Расонаҳо аз марги шаш коргари афғонистонӣ дар натиҷаи таркиши кони ангишт дар ноҳияи Айнӣ хабар медиҳанд

Расонаҳои форсизабон менависанд, рӯзи 3-юми ноябр дар пайи таркиши кони ангишт дар ноҳияи Айнӣ 6 коргари афғонистонӣ ба ҳалокат расидаанд. Ба иттилои расонаҳо, манобеи маҳаллӣ дар Тоҷикистон ин иттилоъро тасдиқ карда, гуфтаанд, ҳанӯз ҷасади ҳалокшудагон берун оварда нашудаанд ва корҳои наҷотдиҳӣ идома дорад. Ба иттилои Tasnim News, ин шаш коргар вақти рух додани таркиш дар […]

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Расонаҳои форсизабон менависанд, рӯзи 3-юми ноябр дар пайи таркиши кони ангишт дар ноҳияи Айнӣ 6 коргари афғонистонӣ ба ҳалокат расидаанд. Ба иттилои расонаҳо, манобеи маҳаллӣ дар Тоҷикистон ин иттилоъро тасдиқ карда, гуфтаанд, ҳанӯз ҷасади ҳалокшудагон берун оварда нашудаанд ва корҳои наҷотдиҳӣ идома дорад.

Ба иттилои Tasnim News, ин шаш коргар вақти рух додани таркиш дар дохили нақб машғули кор будаанд ва ҳамаи онҳо ҳалок шудаанд.

Шахсияти ҳалокшудагон ҳанӯз расман эълон нашудааст. Танҳо гуфта мешавад, ки панҷ нафари онҳо сокинони вилояти Дайкундӣ ва як нафар сокини ноҳияи Лал ва Сариҷангали вилояти Ғур будаанд.

Мақомоти Тоҷикистон то ҳол ин хабарро шарҳ надодаанд. Талошҳои “Азия-Плюс” барои гирифтани иттилоъ аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ то замони нашри хабар бенатиҷа анҷомид. Маълум нест, ки ба ин расона кадом ниҳоди Тоҷикистон ин хабарро тасдиқ кардаанд.

Ин расона мегӯяд, садҳо шаҳрвандони ин кишвар дар конҳои ангишти Тоҷикистон ба кор машғуланд.

“Ба гуфтаи худи коргарон, шароити вазнини меҳнат ва набудани воситаҳои амниятӣ сабаби такрор шудани чунин ҳодисаҳои маргбор гардидааст”, – навиштааст хабаргузории Тасним.

Ин расона дар такя ба яке аз манбаъҳои маҳаллиаш гуфтааст, коргарони афғонистонӣ мегӯянд, “ба онҳо иҷозаи шикоят кардан ё сӯҳбат бо расонаҳоро намедиҳанд ва агар шикоят кунанд, ҷарима ва аз кишвар хориҷ мешудаанд”.

Ёдрас мешавем, ки моҳи майи соли ҷорӣ, бар асари таркиш дар яке аз конҳои истихроҷи ангишт дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд 8 коргар аз Афғонистон ҳалок шуданд. Он замон ҳам мақомоти Тоҷикистон таркиш ва кушта шудани коргаронро расман шарҳ надода буданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.