Вазорати дифоъ: Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба артиш пурра иҷро шуд

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дирӯз, 29-уми ноябр, аз пурра иҷро шудани нақшаи даъвати ҳарбӣ ба сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар хабар дод. Мавсими даъвати тирамоҳии ҷавонони аз 18 то 27-сола ба артиш аз 1-уми октябр оғоз шуда буд. Вазорати дифоъ навиштааст, ки “фаъолияти назарраси бисёре аз комиссияҳои даъватӣ дар ташкили корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ имкон медиҳад, ки сол […]

Asia-Plus

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дирӯз, 29-уми ноябр, аз пурра иҷро шудани нақшаи даъвати ҳарбӣ ба сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар хабар дод. Мавсими даъвати тирамоҳии ҷавонони аз 18 то 27-сола ба артиш аз 1-уми октябр оғоз шуда буд.

Вазорати дифоъ навиштааст, ки “фаъолияти назарраси бисёре аз комиссияҳои даъватӣ дар ташкили корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ имкон медиҳад, ки сол ба сол шумораи ҷавонони ихтиёрӣ ба сафи Артиши миллӣ зиёд гардида, иҷрои нақша саривақт ва дар сатҳи баланд таъмин гардад”.

Дар ҳамин ҳол, имсол низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ чанд навори, ба гуфтаи корбарон, “облава”, ки дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон бардошта шудаанд, паҳн гардид. Дар ин наворҳо дида мешавад, ки чанд нафар ҷавонписаронро боздошт ва иҷборан ба мошинҳо савор карда мебаранд.

Солҳои гузашта низ аз боздошти иҷбории ҷавононписарон аз сӯйи нафарони номаълум дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ интишор гардида, вокуниши ҷомеаро ба вуҷуд оварда буд.

Мақомот вуҷуди “облава”- ро ҳамеша рад мекунанд. Аммо мегӯянд, ки дар ҳолати баъди гирифтани даъватнома ҳозир нашудани ҷавонон ба комиссариати ҳарбӣ, мақомоти пулис ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.

Шароити номуносиб, бадрафторӣ бо сарбозон, меҳтарсолорӣ ва марги ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ аз сабабҳои аслии саркашии ҷавонон аз хидмат дар артиши Тоҷикистон гуфта мешавад.

Бояд гуфт, маъракаи даъват ба сафи Қувваҳои мусалаҳи кишвар аз 1-уми октябр оғоз гардид ва то 30-юми ноябр идома хоҳад ёфт. Бар асоси фармони раисҷумҳур, дар ин мавсим ҷавонони аз 18 то 27-сола (солҳои таваллуди 1998-2007) дар ба артиш ҷалб мешаванд.

Ҳамчунин, дар Тоҷикистон ҷавонон метавонанд хидмати ҳарбиро бо пардохти маблағ адо намоянд. Хидмати ҳарбии пулакӣ чист ва чӣ гуна метавон онро адо кард, дар ин матлаби мо хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.