Кумитаи ҳифзи муҳити зист соҳиби бинои нав шуд

Субҳи имрӯз, 17-уми сентябр Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар бинои нави Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистонро ифтитоҳ кардаст. Бинои мазкур дар кӯчаи Шевченкои ноҳияи Исмоили Сомонӣ (дар чорроҳаи бинои маъруф ба "Алфемо") дар 9 ошёна сохта шудааст. Тибқи иттилои расмӣ кумитаи дорои ҳуҷраҳои кории раёсату шуъбаҳо, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар соҳаи муҳити зист ва […]

Asia-Plus

Субҳи имрӯз, 17-уми сентябр Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар бинои нави Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистонро ифтитоҳ кардаст. Бинои мазкур дар кӯчаи Шевченкои ноҳияи Исмоили Сомонӣ (дар чорроҳаи бинои маъруф ба "Алфемо") дар 9 ошёна сохта шудааст.

Тибқи иттилои расмӣ кумитаи дорои ҳуҷраҳои кории раёсату шуъбаҳо, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар соҳаи муҳити зист ва дигар ташкилоту муассисаҳои зерсохтори кумита мебошад.

Инчунин дар бинои маъмурӣ 92 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ бо 150 ҷой, ошхона, китобхона, бойгонӣ, ду толор барои гузаронидани конфронс, таҳхона ва 100 пенели офтобӣ бо иқтидори 70 кВт/с мавҷуд аст.

Дар ошёнаи якуми бино маркази рақамикунонӣ ва навоварӣ ҷойгир шуда, дар он бахши мониторинги сабзиши дарахтон, назорати партовгоҳҳо, вазъи ҳаво, муайяннамоии мавзеи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда бо истифода аз аксҳои моҳворавӣ низ қарор доранд. 

Сохтмони бинои нави Кумитаи ҳифзи муҳити зист соли 2022 оғоз шуда буд.

 

Хона барои 120 корманди Агентии обуҳавошиносӣ

Дар идома, Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ биноҳои истиқоматӣ барои кормандони Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зистро ба истифода дод. Сохтмони биноҳои истиқоматӣ бо ҷалби маблағгузории ҳукумати кишвар ва Бонки Осиёии Рушд дар соли 2022 оғоз ёфта буд.

Тибқи иттилои расмӣ иншоот аз ду бинои 11-ошёна, кӯдакистон, майдони варзишӣ, ду майдончаи бозии кӯдакон, маркази хизматрасонӣ, таваққуфгоҳ ва таҳхона иборат буда, дар масоҳати 1,26 гектар замин дар кӯчаи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Сино бунёд шудааст.

Гуфта мешавад, ки 120 оилаи кормандони Агентии обуҳавошиносӣ соҳиби манзили зист гардидаанд.

 

Меҳмонхонаи панҷситорадори "Crowne Plaza Dushanbe"

Ҳамчунин дирӯз, 16-уми сентябр дар шаҳри Душанбе меҳмонхонаи панҷситораи “Кровн Плаза Душанбе” (Crowne Plaza Dushanbe) бо Маркази бузурги тиҷоратӣ ба кор оғоз кард. Ин меҳмонхона дар ноҳияи Синои пойтахт дар масоҳати 1,18 гектар замин бунёд шуда, онро бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дод. Сохтмони он дар соҳили рӯди Лучоб дар кӯчаи Низомии Ганҷавӣ соли 2019 оғоз шуда буд.

Тибқи иттилои расмӣ, ин меҳмонхона аз ду бинои 20-ошёнагӣ иборат буда, дар як бинои он маркази тиҷоратии 18-ошёна қарор дорад. Гуфта мешавад, дар ин иншоот “аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ 150 кас соҳиби кори доимӣ” шудаанд.

Меҳмонхона 124 ҳуҷра, аз ҷумла 1 ҳуҷра дар ошёнаи 15-ум барои меҳмони воломақом бо масоҳати 260 метри мураббаъ, 34 ҳуҷраи люкс, 30 ҳуҷраи нимлюкс ва 59 ҳуҷраи стандартӣ иборат аст. Гуфта мешавад, ки меҳмонхона барои 150 нафар дар як вақт имкони будубошро фароҳам меорад.

Инчунин дар дохили бино марказҳои хизматрасонӣ, фароғатӣ, ҳуҷраҳои корӣ, тарабхона, қаҳвахона, кошонаи ҳусн, ҳавзи шиноварӣ, толори варзишӣ, синамо таъсис дода  шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.