Патент барои кор дар Русия бекор мешавад? Путин ин эҳтимолро рад накард

Раисҷумҳури Русия пешниҳоди баъзе аз вакилони муҳоҷирситези парлумони кишварашро оид ба бекор кардани патент ва ё иҷозаи кор барои муҳоҷирон, шарҳ дод ва гуфт, “ҳеҷ эҳтимолеро рад намекунад”. Роҳбарони фраксияҳои парлумон (Дума давлатӣ)-и Русия, ки аксарашон ба муҳоҷирситезӣ шинохта мешаванд, дар мулоқот бо Владимир Путин, раисҷумҳури ин кишвар пешниҳод кардаанд, ки сиёсат дар самти муҳоҷират […]

Asia-Plus

Раисҷумҳури Русия пешниҳоди баъзе аз вакилони муҳоҷирситези парлумони кишварашро оид ба бекор кардани патент ва ё иҷозаи кор барои муҳоҷирон, шарҳ дод ва гуфт, “ҳеҷ эҳтимолеро рад намекунад”.

Роҳбарони фраксияҳои парлумон (Дума давлатӣ)-и Русия, ки аксарашон ба муҳоҷирситезӣ шинохта мешаванд, дар мулоқот бо Владимир Путин, раисҷумҳури ин кишвар пешниҳод кардаанд, ки сиёсат дар самти муҳоҷират шадидтар карда шавад.

Дар ин вохӯрӣ, ки рӯзи 18-уми сентябр сурат гирифтааст, Сергей Миронов, роҳбари ҳизби “Русияи боадолат – барои ҳақиқат”, яке аз вакилони сарсахти муҳоҷирситези рус, пешниҳод додааст, ки низоми додани иҷозатномаи кор (патент) барои муҳоҷирон бекор карда шавад, аммо ба шарти шадидтар кардани назорат.

“Системаи “патент”-иро бояд бекор кард. Исбот кун, ки воқеан ба коргар ниёз дорӣ, онҳоро бе оила биёр. Кор кунанд, музд гиранд ва баргарданд”, – гуфтааст ӯ.

Путин дар посух ба ин, таъкид кардааст, ки мавзуи муҳоҷират барои шаҳрвандони Русия ҳассос аст ва ҳукумат набояд вонамуд кунад, ки мушкиле нест.

 

“Масъалаи бекор кардани патент – бояд дар ин бора фикр кард. Ин низом ба таври васеъ истифода мешавад. Ман ҳеҷ эҳтимолеро рад намекунам”, – изҳор доштааст раиҷумҳури Русия.

Ҳоло “патент” ба муҳоҷирон дар Русия ҳуқуқ медиҳад, ки дар як минтақа ва соҳаи муайян кор кунанд. Барои доштани “патент” муҳоҷирон пул пардохт мекунанд, ки арзиши моҳонаи он дар минтақаҳои Русия аз 6 то 10 ҳазор рубл аст. Ва он ҳар сари чанд вақт боло бурда мешавад.

Барои дастрас кардин патент бояд пули бештар – атрофи 30 ҳазор рубл сарф кард ва барои напардохтани пули ҳармоҳаи он муҳоҷирро метавонанд аз ҳақи будубош маҳрум ва ихроҷ кунанд.

Дар ин матлаби мо дар бораи тағйиру иловаҳое, ки давоми соли 2025 дар қонунгузории Русия дар самти муҳоҷират ворид шуданд, маълумоти бештар пайдо кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио