Даргузашти як шаҳрванди Қирғизистон, ки бо осеби ҷиддӣ дар беморхонаи Хуҷанд бистарӣ буд

Date:

Як шаҳрванди Қирғизистон баъди се рӯзи бистарӣ дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Хуҷанд рӯзи 29-уми ноябр даргузашт. Ӯ рӯзи 26-уми ноябр дар пайи фурӯ рафтани пораи ангишт дар яке аз конҳои ангишти деҳаи Андароки ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ҷароҳат бардошта, дар беморхонаи шаҳри Хуҷанд бистарӣ буд.

Ҷамшед Содиқов, духтури  шӯъбаи наҷот ва беҳискунии Беморхонаи клиникавии №1 шаҳри Хуҷанд ба “Азия-Плюс” гуфт, ин мард Муҳаммаалӣ Абдупаязов, сокини 29 солаи деҳаи Андароки ноҳияи Лайлаки Қирғизистон буд.

Ӯ шоми рӯзи 26-уми ноябр баъди осеби ҷиддӣ бардоштан дар кони ангишти зодгоҳаш, аз сабаби наздик будани роҳ, дар ҳолати вазнин ба ин беморхона интиқол ёфт ва таҳти назорати духтурон буд.

Табиб гуфт, дар пайи ба болояш афтодани пораи ангшишт аксари устухонҳои камару дасту пой ва сари ин мард шикаста буд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ҷамшед Содиқов

“Бемор беҳуш ва дар ҳолати шок қарор дошт. Духтурон ҳамаи корро карданд,то ӯро наҷот диҳанд, вале осебҳои бемор ҷиддӣ буд ва умеди зинда монданаш кам буд. Абдупаязов се рӯз дар Шӯъбаи наҷот ва беҳискунии беморхона дар ҳоли беҳушӣ қарор дошт, аммо санаи  29-уми ноябр даргузашт”, – гуфт духтур.

Деҳаи Андароки ноҳияи Лайлаки ин кишвар, ки бо ноҳияи Ҷаббор Расулови Тоҷикистон ҳамсарҳад аст. Аҳолии ин деҳа аксаран барои табобату муолиҷа ба Тоҷикистон меоянд.

Тоҷикистон ва Қирғизистон баъди чандин соли нофаҳмиҳо, ки боиси даргирӣ ва қурбонии садҳо нафар аз ду ҷониб шуд, ниҳоят дар масъалаи баҳси мушаххассозии сарҳад ба созиш расиданд.

Ҳамин тариқ, марзи ду кишвар, ки беш аз 4 соли ахир баста буд, ба таври тантанавӣ боз шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...