Дар 10 рӯз беш аз 6100 ронанда барои набастани тасмаи бехатарӣ ҷарима шудаанд

Дар доираи амалиёти “Тасмаи бехатарӣ-муҳофизи шумо”, ки аз 15 то 25-уми сентябр дар тамоми кишвар гузаронида шуд, 6137 ронанда ҷарима шудаанд. Ҷаҳонбин Ҳакимов, як масъули Бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА) ба “Азия-Плюс” гуфт, ки ҳамаи ронандаҳо барои набастани тасмаи бехатарӣ бо моддаи 333 қисми 2-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки боиси […]

Asia-Plus

Дар доираи амалиёти “Тасмаи бехатарӣ-муҳофизи шумо”, ки аз 15 то 25-уми сентябр дар тамоми кишвар гузаронида шуд, 6137 ронанда ҷарима шудаанд.

Ҷаҳонбин Ҳакимов, як масъули Бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА) ба “Азия-Плюс” гуфт, ки ҳамаи ронандаҳо барои набастани тасмаи бехатарӣ бо моддаи 333 қисми 2-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки боиси зарар гардидааст) ҷарима шудаанд.

Ин банди қонунгузорӣ аз нисф то як нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 35 то 75 сомонӣ) ҷаримаро пешбинӣ мекунад.

Назари худи ронандагон дар робита ба ин масъала маълум нест.

Мақомот мегӯянд, ки чунин “рейд”-ҳо бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ гузаронида шуд. Ба таъкиди онҳо бештари садамаҳои нақлиётӣ, дар пайи набастани тасмаи бехатарӣ сар мезанад.

Мақомот қаблан низ чунин рейдҳоро гузаронида буд. Аз ҷумла дар пайи амалиёти 10 рӯза таҳти унвони “Тасмаи бехатарӣ-муҳофизи шумо”, дар моҳи апрели соли ҷорӣ, беш аз 28 ҳазору 500 ронанда барои қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ҷарима шуданд.

Бояд гуфт, ки ҳар сол дар пайи садамаҳои нақлиётӣ дар кишвар садҳо нафар захмӣ ва кушта мешаванд. Тибқи маълумоти ВКД дар шаш моҳи аввали соли равон дар ҷумҳурӣ бар асари 635 садамаи нақлиётӣ 279 кас ҷон бохта, 224 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Мақомот дар бештари маврид ронандагонро айбдор мекунанд, ки қоидаҳои сабқатро риоя намекунанд, ба самти муқобил мебароянд, бо суръати баланд ва гоҳе дар ҳолати мастӣ мошинро идора мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио