“Шӯхии бемаврид буд”. Вазорати дифоъ навори “облава”-и як ҷавонро дар рӯзи тӯяш шарҳ дод

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Вазорати дифои Тоҷикистон дар вокуниш ба навори боздошти иҷбории ҷавоне дар рӯзи тӯяш дар ноҳияи Ҳамадонӣ гуфт, он ба хидмати ҳарбӣ рабт надошта, “шӯхии бемаврид буд”. Навори боздошти ин ҷавон ду рӯзи охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсбарангез шудааст.

Дар ин навор дида мешавад, ки як гурӯҳ одамон ҷавонеро ҳангоми баргузории тӯяш боздошт карда, ба мошине савор мекунанд ва намегузоранд аз он берун шавад. Муаллифи ин навор мегӯяд, дар дохили мошин домод будааст, ки дар рӯзи тӯйи арӯсияш иҷборан ба хидмати ҳарбӣ ё “облава” мешавад.

Вазорати дифои кишвар аз муаллифи навор Сайдалӣ Сайдалиев ном бурда, гуфтааст, ки онро бо мақсади ба даст овардани маблағ аз шабакаҳои иҷтимоӣ онро сабту нашр кардааст.

Дар гузориши мақомот, Сайдалӣ Сайдалиев ин гуфтаҳоро тасдиқ мекунад. Таҳти чӣ шароит сабт шудани иқрори Сайдалиев маълум нест.

“Худамро мисли блогерон ҳис кардам, гуфтам ягон пул кор кунам. Шӯхӣ ба шӯхӣ ман онро навишта будам. Фақат дар “Тик-Ток” бо навиштаи “шаҳа сабой карданд” партофта будам”,-кӯтоҳ нақл кардааст муаллифи ин навор.

Султон Сайдалиев, қаҳрамони навор (домод) дар навори нашркардаи мақомот гуфтааст, ки “рафиқонам бо маслиҳати пешакӣ барои шӯхӣ  ба мошин маҷбуран савор карданд”.

“Ба сари арӯс омадем ва вақти баргаштан ҷӯраҳоям ҳаминхел шӯхӣ бозӣ мекунанд. Маро меқапанд аз мошин мебаранд барои ғам додан, акаам мегӯяд, ки накунед ин хел, ҷураам мегӯяд, ки мо шухӣ карда истодаем. Баъд писари амакам беақлӣ мекунаду ба навор гирифта менависад, ки “облава” омадааст ва маро бурдаанд. Аз каммисариати ҳарбӣ набуданд, онҳо ҷӯраҳоям буданд”,-гуфтааст ин ҷавон.

Ин ҷавон таъкид кардааст, ки соли 2019 хидмати ҳарбиро дар ноҳияи Дарвоз ва шаҳри Душанбе адо кардааст. Тасдиқи ин гуфтаҳо тавассути манобеи дигар ғайрииимон аст.

Дар ҳамин ҳол, Раёсати корҳои дохилӣ дар Хатлон имрӯз, 5-уми ноябр, хабар дод, ки чор рафиқи "домод"-ро дар асоси қарори додгоҳ ба мӯҳлати 10 шабонарӯз ҳабс кардаанд.

Ин ниҳод аз онҳо Эмомалӣ Сулаймон, Абубакр Миронов, Амирҳамза Миронов ва Муҳаммад Сафаров, сокинони деҳаи Меҳнатобод ном бурда, гуфтааст, ки барои “содир кардани кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ, саҳнасозонии бемаврид, паст задани шаъну шарафи домод дар вақти маросими хонадоршавӣ” дастгир шудаанд. 

Нисбати Сайдалӣ Сайдаллиев, маводҳои санҷишӣ тартиб дода чораҳо барои оғози парвандаи ҷиноятӣ андешида истодаанд.

Нашри навор ва вокуниши мақомот дар ҳолест, ки ҳукумати вилояти Хатлон рӯзи 24-уми октябр эълон кард, ки нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артишро 100% иҷро кардаанд. Нақшаи даъват дар тамоми кишвар дар як моҳ 92% иҷро гардидааст.

Дар ҳамин ҳол, рӯзҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ дастикам шаш навори ба гуфтаи корбарон “облава”, ки дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон бардошта шудаанд, паҳн гардид. Дар ин наворҳо дида мешавад, ки чанд нафар ҷавонписаронро боздошт ва иҷборан ба мошинҳо савор карда мебаранд. Ба чанде аз ин наворҳо мақомот вокуниш карда вуҷуди “облава”-ро рад карданд.

Мақомот вуҷуди “облава”- ро ҳамеша рад мекунанд. Аммо мегӯянд, ки дар ҳолати баъди гирифтани даъватнома ҳозир нашудани ҷавонон ба комиссариати ҳарбӣ, мақомоти пулис ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.

Шароити номуносиб, бадрафторӣ бо сарбозон, меҳтарсолорӣ ва марги ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ аз сабабҳои аслии саркашии ҷавонон аз хидмат дар артиши Тоҷикистон гуфта мешавад.

Ҳамчунин, дар Тоҷикистон ҷавонон метавонанд хидмати ҳарбиро бо пардохти маблағ адо намоянд. Хидмати ҳарбии пулакӣ чист ва чӣ гуна метавон онро адо кард, дар ин матлаби мо хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...