Дар Тоҷикистон маъракаи қабули довталабон ба донишгоҳҳои Русия оғоз ёфт

Сар аз 15-уми сентябри соли равон қабули аризаҳо барои таҳсил бо бурсияҳо (квота)-и ҳукумати Русия барои довталабон аз Тоҷикистон оғоз гардид, иттилоъ медиҳад, намояндагии "Россотрудничество" дар Тоҷикистон.  Барои дарёфти бурсияа довталаб бояд дар сомонаи education-in-russia.com номнавис шавад, донишгоҳ ва барномаи таҳсилро интихоб намояд, дархостро дар шакли маҷозӣ пур карда (акс, нусхаи шиноснома, ҳуҷҷати таҳсилотӣ ё маълумотнома дар бораи давраи таҳсилро замима […]

Сар аз 15-уми сентябри соли равон қабули аризаҳо барои таҳсил бо бурсияҳо (квота)-и ҳукумати Русия барои довталабон аз Тоҷикистон оғоз гардид, иттилоъ медиҳад, намояндагии "Россотрудничество" дар Тоҷикистон. 

Барои дарёфти бурсияа довталаб бояд дар сомонаи education-in-russia.com номнавис шавад, донишгоҳ ва барномаи таҳсилро интихоб намояд, дархостро дар шакли маҷозӣ пур карда (акс, нусхаи шиноснома, ҳуҷҷати таҳсилотӣ ё маълумотнома дар бораи давраи таҳсилро замима намояд), аз санҷишҳои интихобии фосилавӣ гузарад ва роҳхат ба донишгоҳро гирад.

Номнависӣ бояд то 15 декабри соли 2025 анҷом дода шавад.

Навори дастурии муфассал дар тамоми марҳилаҳои номнавис ва пешниҳоди аризаро дар ин ҷо метавонед, дастрас кунед.

Машваратҳои ҳузурӣ барои хоҳишмандоне, ки мехоҳанд бо бурсия дохил шаванд, ҳар рӯзи ҷумъа соати 16:00 дар Хонаи русӣ дар Душанбе (Россотрудничество), дар суроғаи гузари 1-уми кӯчаи Лоҳутӣ, хонаи 4 баргузор мегардад.

Саволҳоро метавонед ба почтаи электронӣ ирсол намоед: [email protected]

Рақамҳо барои тамос:

– Душанбе: (+992 37) 221-89-47

-Хуҷанд: (+992 34) 226-02-22

Хотиррасон мекунем, ки Русия  барои донишҷӯёни тоҷик 1000 бурсия ҷудо кардааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.