Чаро филмҳои тоҷикӣ дастрасии умум нестанд ва аз куҷо метавон кинои тоҷикӣ тамошо кард?

Имрӯз синамои тоҷик ҷашн дорад ва метавон бо тамошои филми ҷолиби тоҷикӣ онро таҷлил кард. Аммо ҳини пайдо кардани филми мушаххасе дар манбаъҳои озод метавон ба мушкил рӯбарӯ шуд. Шояд дар зеҳни бинанда саволе пайдо шавад, ки чаро филмҳои тоҷикӣ ҳангоми ҷустуҷӯ дар манбаъҳои озод пайдо намешаванд ва ба кадом тариқ метавон филмҳои тоҷикиро тамошо […]

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Имрӯз синамои тоҷик ҷашн дорад ва метавон бо тамошои филми ҷолиби тоҷикӣ онро таҷлил кард. Аммо ҳини пайдо кардани филми мушаххасе дар манбаъҳои озод метавон ба мушкил рӯбарӯ шуд. Шояд дар зеҳни бинанда саволе пайдо шавад, ки чаро филмҳои тоҷикӣ ҳангоми ҷустуҷӯ дар манбаъҳои озод пайдо намешаванд ва ба кадом тариқ метавон филмҳои тоҷикиро тамошо кард? 

Дар Рӯзи синамои тоҷик талош кардем, ба ин суолҳо посух ҷӯем. 

"Тоҷикфилм" қариб сад сол мешавад, ки ба таҳияи филм машғул аст ва дар ин давра даҳҳо филми ҷолибу мондагор таҳия карда, ба намоиш гузоштааст. "Қисмати шоир", "Рустам ва Сӯҳроб", "Достони Сиёвуш", "Марги судхӯр", “Ман бо духтаре вохӯрдам” аз қабили филмҳои ин муассиса аст, ки дар саҳифаҳои таърихи синамои тоҷик бо ҳуруфи заррин нигошта шудаанд. Аммо пайдо ва тамошо кардани он аз манобеи озод душвор ва баъзан ғайриимкон аст.

 

“Ҳанӯз пойгоҳи ягона надорем”

Аз муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” вуҷуди чунин мушкилро эътироф карда гуфтанд, “Тоҷикфилм” ҳанӯз пойгоҳи махсусе надорад, ки филмҳои истеҳсоли ин студияро нашр кунад.

Толиб Раҳматуллоев, муовини раиси ин муассиса ба “Азия-Плюс” гуфт, “ҳоло рӯйи сохтани пойгоҳи махсусе корбарӣ мешавад, ки бинандаи тоҷик тавонад филмҳои чӣ бадеӣ ва чӣ мустанадро, ки аз ҷониби “Тоҷикфилм” рӯйи навор омадааст, тамошо кунад”.

Ба гуфтаи ӯ, ҳанӯз чунин имконият мавҷуд нест ва аксар филмҳои тоҷикие, ки дар YouTube пахш ва ба номи “Тоҷикфилм” рақам зада шудаанд, аз ҷониби ин муассиса пахш нашудаанд ва баъзе филмҳо метавонанд ба ин муассиса тааллуқ надошта бошанд.

 

Раҳматуллоев мегӯяд, имрӯз тақрибан 60 филм дар бойгонии ин муассиса мавҷуд аст, ки ҳанӯз манзури тамошобини тоҷик нагардидааст.

Ба қавли манбаъ, “Тоҷикфилм” филмҳоро дар шабакаи YouTube пахш намекунад ва кӯшиш мекунад, ки дар толорҳои синамо онҳо намоиш дода шаванд. Аммо набудани толори синамо ва шабакаи телевизионии махсуси ин муассиса аз мушкилоти дигар гуфта шуд.

Номбурда изҳори умеворӣ кард, ки сохтани пойгоҳи ягона, ки интизор меравад дар ояндаи наздик муаррифӣ шавад, роҳи ҳалли ин мушкил хоҳад гардид.

 

Дар куҷо метавон филми тоҷикӣ тамошо кард?

Бо вуҷуди набудани саҳифаи “Тоҷикфилм” дар YouTube ва ё портали ягонаи он метавон баъзе филмҳои тоҷикиро аз манбаъҳои дигар дастрас кард.

 

Саҳифаи Hilol Umedpour дар пойгоҳи YouTube ҳомили филмҳои бадеӣ ва мустанади тоҷикӣ аст. Ҳилол Умедпур худ корманди телевизиони “Синамо” буда, дар тарҷума ва садогузорӣ (дублюж)-и филмҳо ба забони тоҷикӣ низ саҳм дорад.

Дар ин саҳифа метавон як қатор филмҳои таърихиро, ки дар замони шуравӣ рӯйи пардаи синамо омадаанд, пайдо кард. Аз филми “Дохунда”-ву “Субҳи нахустини ҷавонӣ” то “Ашк ва шамшер”, “Коваи оҳангар” ва “Қисмати шоир” дар ин саҳифа имкони тамошо доранд. Ҳамчунин, дар он филмҳои мустанади зиёде аз ҳаёту рӯзгори шахсиятҳои барҷастаи миллат, чун Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода нашр шудааст. 

Саҳифаи Meros дар пойгоҳи YouTube манбаъи дигарест, ки бархе филмҳои тоҷикиро нашр кардааст. Дар он “Марги судхӯр”, “Муҳоҷир”, “Бародар” барин филмҳо дастраси тамошо мебошанд.

Ҳамчунин дар бахши “Тоҷикфилм”-и телевизиони “Тоҷикистон” як қатор филмҳо, чун “Ман бо духтаре вохӯрдам”, “Ситораҳои сари танӯр”, “Вақти зангирии писар расид”-ро метавон тамошо кард.

Аксари филмҳое, ки дар замони истиқлол сабт шудаанд, дар саҳифаҳои киностудияҳо ва ё худи коргардонҳо барои тамошо дастрасанд. Аз ҷумла. сафифаи Довфилм дар пойгоҳи YouTube, ки муассисаш Муҳиддини Музаффар, коргардони тоҷик аст, аксари фимлҳоеро, ки бо роҳбарии ӯ сабт шудаанд, нашр кардааст. “Дувоздаҳ соли интизорӣ”, “Тангно”, “Паймон” аз филмҳои маъруфи ӯ буда, дар фазои маҷозӣ дастрас мебошанд.

 

Аксари филмҳои тоҷикӣ дар саҳифаҳои инфиродии шахсони алоҳида нашр шудаанд ва пойгоҳеро пайдо накардем, ки тамоми филмҳои тоҷикиро гирд оварда бошад. 

Толиб Раҳматуллоев мегӯяд, филмҳои тоҷикӣ ҳамчунин мунтазам дар шабакаҳои телевизионҳои давлатӣ пахш мешаванд. Ба гуфтаи ӯ, дар бойгонии тамоми шабакаҳои телевизионӣ ин филмҳо мавҷуд буда, ҳанӯз пеш аз таъсиси Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” онҳо филмҳоро нусхабардорӣ ва дастрас карда буданд.

Ба қавли номбурда, ҳарчанд ин муассиса бо телевизиони “Синамо”, ки ба тарғиби ин соҳа ихтисос дода шудааст, ҳамкории густарда дорад, аммо набудани телевизиони тобеи худи “Тоҷикфилм” аз мушкилоти дигар боқӣ мемонад.

Ҳоло ҳам дастандаркорон ва ҳам дӯстдорону мубаллиғони синамои миллӣ ба муаррифии пойгоҳи нави “Тоҷикфилм” умед бастаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.