Иқдоми қарзҳои имтиёзнок бо доллари ИМА аз ICB – имконият барои рушди шумо!

Бо мақсади дастгирии рушди соҳаи соҳибкорӣ дар кишвар ва афзоиши дастрасии шаҳрвандон ба манбаъҳои молиявии имтиёзнок бо доллари ИМА, Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) иқдоми махсуси қарзиро роҳандозӣ намуд. Дар доираи иқдом қарзҳо бо доллари ИМА аз 8 фоиз солона, ба маблағи то 300 000 доллари ИМА ва ба муҳлати то 48 моҳ пешниҳод карда […]

Таблиғ

Бо мақсади дастгирии рушди соҳаи соҳибкорӣ дар кишвар ва афзоиши дастрасии шаҳрвандон ба манбаъҳои молиявии имтиёзнок бо доллари ИМА, Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) иқдоми махсуси қарзиро роҳандозӣ намуд. Дар доираи иқдом қарзҳо бо доллари ИМА аз 8 фоиз солона, ба маблағи то 300 000 доллари ИМА ва ба муҳлати то 48 моҳ пешниҳод карда мешавад.

Иқдоми мазкур аз 1-уми ноябр то 30-уми ноябри соли 2025 амал намуда, шароити фоизии нав ва имтиёзнокро барои соҳибкорон ва шахсони воқеӣ пешбинӣ менамояд.

Дар доираи ин иқдом, Бонк меъёри фоизи солонаро барои гурӯҳҳои гуногуни мизоҷон коҳиш додааст:

Барои шахсони воқеӣ ва соҳибкорони хурду миёна

Маблағи қарз (бо доллари ИМА)

Фоизи солона

аз 150 000 то 200 000

10%

аз 200 000 то 250 000

9%

аз 250 000 то 300 000

8%

Барои шахсони ҳуқуқӣ

Маблағи қарз (бо доллари ИМА)

Фоизи солона

аз 200 000 то 250 000

9%

аз 250 000 то 300 000

8%

Ин иқдом ҷиҳати тақвияти иқтидори соҳибкорон, дастгирии ташаббусҳои молиявӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои нав барои рушди тиҷорат равона шудааст. Он ба гурӯҳи муайяни мизоҷон маҳдуд намешавад, яъне тамоми соҳикорон, аз ҷумла соҳибкорони ҷавон, занон, шахсони фаъол ва ширкатҳои навтаъсис низ метавонанд аз ин шароити имтиёзнок истифода баранд.

Соҳибкорон метавонанд, оиди гирифтани қарзҳои имтиёзнок ба тамоми филиалу марказҳои хизматрасонии Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон дар саросари кишвар муроҷиат намоянд.

Барои маълумоти бештар ба рақми 0909  занг занед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.