Сафари ҳаҷ ва умра бе навбат ва осон. Дар Ӯзбекистон сабти номи зоирон ба таври фосилавӣ ба роҳ монда шуд

Дар Ӯзбекистон “Портали ягонаи ҳаҷ ва умра” роҳандозӣ гардид. Шаҳрвандони ин кишвар метавонанд аз хона худро барои адои ҳаҷ сабтином кунанд. Кумитаи умури дини Ӯзбекистон хабар медиҳад, ки шаҳрвандон имкон доранд тавассути ду сомонаи давлатии www.my.gov.uz ва haj-www.umra.gov.uz сабти ном шаванд. Ҳадаф аз таъсиси портал фароҳам овардани осонӣ, таъмини шаффофият, аз байн бурдани навбатпоӣ ва […]

Нодира Собирзод, махсус барои Asia Plus

Дар Ӯзбекистон “Портали ягонаи ҳаҷ ва умра” роҳандозӣ гардид. Шаҳрвандони ин кишвар метавонанд аз хона худро барои адои ҳаҷ сабтином кунанд.

Кумитаи умури дини Ӯзбекистон хабар медиҳад, ки шаҳрвандон имкон доранд тавассути ду сомонаи давлатии www.my.gov.uz ва haj-www.umra.gov.uz сабти ном шаванд.

Ҳадаф аз таъсиси портал фароҳам овардани осонӣ, таъмини шаффофият, аз байн бурдани навбатпоӣ ва ба шакли электронӣ гузаронидани раванди ҳуҷҷатсупорӣ барои зоирон будааст.

“Ба шаҳрвандон имкон дода шуд, ки дар хона истода, ба таври фосилавӣ сабтином шаванд. Равандҳои гуногуни қоғазбозӣ, аз қабили ҷамъоварии ҳуҷҷатҳо ва муроҷиат ба ширкатҳои мустақил хотима дода шуд”, – омадааст дар гузориши Кумитаи дин.

Аммо маълум нест, ки шаҳрвандони хориҷӣ низ метавонанд аз ин имкон истифода кунанд ё не.

 

Зеро солҳои охир теъдоде аз шаҳрвандони Тоҷикистон тариқи ширкатҳои сайёҳии Ӯзбекистон ба умра мераванд. Дар аксар ҳолат нархи нисбат ба ширкатҳои ватанӣ поёнтар онҳоро ба интихоби ширкатҳои ӯзбекистонӣ водор кардааст. Аммо ҳолатҳои фиреби шаҳрвандони Тоҷикистон аз сӯйи ширкатҳои Ӯзбекистон низ мушоҳида шудааст.

Дар Тоҷикистон бошад, хоҳишмандони зиёрати хонаи Худо ба шуъбаҳои Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар шаҳру ноҳияҳо мустақиман ва тариқи ҳузурӣ муроҷиат мекунанд.

Онҳое, ки ба умра мераванд, аз хадамоти ширкатҳои хадамотрасон метавонанд истифода кунанд.

Ёдовар мешавем, ки қаблан Вазорати ҳаҷ ва умраи Арабистони Саудӣ эълом карда буд, дар мавсими Ҳаҷ – 2026 танҳо дар сурати доштани шаҳодатномаи тиббӣ аз замимаи “Нусук”, ба зоирон раводиди ҳаҷ дода мешавад. Ин талабот ба хотири таъмини амният ва саломатии зоирон аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.