Синамоҷашнвораи “Тоҷи Сомон” бо ифтитоҳи Рӯзҳои синамои Эрон оғоз шуд

Дирӯз, 15-уми октябр, дуюмин Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе – “Тоҷи Сомон” дар толори синамои “Ватан” бо ифтитоҳи Рӯзҳои синамои Эрон оғоз шуд. Дар ин маросим Маҳмадсаид Шоҳиён, роҳбари “Тоҷикфилм”, Алиризо Ҳақиқиён, сафири Эрон дар Душанбе, доварон, ҳунармандон, рӯзноманигорон ва ҳаводорони синамо ширкат карданд. Бояд гуфт, ки ба фарқ аз солҳои пешин, имсол маросими хоси оғози Синамоҷашнвораи […]

Дирӯз, 15-уми октябр, дуюмин Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе – “Тоҷи Сомон” дар толори синамои “Ватан” бо ифтитоҳи Рӯзҳои синамои Эрон оғоз шуд.

Дар ин маросим Маҳмадсаид Шоҳиён, роҳбари “Тоҷикфилм”, Алиризо Ҳақиқиён, сафири Эрон дар Душанбе, доварон, ҳунармандон, рӯзноманигорон ва ҳаводорони синамо ширкат карданд.

Бояд гуфт, ки ба фарқ аз солҳои пешин, имсол маросими хоси оғози Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” баргузор нашуд. Аз “Тоҷикфилм” ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки оғози Рӯзҳои синамои Эрон ҳамзамон оғози ҷашнвораи мазкур аст.

Маҳмадсаид Шоҳиён зимни ифтитоҳи ҷашнвора ва Рӯзҳои синамои Эрон  гуфт, ки таърихи ҳазорсолаи муштараки мо бояд ҳарчи бештар ёдоварӣ шавад ва филмҳои муштараки мо таҷассумгари олии ин таъриху фарҳанг бошанд.

Ӯ афзуд, ки баргузории чунин рӯзҳои фарҳангӣ дар рушди синамои миллӣ ва табодули таҷрибаи синамогарони ду кишвар саҳми арзанда мегузорад.

 

Алиризо Ҳақиқиён зимни суханронӣ, нақши синаморо дар таҳкими равобити фарҳангӣ ва таърихии ду кишвари ҳамзабон муҳим арзёбӣ кард.

Ӯ изҳор дошт, ки “дар ҳавзаи муштараки филмофарӣ бо ҳам иртиботи хуб ба роҳ мондаем ва итминон дорем, ки ин масири рӯ ба тавсеа беш аз пеш рушд хоҳад кард ва заминаи мусоидро барои тавлиди муштараки филмҳо фароҳам хоҳад овард”.

Сафир таъкид кард, ки фарҳангу синамо яке аз василаҳои аслӣ дар таҳкими равобити байни ҳарду кишвар ҳастанд.

Пасон филми ҳунарии эронии “Шаҳсавор”, бо коргардонии Ҳусйен Намозӣ, намоиш дода шуд. “Шаҳсавор” филми мазҳакаи фоҷеавӣ аст. Он соли 2024 ба навор бардошта шудааст ва дар бораи маросими арӯсие нақл мекунад, ки дар тӯли се шабу рӯз ҷараён мегирад.

 

Барномаи Рӯзҳои синамои Эрон чӣ гуна аст?

Маврид ба ёдоварист, ки дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Эрон то рӯзи 19-уми окятбр идома меёбад. Дар ин рӯзҳо, ба иттилои “Тоҷикфилм”, филмҳои зерини эронӣ намоиш дода мешаванд:

– “Таърихи кӯтоҳ” – рӯзи 16-уми октябр, соати 17:00-18:00, дар толори синамои “Сиёма мол”, коргардон Фотима Тӯсӣ.

– “Бешаҳрвандӣ” – рӯзи 17-уми октябр, соати 16:00-16:30 дар толори синамои “Сиёма мол”, коргардон Саидмуҳаммадҳусейн Ҳусейнӣ;

– “Бозии тақдир” – рӯзи 17-уми октябр, соати 16:00-17:00 дар толори синамои “Кайҳон” коргардон Маҳло Яздонӣ;

– “Ғариза” – рӯзи 18-уми октябр, соати 10:00-12:05 дар толори синамои “Кайҳон”, коргардон Сиёвуш Асадӣ;

– “Хусрав-127” – рӯзи 18-уми октябр, соати 16:00-17:40 дар толори синамои “Наврӯз”, коргардон Абулфайз Сахӣ Меҳрбахш;

– “Пул дар рӯи рудхонаи хурд” – рӯзи 19-уми октябр, соати 16:00-17:30 дар толори синамои “Кайҳон”, коргардон Эҳсон Оқилӣ.

Ҳамчунин, филми ҳунарии эронии “Пул дар рӯи рӯдхонаи хурд” дар ВМКБ намоиш дода мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дуюмин Синамоҷашнвораи “Тоҷи Сомон” аз 15 то 20-уми октябр бахшида ба Рӯзи кинои тоҷик баргузор мешавад ва дар чорчӯби он, инчунин баргузории Рӯзҳои синамои Русия ва Қирғизистон, форуми байналмилалӣ бахшида ба 60-солагии коргардон Бахтиёр Худойназаров, ҷаласаи Шӯрои директорони киностудияҳо ва дарсҳои маҳоратии “Устод ва шогирд” ба нақша гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.