Муҳиддин Асадуллоев қаҳрамони ҷаҳон миёни ҷавонон шуд

Муҳиддин Асадуллоев, паҳлавони 19-солаи тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон медали тилло ба даст овард. Ӯ тавонист корномаи ду ҷудокори шинохтаи тоҷикро такрор кунад. Ӯ дар вазни то 73 кг куштӣ гирифта, дар марҳилаи ниҳоӣ муқобили Рюсей Аракава аз Ҷопон пирӯзӣ ба даст овард. То ин марҳила, Муҳиддин Асадуллоев дар даври аввал озод […]

Asia-Plus

Муҳиддин Асадуллоев, паҳлавони 19-солаи тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон медали тилло ба даст овард. Ӯ тавонист корномаи ду ҷудокори шинохтаи тоҷикро такрор кунад.

Ӯ дар вазни то 73 кг куштӣ гирифта, дар марҳилаи ниҳоӣ муқобили Рюсей Аракава аз Ҷопон пирӯзӣ ба даст овард.

То ин марҳила, Муҳиддин Асадуллоев дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар Кай Уоллес аз Амрико пирӯз гардид. Баъдан Муҳриддин Маъруфовро аз Ӯзбекистон мағлуб карда, ба чорякфинал баромад.

Ӯ баъди ғалаба бар Абдусалом Белбелҳоут аз Алҷазоир ба нимфинал роҳ ёфт ва дар даври ниманиҳоӣ бар Кейто Киҳараи ҷопонӣ дастболо шуд.

 

Ҳамин тавр, Муҳиддин Асадуллоев корномаи Сомон Маҳмадбеков ва Эмомалӣ Нуралиро такрор карда, сеюмин ҷудокор аз Тоҷикистон шуд, ки дар қаҳрамонии ҷаҳон миёни ҷавонон медали тило гирифт.

Ҳамакнун, варзишгарони тоҷик аз қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон бо як медал ба ватан бармегарданд.

Ин мусобиқа дар шаҳри Лимаи кишвари Перу ҷараён дорад. Тоҷикистонро дар он 4 варзишгар намояндагӣ карданд. Се нафари онҳо – Икром Шамсов дар вазни то 60 кг,  Ёсин Бобокалонов ва Эҳсон Сафарзода (ҳарду) дар вазни то 66 кг дар рӯзи аввали мусобиқа дар марҳилаҳои гуногун ноком шуда, аз медалҳо бенасиб монданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Душанбе бори аввал мусобиқаи байналмилалии устодони ҷудои ҷаҳонӣ баргузор мешавад

Ин яке аз мусобиқаҳои пурнуфуз дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 81

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мирсаид Миршакару Зариф Ализода ва Рустами Ваҳҳобу Ҳафиз Раҳмон ва Рӯзи байналмилалии баробарҳуқуқии маъюбон.

Марги як нафар ва ҷароҳати ду тани дигар аз раъду барқ дар Турсунзода. Мақомот паёмадҳои селҳои рӯзи гузаштаро эълон карданд

Рӯзи гузашта дар пайи борони шадид дар чанд минтақаи кишвар сел омада, хонаву замини кишт, роҳу сохтмонҳои гуногун зери об мондаанд.

“Арванд” беҳтарин бонк дар пешниҳоди хидматрасониҳои ғайрибонкӣ ба бонувони соҳибкор эътироф шуд

Бонк дар озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин ташкилоти қарзӣ оид ба пешниҳоди хизматрасониҳои ғайрибонкӣ ба бонувони соҳибкор” сазовори ҷои аввал дониста шуд.

Диди нав ба мавзӯи куҳан. Китоби нави “Бозиҳои қисмат”-и Холиқназар Ҷумъазода аз чиҳо қисса мекунад?

Бар хилофи навиштаҳои қаблии ҳаҷвияш, ин китоб бо муҳтавои ҷиддӣ ва моҷароӣ омода шудааст.