Фестивали картошка дар Душанбе чӣ гуна гузашт?

Рӯзи 29-уми ноябр дар бозори “Меҳргон” -и шаҳри Душанбе Фестивали картошка ва намоишу фурӯши он баргузор шуд. Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, ҳамоиш ба як майдони муаррифии дастоврадҳои кишоварзон, таҳкими ҳамкорӣ миёни истеҳсолкунандагон ва бахши илм табдил ёфта, ҳамчунин ба таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифат ва дастрас мусоидат намуд. Манбаъ гуфт, ҳадаф аз баргузории чорабинӣ "тарғиби рушди маҳсулот, муаррифии дастранҷи […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Рӯзи 29-уми ноябр дар бозори “Меҳргон” -и шаҳри Душанбе Фестивали картошка ва намоишу фурӯши он баргузор шуд. Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, ҳамоиш ба як майдони муаррифии дастоврадҳои кишоварзон, таҳкими ҳамкорӣ миёни истеҳсолкунандагон ва бахши илм табдил ёфта, ҳамчунин ба таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифат ва дастрас мусоидат намуд.

Манбаъ гуфт, ҳадаф аз баргузории чорабинӣ "тарғиби рушди маҳсулот, муаррифии дастранҷи деҳқон, мубодилаи таҷриба ва ҳамоҳангсозии илм бо истеҳсолот мебошад. Ҳамзамон, дар он барои сокинони пойтахт ва иштирокдорон намудҳои гуногуни картошка ва хӯрокҳои омодашуда аз он ба намоиш гузошта шуда, инчунин ярмаркаи фурӯши картошка барои харидорон бо нархҳои дастрас пешниҳод карда шуд.

Тибқи иттилои расмӣ, соли 2025 дар майдони 64,3 ҳазор гектар картошка шинонида шуда, то 1-уми ноябри соли равон  зиёда аз 1,2 млн тонна картошка ҷамъоварӣ шудааст, ки 69 ҳазор тонна зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад.

Ҳоло  асосан картошкаи тухмии навъҳои ватанӣ аз қабили “Тоҷикистон”, “Файзобод”, “Заррина” “Шукрона”, “Нуриниссо”, “Каримӣ”, “Овчӣ”, “Ғончӣ” ва навъҳои хориҷии “Эволюшен”, “Аризона”, “Пикасо”, “Алладин”, “Кардинал”, “Бигроза”, “Гала”, “Ред-Скарллет”, “Манитоу” кишт карда мешаванд, ки аз ҳар гектар аз 300-700 сентнерӣ ҳосил рӯёнида шуда истодааст.

Ба иттилои манбаъ, дар доираи ҳамоиши мазкур, барои сокинони шаҳри Душанбе 200 тонна каротошка бо нархҳои дастрас ба фурӯш гузошта шуд.

Иштирокчиёни фаъол бо диплому сипоснома ва туҳфаҳо ва ҷониби Вазорати кишоварзии Тоҷикистон қадршиносӣ  шуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.