Даргузашти як шаҳрванди Қирғизистон, ки бо осеби ҷиддӣ дар беморхонаи Хуҷанд бистарӣ буд

Як шаҳрванди Қирғизистон баъди се рӯзи бистарӣ дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Хуҷанд рӯзи 29-уми ноябр даргузашт. Ӯ рӯзи 26-уми ноябр дар пайи фурӯ рафтани пораи ангишт дар яке аз конҳои ангишти деҳаи Андароки ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ҷароҳат бардошта, дар беморхонаи шаҳри Хуҷанд бистарӣ буд. Ҷамшед Содиқов, духтури  шӯъбаи наҷот ва беҳискунии Беморхонаи клиникавии №1 […]

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Як шаҳрванди Қирғизистон баъди се рӯзи бистарӣ дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Хуҷанд рӯзи 29-уми ноябр даргузашт. Ӯ рӯзи 26-уми ноябр дар пайи фурӯ рафтани пораи ангишт дар яке аз конҳои ангишти деҳаи Андароки ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ҷароҳат бардошта, дар беморхонаи шаҳри Хуҷанд бистарӣ буд.

Ҷамшед Содиқов, духтури  шӯъбаи наҷот ва беҳискунии Беморхонаи клиникавии №1 шаҳри Хуҷанд ба “Азия-Плюс” гуфт, ин мард Муҳаммаалӣ Абдупаязов, сокини 29 солаи деҳаи Андароки ноҳияи Лайлаки Қирғизистон буд.

Ӯ шоми рӯзи 26-уми ноябр баъди осеби ҷиддӣ бардоштан дар кони ангишти зодгоҳаш, аз сабаби наздик будани роҳ, дар ҳолати вазнин ба ин беморхона интиқол ёфт ва таҳти назорати духтурон буд.

Табиб гуфт, дар пайи ба болояш афтодани пораи ангшишт аксари устухонҳои камару дасту пой ва сари ин мард шикаста буд.

“Бемор беҳуш ва дар ҳолати шок қарор дошт. Духтурон ҳамаи корро карданд,то ӯро наҷот диҳанд, вале осебҳои бемор ҷиддӣ буд ва умеди зинда монданаш кам буд. Абдупаязов се рӯз дар Шӯъбаи наҷот ва беҳискунии беморхона дар ҳоли беҳушӣ қарор дошт, аммо санаи  29-уми ноябр даргузашт”, – гуфт духтур.

Деҳаи Андароки ноҳияи Лайлаки ин кишвар, ки бо ноҳияи Ҷаббор Расулови Тоҷикистон ҳамсарҳад аст. Аҳолии ин деҳа аксаран барои табобату муолиҷа ба Тоҷикистон меоянд.

Тоҷикистон ва Қирғизистон баъди чандин соли нофаҳмиҳо, ки боиси даргирӣ ва қурбонии садҳо нафар аз ду ҷониб шуд, ниҳоят дар масъалаи баҳси мушаххассозии сарҳад ба созиш расиданд.

Ҳамин тариқ, марзи ду кишвар, ки беш аз 4 соли ахир баста буд, ба таври тантанавӣ боз шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.