Парвандаи ҷиноятӣ алайҳи Фарҳод Назаров, омӯзгоре, ки Меҳмед Бозоров, хонандаи синфи 11-и як мактаби шаҳри Левакантро “як шаппотӣ” зада буд, ба додгоҳ ирсол шудааст. Вазорати маориф ва илм аз омӯзгор пуштибонӣ мекунад.
Худи омӯзгор субҳи имрӯз ба “Азия-Плюс” гуфт, ки чанде пеш ба Додситонии шаҳри Левакант рафта, бо ҷузъиёти парвандааш ошно шудааст.
“Парвандаро доданд, хондам. Раванди ҳодиса навишта шуда буд. Ягон ҳарфи зиёдатӣ набуд. Дар зераш имзо гузоштам. Муносибати кормандонаш ҳам хуб буд, бо ман муомилаи нағз доштанд. Гуфтанд, ки парвандаат ба суд меравад”, – гуфт Фарҳод Назаров.
Ба гуфтаи омӯзгор, парвандааш ба додгоҳ рафтааст, вале то ҳол рӯзи мурофиа муайян нашудааст. Интизор меравад, ки моҳи ноябр ин парванда дар Додгоҳи шаҳри Левакант баррасӣ шавад.
Ӯ то ҳол вакили мудофеъ нагирифтааст.
Ба иттилои тасдиқшуда, алайҳи Фарҳод Назаров бо моддаи 174-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз кардаанд. Ин модда аз 52 ҳазору 500 то 75 ҳазор сомонӣ (аз 700 то 1000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо) ҷарима ё аз 1 то 2 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Фарҳод Назаров қаблан ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки имконияти пардорхти чунин ҷаромаро надорад.
“Бале, иқрор ҳастам, ки хонандаро задам, вале бесабаб набуд. Чунин тавоноӣ ҳам надорам, ки ҷаримаро пардохт кунам ”, – гуфта буд омӯзгор.
Назари Меҳмед Бозоров ва волидони ӯ дар бораи ирсоли парванда ба додгоҳ ба “Азия-Плюс” маълум нест. Онҳо ба тамосҳои пайдарпайи мо посух надоданд.
Вазорати маориф ва илм чӣ пуштибонӣ мекунад?
Аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки Раҳим Саидзода, сарвари ин ниҳод раванди парвандаро пайгирӣ дорад ва вазорат “омӯзгорро танҳо намегузорад”.
“Вазорати маориф ва илм ба кори дигар мақомот дахолат карданӣ нест, вале ҳамаи ҷузъиёти парвандаи омӯзгорро пайгирӣ дорад. Дар суди ӯ намояндаи Раёсати маориф дар вилояти Хатлон ширкат мекунад. Мо омӯзгорро танҳо намегузорем”, – гуфтанд аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон.
Бояд гуфт, ки қазияи мазкур миёни ҷомеа вокунишҳои гуногунро ба миён овардааст. Аксари фаъолони ҷомеа аз мавқеъ ва шаъну шарафи муаллим пуштибонӣ доранд. Дар ин миён қонун чӣ мегӯяд? Дар ин матлаби “Азия-Плюс” бештар маълумот пайдо кунед.
Ҷузъиёти дигари ин қазияро дар хабари зерини “Азия-Плюс” мутолиа кунед.
Ҷангу даъвои омӯзгору хонанда дар мактабҳои миёнаи Тоҷикистон бори аввал нест, ки расонаӣ мешавад. Танҳо дар соли гузашта се қазияи даъво дар мактабҳо – яке дар шаҳри Бохтар ва ду ҳолати дигар дар ноҳияи Ховалинг расонаӣ гашта буд.
Бояд гуфт, ки соли гузашта пас аз зиёд расонаӣ шудани хабарҳо дар бораи озордиҳӣ миёни хонандагон барои маъмурияти мактабҳо, роҳбарони синфҳо ва омӯзгорон дастурамали методӣ перомуни пешгирӣ аз озордиҳӣ ё киберозордиҳӣ таҳия шуд. Он дастурамал аз чӣ иборат аст, дар ин матлаби “Азия-Плюс” мутолиа кунед.
Дар латукӯб дар мактабҳои кишвар кӣ гунаҳкор аст: омӯзгор, хонанда ё волидон? Дар ин матлаб ба ин савол посух ҷӯед.


