Дар Тоҷикистон маъракаи қабули довталабон ба донишгоҳҳои Русия оғоз ёфт

Date:

Сар аз 15-уми сентябри соли равон қабули аризаҳо барои таҳсил бо бурсияҳо (квота)-и ҳукумати Русия барои довталабон аз Тоҷикистон оғоз гардид, иттилоъ медиҳад, намояндагии "Россотрудничество" дар Тоҷикистон. 

Барои дарёфти бурсияа довталаб бояд дар сомонаи education-in-russia.com номнавис шавад, донишгоҳ ва барномаи таҳсилро интихоб намояд, дархостро дар шакли маҷозӣ пур карда (акс, нусхаи шиноснома, ҳуҷҷати таҳсилотӣ ё маълумотнома дар бораи давраи таҳсилро замима намояд), аз санҷишҳои интихобии фосилавӣ гузарад ва роҳхат ба донишгоҳро гирад.

Номнависӣ бояд то 15 декабри соли 2025 анҷом дода шавад.

Навори дастурии муфассал дар тамоми марҳилаҳои номнавис ва пешниҳоди аризаро дар ин ҷо метавонед, дастрас кунед.

Машваратҳои ҳузурӣ барои хоҳишмандоне, ки мехоҳанд бо бурсия дохил шаванд, ҳар рӯзи ҷумъа соати 16:00 дар Хонаи русӣ дар Душанбе (Россотрудничество), дар суроғаи гузари 1-уми кӯчаи Лоҳутӣ, хонаи 4 баргузор мегардад.

Саволҳоро метавонед ба почтаи электронӣ ирсол намоед: [email protected]

Рақамҳо барои тамос:

– Душанбе: (+992 37) 221-89-47

-Хуҷанд: (+992 34) 226-02-22

Хотиррасон мекунем, ки Русия  барои донишҷӯёни тоҷик 1000 бурсия ҷудо кардааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...