Нерӯгоҳи “Роғун” зиён ба табиатро ҷуброн мекунад

Date:

Сохтмони Нерӯгоҳи барқи обӣ (НБО)-и "Роғун" бо шарти “бе талафоти соф” барои экология амалӣ мешавад, гуфта мешавад дар “Арзёбии навшудаи таъсир ба муҳити зист ва ҷомеаи лоиҳаи НБО Роғун”.

Дар санад гуфта мешавад, талафи 185 гектар ҷангали арча ва соҳили дарё бояд бо тадбирҳо оид ба барқарорсозӣ ва ҳифзи дигар қаламравҳо ҷуброн шавад.

Гуфта мешавад, айни замон марҳилаи аввал, ки аз баррасии чораҳои имконпазир бо мақомоти давлатӣ, бонк ташкилотуҳои экологӣ иборат аст, ҷараён дорад.

Давоми солҳои 2025-2030 интихоби қитъаҳои мушаххас барои барқарорсозӣ ба нақша гирифта шуда, аз соли2031 татбиқи амалӣ, аз ҷумла минтақаи зери муҳофизат, барқарорсзии ҷангалҳо ва ҳифзи низомҳҳои экологӣ оғоз мегардад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар доираи барномаи “Бе талафоти соф” се амали афзалиятнок интихоб шудааст:

– барқарорсозӣ ва ҳифзи ҷангалҳои арча;

– барқарорсозӣ ва ҳифзи ҷангалҳои наздисоҳилӣ;

– барқарорсозӣ ва ҳифзи ҷангалҳои маҳаллии дарахтони мевадор ва чормағз (варианти эҳтиётӣ).

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Агентии хоҷагии ҷангал барои барқарор намудани ҷангалҳо аллакай 7599 гектар қитъаи замин пешниҳод кардааст, ки талаботи лоиҳаро пурра қонеъ месозад.

Барои анҷоми ин корҳо ҳудуди 7,5 млн доллар ва барои нигаҳдориу таъмин ҳамасола – ҳудуди 10,5 ҳазор доллар лозим аст.

Интизорӣ меравад, ки хароҷоти умумии асосӣ барои барқарор сохтани ҷангалҳо дар масоҳати 786 гектар зиёда аз 7,5 млн доллар ва хароҷоти солона (нигаҳдориву таъмини ҷангалҳои пешбинишуда) – беш аз 10,5 ҳазор долларро ташкил медиҳанд.

Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” бо иқтидори муқарраршудаи 3780 МВт бузургтарин нерӯгоҳи барқи обӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ хоҳад шуд.

Дар назар аст, ки пас аз пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор додани нерӯгоҳ, ҳаҷми солонаи истеҳсоли барқ дар он зиёда аз 14,5 млрд кВт/соатро ташкил медиҳад.

Дар толори мошинҳои нерӯгоҳ 6 агрегати иқтидори ҳар кадоме 630 МВт насб мешаванд. Ба истифода додани агрегати охир соли 2029 дар назар аст.

Айни замон ду агрегати нерӯгоҳи “Роғун” бо иқтидори хурд кор мекунанд, ки солҳои 2018 ва 2019 мавриди истифода қарор гирифта буданд.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетика, соли 2024 дар НБО “Роғун” 1,220 млрд кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол шудааст. Ин нишондиҳанда ба 5,5% аз ҳаҷми умумии нерӯи барқи истеҳсолшуда дар ҷумҳурӣ рост меояд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...