Ҷаримаи 28 ҳазору 500 ронанда дар пайи амалиёти 10 рӯзаи “Тасмаи бехатарӣ-муҳофизи шумо”

Мақомоти корҳои дохила дар пайи амалиёти 10 рӯза таҳти унвони “Тасмаи бехатарӣ-муҳофизи шумо” беш аз 28 ҳазору 500 ронандаро барои қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ҷарима кардаанд. Он аз 1 то 10-уми апрел дар тамоми Тоҷикистон гузаронида шуд. Аз Бозрасии давлатии автомобилии ВКД (БДА) ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки дар ин муддат, беш аз 8 ҳазор […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Мақомоти корҳои дохила дар пайи амалиёти 10 рӯза таҳти унвони “Тасмаи бехатарӣ-муҳофизи шумо” беш аз 28 ҳазору 500 ронандаро барои қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ҷарима кардаанд. Он аз 1 то 10-уми апрел дар тамоми Тоҷикистон гузаронида шуд.

Аз Бозрасии давлатии автомобилии ВКД (БДА) ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки дар ин муддат, беш аз 8 ҳазор ҳолати набастани тасмаи бехатарӣ, 59 далели идораи воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ, 27 ҳолати бе ҳуҷҷати ронандагӣ идора кардани воситаи нақлиёт, 49 далели сиёҳшиша будани мошинҳо, 321 ҳолати бе иҷозат ба мусофиркашинӣ машғул шудан ва дигар қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ошкор шуд.

“Нисбати ҳамаи ронандаҳо протоколи ҳуқуқвайронкунӣ тартиб дода шуда, бо дастрасии моддаҳои дахлдори Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима гардиданд. Аз ҷумла, барои набастани тасмаи бехатарӣ бо моддаи 333 қисми 2-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (Риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки боиси зарар гардидааст) ҷарима шудаанд”, – гуфтанд аз БДА.

Ин банди қонунгузорӣ аз нисф то як нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар соли 2025-ум 75 сомонӣ аст) ҷаримаро пешбинӣ мекунад.

Мақомот мегӯянд, ки чунин “рейд”-ҳо бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ гузаронида шуд. Ба таъкиди онҳо бештари садамаҳои нақлиётӣ, дар пайи набастани тасмаи бехатарӣ сар мезанад.

Мақомот қаблан низ чунин рейдҳоро гузаронида буд. Чанде қабл амалиёти “Пиёдагард” дар ҳудуди кишвар баргузор шуда буд. Ҳадафи ин амалиёт кам кардани шумораи садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки пиёдагардон ва баланд бардоштани интизом дар роҳҳо гуфта мешавад.

Мувоффиқи маълумоти Раёсати БДА дар Тоҷикистон давоми соли гузашта 1 ҳазору 233 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст. Ин дар муқоиса бо соли 2023, 122 маротиба (соли 2023 –  1 ҳазору 111 садама) бештар будааст. 

Гуфта мешавад, ки дар пайи ин ҳодисаҳо 552 нафар (соли 2023 –  519 кас) ҷон бохта, 1 ҳазору 353 нафар ҷароҳат бардоштаанд. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.