Бахшида ба 80-солагии Нигина Рауфова, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ва яке аз сарояндагони беҳамтои сурудҳои халқӣ, дар Душанбе консерти ёдбуд баргузор шуд. Мо аз ин чорабинӣ гузориш таҳия кардем ва ҳамзамон назари коргардон ва ҳамкасби пешини ӯро пурсидем.
Ин чорабинӣ таҳти унвони “Ту биё ба хонаи ман”, номи яке аз сурудҳои овозхон дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев баргузор шуд. Дар он овозхонон ва ҳаводорони суруду мусиқӣ ширкат доштанд.
Маҳфили ёдбуд бо пахши гулчини сурудҳои овозхони фақид, ки дар қолаби попурӣ тадвин шудааст, оғоз гардид ва таҳти наво гулдухтарони дастаи ҳунарии “Ҷаҳоноро” рақсиданд.
Пасон, филми кӯтоҳе бо номи “Гул ба домони диёр” манзури тамошобинон шуд, ки дар он мухтасар шарҳи ҳол ва ҳолу ҳавои зиндагии Нигина Рауфова дар деҳа тасвир шудааст.
Дар ёдбуд баъдан сарояндагони шинохта ва овозхонони ҷавоне, ки сабки марҳумро пайравӣ мекунанд, сурудҳо суруданд. Аз ҷумла, Мастона Эргашова, Муҳаррама Шарифова ва Азиз Ваҳоб, ки замоне бо Нигина Рауфова ҳамкор будаанд, сурудҳои овозхони фақидро сароиданд.
Инчунин, чандин сарояндагон сурудҳои Нигина Рауфоваро бозхонӣ карданд. Ба ин минвол, Парвонаи Тоҷиддин ва Искандар Каландаров – “Гул ба домон”, Оламбӣ Саидова – “Файзобод” ва Ибодат Раҷабова – “Аскарбача”-ро суруданду Ҷовидон Нозимов “Эй апаи ҷон”-ро дар васфи Нигина Рауфова иҷро кард. Боз чандин сарояндагони ҷавон бо пайравии Нигина Рауфова таронаҳо сароиданд.
Маҳфил бо пахши суруди “Тоҷикистон” бо садои Нигина Рауфова ба поён расид.
Пас аз 10 сол ёдбуде шуд
Муҳаммадалӣ Машраб, саркоргардони Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва таҳиякунандаи ин консерт дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, бинобар он ки даҳ соли охир ёдбуди Нигина Рауфова нагузашта буд, ин ташаббусро роҳандозӣ карданд.
“10 соли пеш 70-солагии Нигина Рауфова ҷашн гирифта шуда буд ва баъди ин ёдбуде баргузор нашудааст. Аз ҷумла, 75-солагии марҳум, ки дар замони бемории ҳамагири КОВИД-19 буд, баргузор нашуд. Барои ҳамин зарур донистем, ки 80-солагии овозхонро бо ҳузури ҳамкорону пайравони сабкаш баргузор намоем”, – иброз дошт ҳамсӯҳбати мо.
Ин дастандаркор гуфт, ки ба ин консерт асосан ҳамкорону шогирдони Нигина Рауфова, ба мисли Мастона Эргашова, Муҳаррама Шарифова, Ҳаётой Муминова, Бунафша Муқимова ва Мадина Худоёрова ҷалб шудаанд, вале чанде дигар ҳам даъват шуданду наомаданд.
“Нигина Рауфова солҳо дар дастаи ҳунарии “Дарё” фаъолият доштанд, мо аз он даста чанд овозхони дигарро даъват кардем, вале бо кадом сабабҳое наомаданд. Мо нақша доштем, ки суруди “Тоҷикистон”-ро чанд сарояндаи “Дарё” хонанд, вале азбаски наомаданд, маҷбурем, ки сабти садои Нигина Рауфоваро пахш кунем”, – гуфт Муҳаммадалӣ Машраб.
“Ҳеҷ кас ҷои Нигинаро нагирифт”
Мастона Эргашова, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва яке аз ҳамкорони Нигина Рауфова, дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” аз марҳум овозхони хуби сурудҳои халқӣ ёд кард.
“Мо аввал дар ансамбли “Шашмақом” бо Нигина-апа кор мекардем. Аз соли 1978 ба ин ансабл кор омадам, апаи Нигина аллакай кор мекарданд. Ҳамон солҳо ман суруди “Занон”-ро сохтам, бо Нигина Рауфоваву Нуқра Раҳматова сароидем. Баъдтар суруди “Шаҳри ман”-ро сохтам, ки бо Нигина-апа дуэт хондем. Он кас сароияндаи хуби сурудҳои халқӣ буданд. Инсони хуб ҳам буданд. Хотираҳои нек дорам”, – гуфт Эргашова.
Ба қавли Мастона Эргашова, бо гузашти солҳо сарояндагони зиёд бо пайравии сабки Нигина Рауфова суруд эҷод карданду таронаҳои марҳумро бозхонӣ карданд, вале “ҳеҷ кадоми онҳо ҷойи Нигина-апаро нагирифт”.
“Дарду доғ, ҳузну нолаҳои Нигина-апа дигар буд, аз дил мебаромад ва ба дилҳо менишаст, имрӯз агарчи зиёд сурудҳои он касро бозхонӣ мекунанд, вале ҳамон гунае, ки худашон бо сӯзу гудоз месароиданд, иҷро намешавад. Ҷои овозхони маҳбуби халқ ба назарам холист…”, – иброз дошт ҳамсӯҳбати мо.
Ӯ таъкид кард, ки “аз вафоти апаи Нигина 15 сол гузашт, вале ман фикр мекунам, ки он кас зинда ҳастанд, сурудҳояшон он касро зинда нигоҳ доштааст”.
Нигина Рауфова, бар асоси шаҳодатномаи санадҳо, 21-уми майи соли 1945 чашм ба олам кушодааст, вале ба гуфтаи Муҳаррама Шарифова, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва яке аз шогирдони Нигина Рауфова, ин овозхон соли таваллудашро 2 сол пеш карда, дар асл мутаваллиди 21-уми майи соли 1947 аст.
Фаъолияти эҷодиаш дар маҳфили ҳаваскорони Иттиҳодияи истеҳсолии матоъҳои пахтагии шаҳри Душанбе оғоз ёфта, баъдан дар Ансамбли суруду хореографии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва ансамблҳои “Гулшан”, “Шашмақом” ва “Дарё” ҳунарнамоӣ кардааст.
Ин ҳунарманди маъруфи тоҷик бо иҷрои сурудҳои халқии “Ёрат манам”, “Қадат баланд аст ёр”, “Ман садқаи ту”, “Намепурсӣ номи ман”, “Духтари каҷтоқӣ”, “Аскарбача”, “Бачамой” ва даҳҳои дигар ба дили мардум ҷо гирифта буд.
Нигина Рауфова 22-юми декабри соли 2010 дар 65-солагӣ аз олам чашм баст.
Дар бораи зиндагӣ, фаъолияти корӣ ва махсусиятҳои эҷодии мавсуф дар ин матлаби “Азия-Плюс” муълумоти ҷолиб бихонед: “Аз таҳти дил ва самимӣ месароид". Ёде аз Нигина Рауфова, маъруфтарин сарояндаи сурудҳои халқӣ”.


