Ҳамоиши ИДМ дар Душанбе. Кадом президентҳо ба Тоҷикистон меоянд?

Date:

Барои ширкат дар нишасти сарони кишварҳои Итиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ), ки рӯзи 10-уми октябр дар Душанбе доир мешавад дар назар аст, ҳудуди 10 сарони давлат ба Тоҷикистон оянд:

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия;

Илҳом Алиев, раисҷумҳури, Озарбойҷон;

Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон;

Александр Лукашенко, раисҷумҳури Белорус;

Қосимҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон;

Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон;

Сардор Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури Туркманистон;

Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон.

Аз ВКХ гуфтанд, дар нишаст раҳбарони давлатҳои ИДМ масъалаҳои амнияти минтақаиву ҷаҳонӣ, таҳкими гуфтугӯи сиёсӣ, тақвияти ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва густариши ҳамкории башардӯстона ва фарҳангӣ дар доираи иттиҳодро баррасӣ мекунанд.

Дар охири ҷаласа имзои созишномаҳо дар назар аст.

Ҳамчунин, рӯзҳои 8 ва 9-уми октябр сафари давлатии Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба  Тоҷикистон дар назар аст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ба гуфтаи ВКХ дар ҷараёни сафари давлатӣ музокирот дар сиғаҳои "як ба як" ва бо ҳайатҳои васеъ баргузор мегарданд, инчунин имзои ҳуҷҷатҳои байнидавлатӣ ва байниҳукуматӣ пешбинӣ шудааст.

Баъди анҷоми вохӯриҳо, нишасти матбуотии раисҷумҳурҳои Тоҷикистон ва Русия баргузор мегардад.

Дар доираи ин сафар, рӯзи 9-уми октябр дар Душанбе мулоқоти раисҷумҳурҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Русия дар доираи формати “Осиёи Марказӣ – Русия”-доир мешавад.

Ба иттилои манбаъ,  дар он масъалаҳои ҳамкории бисёрҷониба, ҳамоҳангсозии чорабиниҳои мубориза бо терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар чолишҳои фаромиллӣ муҳокима мешаванд.

Аз натиҷаи ин нишаст Баёния ва Нақшаи амалиёти муштарак қабул хоҳад шуд.

Дар ин рӯз, ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ низ баргузор мешавад. Дар он тақвияти ҳамкории бисёрҷониба ва таъмини амният ва рушди устувор мубодилаи афкор хоҳанд кард.

Бояд гуфт, ки дар остонаи баргузории чорабиниҳио байналмилалӣ, чораҳои амниятӣ дар пойтахтии кишвар сахт шуда, бархе роҳҳои ташрифотӣ, масҷидҳо ва бозору марказҳои калони савдо дар шаҳри Душанбе давоми 3 то 6 рӯз баста мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...