Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 ноябри соли 2025

Date:

ЧОРАБИНИИ МУҲИМ

– Имрӯз тими миллии наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар мусобиқоти Ҷоми ҷаҳон бо ҳамтоёнашон аз Чехия рақобат мекунанд. Бозӣ дар майдони 8-и “Aspire Zone”- и шаҳри Давҳа соати 17:30 оғоз мегардад.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 1929 – Ҳаракат дар роҳи мошингарди Душанбе – Кӯлоб ба таври расмӣ оғоз ёфт.

Соли 1929 – Фурудгоҳи Душанбе ифтитоҳ гардид.

Соли 1964 – Дар пойтахти Тоҷикистон меҳмонхонаи “Душанбе” ба фаъолият шурӯъ кард.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Соли 1964 – Дар Душанбе пайкараи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, асосгузори адабиёти классики тоҷику форс ифтитоҳ ёфт.

Соли 1964 – Дар Душанбе толори синамои “Ҷомӣ” ифтитоҳ гардид, ки нахустин кинотеатри бузург дар Сталинободи он замон буд. Пас аз 52 сол, соли 2016 он тахриб шуда, ҳоло дар ҷояш боғ ҷойгир аст.

Соли 2007 – Дар Тоҷикистон аввалин саҳфакалид (клавиатура)-и тоҷикӣ пайдо шуд.

Соли 2008 – Дар Тоҷикистон шабакаи нави телевизиони иттилоотии “Ҷаҳоннамо” ва шабакаи радиои “Фарҳанг” ба пахши барномаҳои худ оғоз карданд.

Соли 2008 – НБО-и “Сангтӯда-1” ба истифода дода шуд.

Соли 2016 – Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҳисор “Комбинати металлургии Тоҷикистон”-ро ба истифода дод.

Соли 2018 – Дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бинои нави Коллеҷи тиббӣ  мавриди истифода қарор дода шуд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1919 – Зодрӯзи Искандаршоҳ Раҳматуллоев, куштигири тоҷик, Устоди варзиши Тоҷикистони шуравӣ.

Соли 1924 – Мавлуди Аҳрор Мухторов, таърихнигори тоҷик, доктори илми таърих.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Аҳрор Мухторов

Аҳрор Мухторов аз муаррихони шинохта ва боҷасорати тоҷик буда, корномаи рангин дорад. Ӯ нахустин муаррихи тоҷик буд, ки ба омӯзиши катибаҳои таърихӣ даст зад. Таҳқиқоти Мухторов доираи васеъро фаро мегирифт. Ӯ на танҳо катибаҳо, балки васиқаҳо, хитобаҳо, шоҳидномаҳо, айбномаҳо ва ҳукмномаҳои таърихиро низ мавриди омӯзиш қарор медод.

Ӯ хатмкардаи Донишкадаи давлатии педагогии Душанбе буда, соли 1942, дар авҷи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба майдони набард рафт ва дар озодкунии Прага иштирок кард. Баъди бозгашт аз ҷанг ба олами илм баргашта, ба корҳои бузург даст зад.

Таҳқиқи таърихи се минтақаи Тоҷикистон – Истаравшан, Ҳисор ва болооби Зарафшон, катибашиносӣ, таҳқиқи таърихи асрҳои XVI-XIX-и Осиёи Миёна, нашри китоб дар бораи шахсиятҳои маъруфи сиёсӣ ва фарҳангии тоҷик, омӯзиш ва таҳқиқи таърих ва фарҳанги халқи тоҷик, кашфи ҳуҷҷатҳое, ки ба шӯришҳои халқӣ дар Самарқанд, Бухоро ва шӯриши Восеъ дахл доштанд, аз бузургтарин дастовардҳои ӯ дониста мешаванд.

Матлаби “Азия-Плюс”-ро ба муносибати садсолагии ин донишманди тоҷик инҷо мутолиа кунед: Муҳаққиқи рӯзгори шахсиятҳои маъруфи сиёсӣ ва фарҳангии тоҷик. Академик Аҳрор Мухторов 100-сола шуд

Соли 1944 – Зодрӯзи Муҳаммадқул Ҳазратқулов, файласуфи тоҷик, доктори илмҳои фалсафа.

Соли 1952 – Мавлуди Ҷонибеки Акобир, нависанда ва тарҷумони тоҷик.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ҷонибеки Акобир

Ҷонибеки Акобир аз нависандаҳои хушноми тоҷик буд ва асосан  ҳикоя менавишт. Ӯро аз намояндагони барҷастаи ба истилоҳ “насри кӯҳистонӣ” дар адабиёти тоҷик медонанд.

Ӯ соли 1980 риштаи забоншиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Номбурда дар солҳои 80 ва авоили солҳои 90 ба ҳайси мудири шӯъбаи насри маҷаллаи “Садои Шарқ” кор мекард. Вай соли 1992 як муддат сухангӯи раиси Шӯрои олии Тоҷикистон (Акбаршоҳ Искандаров) буд. Ҷонибеки Акобир соли 1996 сардабири маҷаллаи “Садои Шарқ” таъин шуд ва ба гуфтаи адибон, тавонист ин маҷалларо, ки дар солҳои 90 дучори рукуд шуда буд, дубора ба по бихезонад.

Оғози фаъолияти эҷодии ӯ ба миёнаи солҳои ҳафтодуми асри гузашта рост меояд. Ӯ муаллифи маҷмӯаҳои “Дунё ба умед”, “Хирмани ситора”, “Кӯҳистонӣ”, қиссаи “Бозии тақдир” ва китоби ҳикояҳои “Пазмонӣ”, “Оҳанги дареғ” ва “Қаламҳои кӯҳистонӣ” аст. Вай мутарҷими қиссаи “Фауст”-и И.Тургенев, қиссаи “Майор ва марг”-и И.Биэшу, романи “Решаҳои урён”-и Проскурин ва як қатор новеллаҳои чехӣ, афсонаҳои маҷорӣ ва ғайра мебошад.

Соли 1990 – Сулаймон Юдаков, оҳангсоз, муаллифи оҳанги Суруди миллии Тоҷикистон дар синни 74 даргузашт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Сулаймон Юдаков

Сулаймон Юдаков яке аз чеҳраҳои барҷастаи фарҳанги мусиқии Осиёи Марказӣ ва аз поягузорони мусиқии касбии тоҷик маҳсуб меёбад. Фаъолияти эҷодии Юдаков ба марҳилаи ташаккули мусиқии касбии миллӣ дар Осиёи Марказӣ рост меояд.

Ӯ яке аз аввалин композитороне буд, ки ба жанрҳои мусиқии саҳнавӣ, аз қабили опера, балет, романс, кантата ва квартет рӯ овард. Асарҳои ӯ, аз ҷумла операи мазҳакавии “Найрангҳои Майсара” ва балети “Найрангҳои Насриддин” дар таърихи мусиқии театрии Осиёи Марказӣ мавқеи муҳим доранд. Ин асарҳо нахустин намунаҳои жанрҳои номбурда дар театрҳои мусиқии минтақа ба шумор мераванд.

Юдаков муаллифи оҳанги Суруди миллии ҶШС Тоҷикистон (шеър: А. Лоҳутӣ) ва баъд аз соҳибистиқлолии кишвар ва муаллифи мусиқии Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (шеър: Г. Келдӣ) мебошад.

Осори ӯ то имрӯз ҳамчун мероси гаронбаҳои фарҳангӣ ва манбаи омӯзишӣ дар равияи таърих ва назарияи мусиқии тоҷик мавриди таҳқиқ қарор мегирад.

Соли 2014 – Исомиддин Салоҳиддинов, мушовири пешини президенти Тоҷикистон дар 67-солагӣ даргузашт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Исомиддин Салоҳиддинов

Исомиддин Салоҳиддинов собиқ раиси ҷамъияти форсизабонони ҷаҳон “Пайванд” низ ба шумор мерафт. Ӯ солҳои зиёд роҳбарии Кумитаи иҷроияи Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳонро ба уҳда дошт.

Дар давраи солҳои 1998 то 2001 ҳамчун мушовири калони Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҷомеа ва муносибатҳои байналмилалӣ фаъолият намудааст. Пештар аз он, солҳои 1996–1998, вазифаи раиси ҳукумати шаҳри Панҷакентро иҷро мекард. Салоҳиддинов инчунин як маротиба ба ҳайси вакили Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда буд.

Ӯ соли 1947 ба дунё омада, таҳсилашро дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон ба анҷом расонидааст.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Ҳамасола 5-уми ноябр дар саросари ҷаҳон Рӯзи ҷаҳонии паҳнсозии иттилоъ дар бораи хатари “сунами” ҷашн гирифта мешавад. Ин сана бо ташаббуси Ҷопон, ки яке аз кишварҳои зилзилахез ва бештар осебпазир аз сунами ба шумор меравад, таъсис ёфтааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Мақсади ин рӯз баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар бораи хатари сунами ва роҳҳои пешгирӣ ва омодагӣ ба чунин офатҳои табиӣ аст. Пайдоиши ин рӯз ба қиссаи таърихие низ марбут аст. Тибқи ривоят, 5-уми ноябри соли 1854 як деҳқони ҷопонӣ барои наҷоти сокинони деҳааш аз мавҷи сунами ҳосили биринҷашро оташ зад, то бо дуди он ба мардум аз хатар хабар диҳад. Ба шарофати ин амал, тамоми аҳолии деҳа аз марг наҷот ёфтаанд.

 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 5 НОЯБРИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, шабона дар ноҳияҳои водибуда борон ва барф борида, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона ва рӯзона 0+5º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7-12º хунук, рӯзона -2+3º.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, шабона дар баъзе ноҳияҳои водибуда борони кӯтоҳмуддат ва дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ борон ва барф борида, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 2+7º гарм, рӯзона 9+14º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона -3+2º, рӯзона 0+5º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида борон ва барф борида, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 1+6º гарм, рӯзона 6+11º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -4+1º, рӯзона 0+5º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, шабона дар баъзе ноҳияҳои ғарбб борон ва барф борида, дар шарқи вилоят ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 2-7º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 0+2º гарм, рӯзона 0+5º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 7+9º гарм, дар шарқи вилоят шабона 14-19º сард, рӯзона 0-5º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  тағйирёбанда, шабона ва саҳаргоҳон борони кӯтоҳмуддат борида, рӯзона ҳавои бебориш дар назар аст ва тормеғ мефарояд. Ҳарорат: шабона 4+6º гарм, рӯзона 9+11º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, баъзан борон ва барф борида, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: шабона ва рӯзона 1+3º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: шабона 4+6º гарм, рӯзона 12+14º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 4-6º сард, рӯзона 2+4º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...