“Ховар” аз “маҳдудияти нерӯи барқ” хабар дод. Аз “Барқи тоҷик” гуфтанд, ки истеҳсоли нерӯи барқ кам шудааст

Сатҳи об дар обанбори “Норак” нисбат ба соли гузашта 2 метру 47 сантиметр кам шудааст. Ин боиси коҳиши истеҳсоли нерӯи барқ дар Тоҷикистон шудааст. Дар ин бора Қурбон Аҳмадзода, сухангӯи “Барқи тоҷик” ба “Азия-Плюс” хабар дод. “Сатҳи оби захиравии обанбори “Норак” ҳоло 2 метру 47 сантиметр кам шудааст. Инчунин, резиши об ба обанбор ҳам 144 […]

Asia-Plus

Сатҳи об дар обанбори “Норак” нисбат ба соли гузашта 2 метру 47 сантиметр кам шудааст. Ин боиси коҳиши истеҳсоли нерӯи барқ дар Тоҷикистон шудааст. Дар ин бора Қурбон Аҳмадзода, сухангӯи “Барқи тоҷик” ба “Азия-Плюс” хабар дод.

“Сатҳи оби захиравии обанбори “Норак” ҳоло 2 метру 47 сантиметр кам шудааст. Инчунин, резиши об ба обанбор ҳам 144 метри мукааб кам гардидааст. Масалан, ҳоло дар 1 сония ба обанбори “Норак” 219 метри мукааб об мерезад, вале дар ҳамин давраи соли гузашта резиши об дар 1 сония 363 метри мукааб буд. Даромад каму хароҷот зиёд шудааст. Ин сабаб гардида, ки истеҳсоли барқ низ кам шавад”, – гуфт Қурбон Аҳмадзода.

Дар ҳамин ҳол, аз ин ширкат ҷорӣ шудани маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ дар кишварро тасдиқ ё рад накарда, гуфтанд, ки таъмини барқ ба Шабакаҳои тақсимоти барқ рабт дорад. Аммо талошҳои мо барои гирифтани маълумоти расмӣ аз Шабакаҳои тақсимоти барқ бенатиҷа анҷомид.

Бояд гуфт, ки маҳдудияти интиқоли барқ ё худ “лимит” имсол аз нимаи моҳи сентябр оғоз шуд ва ҳоло сокинони навоҳии музофот ва ҳатто баъзе шарҳои кишвар дар як шабонарӯз аз 4 то 7 соат бо барқ таъмин мешаванд. Дар аксар ҳолат қатъи барқ реҷаи муайян надорад.

 

“Ховар” аз “маҳдудияти нерӯи барқ” хабар медиҳад

Хабаргузории давлатии “Ховар” бо нашри хабар аз ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба барқ тасдиқ кардааст, ки дар навоҳии тебои ҷумҳурӣ “маҳдудияти нерӯи барқ” ҷорӣ шудааст.

Ба гуфтаи ин расона, дирӯз (13-уми ноябр) дар Душанбе таҳти раёсати Усмоналӣ Усмонзода, муовини сарвазир, ҷаласаи гурӯҳи корӣ баргузор гардидааст, ки дар он масъалаи пешгирии талафот ва истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баррасӣ шудааст.

“Ховар” аз ин ҷаласа менависад, ки “талафоти нерӯи барқ бештар дар шабакаҳои барқи шаҳру навоҳии Ҳисор, Ваҳдат, Норак, Файзобод, Шаҳринав ва Рӯдакӣ ба назар расидааст”.

Ин расонаи давлатӣ навиштааст, “гуфта шуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ реҷаи ҷоригардидаи маҳдудияти нерӯи барқ риоя намегардад”. Аммо дақиқ нагуфтааст, ки ин ҳарфро кӣ гуфтааст.

Аз баъзе иншооти муҳими НТҶ, ки доимо бо нерӯи барқ таъминанд, ба навиштаи “Ховар”, “ба деҳаҳои атроф хатҳои озод кашида шудаанд”.

Сарвар Азимзода, муовини додситони кулли Тоҷикистон, дар ҷаласа гуфтааст, ки назоратро “дар самти истифодаи нерӯи барқ пурзӯр гардонидааст”.

“Ин аст, ки ҳаҷми ҷамъоварии маблағи истифодаи нерӯи барқ дар соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 дар ҷумҳурӣ 1 миллиарду 342 миллион сомонӣ зиёд гардидааст”, – гуфтааст Азимзода.

Инчунин, дар ҷаласа гуфтаанд, нисбат ба роҳбарони шабакаҳои барқе, ки аз ӯҳдаи иҷрои вазифа набаромадаанд, “чораҳои зарурӣ андешида шаванд”.

Дар ҷаласа раисони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, додситонон, сардорони раёсатҳои корҳои дохилӣ ва сардорони шабакаҳои тақсимоти барқи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

 

Дархости сокинон аз масъулин​​​​​​​

Сокинони минтақаҳои гуногуни кишвар аз мақомоти марбута, махсусан ширкати “Барқи тоҷик” талаб доранд, ки ҷорӣ шудани маҳдудияти интиқоли барқро эътироф ва муҳлати онро муайян кунанд.

Дар Тоҷикистон, ба истиснои баъзе шаҳрҳои бузург, ҳамасола аз охири тирамоҳ то нимаи баҳор маҳдудияти нерӯи барқ ҷорӣ мешавад. Ду соли охир он дар нимаи дуввуми моҳи сентябр оғоз мешавад. Солҳои пеш “Барқи тоҷик” вуҷуди “лимит”-и барқро дар рӯзҳои аввал эътироф намекард, аммо баъди оғози фасли зимистон, шикояти сокинон ва интиқоди раисҷумҳур дар чанд соли охир ба сокинон расман хабар медиҳад.

Аммо имсол бо вуҷуди шикоятҳои сокинон ин ниҳод то ҳол расман ҷорӣ шудани маҳдудияти барқро эътироф накардааст. Дар ҳоле, ки соли гузашта аз 22-юми сентябр дар Тоҷикистон маҳдудият ё “лимит”-и барқ расман ҷорӣ шуда буд.

Ширкати “Барқи тоҷик” мушкилро ба камбуди об ва афзоиши талаботи аҳолӣ ба барқ унвон карда буд. Сарфи назар аз ин Тоҷикистон ҳамасола ба Афғонистон ва Ӯзбекистон барқ мефурӯшад. Вале мақомоти Тоҷикистон иддао мекунанд, ки танҳо дар фасли тобистон ба хориҷ барқ мефурӯшанд.

Қаблан масъулини Вазорати энергетикаи кишвар ва “Барқи тоҷик” гуфта буданд, ки то нерӯгоҳи “Роғун” пурра ба кор надарояд, “лимит”-и барқ дар кишвар боқӣ мемонад. Ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҳам гуфт, ки соли 2027 мушкили барқ пурра бартараф мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Беҳтарин оғоз: Тоҷикистон дилпурона дастаи Тайиландро мағлуб кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.

Нерӯгоҳи “Роғун” ба таркиби калидиии шарикии нави Тоҷикистон ва БОР табдил меёбад

Муовини якуми сарвазири Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи БОР дар Самарқанд суханронӣ кард

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мунаввар Шоҳгадоев ва Дилшод Назаров то қатли Минҳоҷ Ғуломов

Сокинони деҳае дар Суғд мегӯянд, “паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз маҳалла ғайб задаанд”

Гузориш аз макони будубоши муҳоҷирони афғонистонӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов пас аз боздошти як шаҳрванди Афғонистон бо иттиҳоми куштори як зан.

Танишҳо атрофи тангаи Ҳурмуз. Аз таҳдиди Трамп то ҳамла ба Имороту ҳушдори Сипоҳи посдорони Эрон ба нафткашҳои бандмонда

Вазъ дар ин оброҳа замоне печида шуд, ки Доналд Тармп гуфт, барои раҳо кардани киштиҳои бандмонда кӯмак мекунад.

Бо дастгирии ТИКА 10 зан дӯзандагиро омӯхтанд ва соҳиби мошини дӯзандагӣ шуданд

Ҳадафи лоиҳа ин аст, ки занон ба шахсони мустақил табдил ёфта, ба иқтисоди оилаи худ саҳм гузоранд.

Имсол низ ба ҳар як иштирокчии ҶБВ 50 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад

Ҳоло дар Тоҷикистон 8 иштирокчии ҶБВ боқӣ мондааст.

Дар Душанбе бори аввал мусобиқаи байналмилалии устодони ҷудои ҷаҳонӣ баргузор мешавад

Ин яке аз мусобиқаҳои пурнуфуз дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.