Дар Тоҷикистон размоишҳои “Бародарии шикастнопазир-2025”-и СААД баргузор мешавад

Дар машқгоҳи "Фахробод"-и вилояти Хатлон тамринҳои муштараки сулҳҷӯёнаи низомиёни кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) баргузор мегардад. Размоишҳо расман аз 20-уми октябр оғоз мешавад. Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, дар ин рӯзҳо, инчунин, машқҳои махсуси "Монеа-2025" бо ширкати ҷузъу томҳои ҳифзи радиатсионӣ, кимиёвӣ, биологӣ, таъминоти тиббӣ ва машқҳои муштараки зиддитеррористии "Иттиҳоди зиддитеррористӣ — 2025" бо ширкати мақомоти […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Дар машқгоҳи "Фахробод"-и вилояти Хатлон тамринҳои муштараки сулҳҷӯёнаи низомиёни кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) баргузор мегардад. Размоишҳо расман аз 20-уми октябр оғоз мешавад.

Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, дар ин рӯзҳо, инчунин, машқҳои махсуси "Монеа-2025" бо ширкати ҷузъу томҳои ҳифзи радиатсионӣ, кимиёвӣ, биологӣ, таъминоти тиббӣ ва машқҳои муштараки зиддитеррористии "Иттиҳоди зиддитеррористӣ — 2025" бо ширкати мақомоти салоҳиятдори давлатҳои иштирокчиёни ИДМ мегузарад.

Ба иттилои манбаъ, машқи муштарак бо ширкати  низомиёни Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Русия баргузор мешавад.

То ҳол низомиёни Қирғизистон ва Белорус вориди Тоҷикистон шуда, дар назар аст, то 19-уми октябр низомиёни Русия ва Қазоқистон ҳам ворид шаванд.

"…баҳри дар сатҳи баланд ташкилу роҳандозӣ намудани размоишҳои навбатии ҳарбӣ бо ҷалби хизматчиёни ҳарбии қувваҳои мусаллаҳи давлатҳои аъзои СААД аз ҷониби Вазорати мудофиаи кишвар дар машқгоҳи Фахробод шароити зарурӣ ба афсарону сарбозони иштирокчии машқҳо фароҳам оварда шудааст",-гуфтааст ин ниҳод.

Бояд гуфт, ки ин размоиш тибқи нақшаи СААД дар соли 2025 дар Тоҷикистон баргузор мешавад. Соли гузашта тамринҳои муштарак таҳти унвони “Бародарии шикастнопазир-2024” дар Қазоқистон гузашта буд.

Ёдрас мешавем, ки соли 2024 дар машқгоҳи “Ҳарбмайдон” дар вилояти Хатлон тамринҳои муштараки низомиёни кишварҳои узви СААД таҳти унвони “Ҳудуд-2024” (Рубеж-2024) баргузор гардида буд. Дар ин тамринҳо без аз 1500 низомии кишварҳои аъзои ин созмон иштирок карданд.

Бояд гуфт, ки Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) – созмони низомии зери нуфузи Маскав аст, ки ба ғайр аз Русия, кишварҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон аъзои он ҳастанд. Ин созмонро ҳамеша барои нотавонии пешгирӣ аз муноқиша байни аъзои худ ва ҳимояти манофеи онҳо танқид мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.