҳияҳои Б.Ғафуров, Зафаробод ва Спитамени вилояти Суғд, шаҳрҳои Кӯлоб ва Леваканд, ноҳияҳои А.Ҷомӣ, Ёвон ва Восеи вилояти Хатлон нишон дод, ки ҳолатҳои дигари номутобиқатиҳои шумораи хоҷагиҳои деҳқонӣ дар он мебошад, ки бо мақсади дуруст намудани нишондиҳандаҳои тавозуни замин, рӯйхати хоҷагиҳои деҳқонии таҷдидшуда ва ё барҳамдодашуда бо нишондоди масоҳатҳои сифрӣ ва масоҳатҳои калон аз қайд бароварда нашуда буданд.
Хулоса, масъалаи мазкур барои мақомоти ваколатдор маълум буда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо дар ин самт чораҷӯиҳои муштарак анҷом дода шуда, масъала дар маҷмуъ ҳалли худро ёфтааст ва бинобар ин, ин ба ном “бозёфти” муаллиф моҳият надорад.
Муаллифи мақола, аз омилҳои зикршуда умуман огаҳӣ надорад, зеро мутахассис намебошад ва надоштани дониши дахлдори касбӣ ба ӯ имкон надодааст, ки таҳлилҳои асоснок анҷом диҳад. Бинобар ин, бисёр тааҷҷубовар аст, ки чунин шахс (чуноне, ки худаш дар мақолааш навиштааст) ҳамчун “коршиноси мустақил” (“независимый эксперт”) таҳлили иқтисодии яке аз ноҳияҳои Ҷумҳуриамонро гузаронидааст. Он чизеро, ки муаллиф анҷом додааст, дар забони илмӣ “муқоиса” мегӯянд ва ҳолати мазкур бояд дар асл коршиносона омӯхта, натиҷаи чунин муқоисаҳо бояд дар натиҷаи таҳлилҳои воқеъбинона ва ҷиддӣ асоснок карда мешуд.
Ба иттилои хонандагон мерасонем, ки ҳанӯз аз соли 2016 бо мақсади ба танзим даровардани Феҳристи ягонаи давлатии объектҳои молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он, аз ҷумла қитъаҳои замин ва дар ин асос дуруст ба роҳ мондани назорати ҳисоб ва пардохти андозҳо байни Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фармоиши муштарак ба имзо расонида, барои татбиқи амалии он барномаи компютерии бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он ва табодули мутақобилаи маълумотҳо байни ин мақомоти давлатӣ қабул гардида, мавриди амал қарор дода шудааст.
Дар асоси барномаи мазкур Феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он дар шакли электронӣ ташкил карда шуда, тамоми маълумотҳо оид ба бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он дар як махзан ҷамъоварӣ карда шуда, маълумотҳо ҳамарӯза дар реҷаи онлайн ба мақомоти андоз ворид гардида истодаанд. Дар натиҷаи корҳои анҷомдодашуда фарқияти нишондиҳандаҳо рақамҳои ночизро ташкил дода, дар назар аст, ки он ҳам дар ояндаи наздик пурра аз байн бурда мешавад.
Бинобар ин, тибқи як муқоисаи беасос ба азхудкунии маблағи буҷет айбдор намудани кормандони як мақомоти бонуфузи давлатӣ аз ғаразнок ва иғвоангезона будани мавқеи муаллиф гувоҳӣ медиҳад.
Бояд қайд намуд, ки маъмулан андозсупорӣ на ба ҳама маъқул аст. Аз ин лиҳоз андоз ва кормандони мақомоти андозро дӯст надоштан мумкин аст, аммо тибқи як муқоисаи беасос кӯшиши гунаҳкор намудани мақомоти давлатие, ки қисми зиёди буҷети давлатиро таъмин менамояд, иғвоангезиро мемонад, ки муаллиф барои он бояд масъулият дошта бошад.
Дар маҷмуъ, дигар қисматҳои мақола низ аз муқоисаҳо ва гуфтаҳои беасосу бе рабту низом иборат аст, ки ба онҳо вокуниш нишон додан, сарфи беҳудаи вақтро мемонад.
Ин мақолаи ягонаи муаллиф набуда, ӯ дар дигар мақолаҳояш низ дар расонаи Азия-плюс ба масъалаҳои иқтисодӣ даст зада, ба ҳамин монанд ақидаҳои бе рабту низоми худро изҳор намудааст.
Бинобар ин, боиси таассуф аст, ки чунин як расонаи бонуфуз ба монанди Азия-плюс андешаҳои беасосу иғвоангезонаи чунин як муаллифро, ки гоҳ аз номи “иқтисодшинос” ва гоҳ аз номи “соҳибкор” баромад менамояд, бо имзои мустаор ба нашр расонида истодааст.