Ба иттилои Вазорати молияи кишвар, барои дарёфти ин маблағ имрӯз, 2-юми декабр, дар Душанбе миёни ин ниҳод ва Бонки осиёии Рушд созишномаҳои грантӣ имзо шудаанд. Дар ин бора Вазорати молияи кишвар хабар додааст.
Созишномаҳоро Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон ва Ко Сакамото, намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон ба имзо расониданд.
Маблағи мазкур барои татбиқи лоиҳаҳои зерин ҷудо мегардад:
– “Барномаи беҳтар намудани муҳити тиҷорат бо назардошти тағйирёбии иқлим ва афзоиши имкониятҳои шуғли сабз” – 50,0 млн доллар (барои дастгирии буҷет);
– “Барномаи рушди соҳаи молиявӣ барои вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода бо дарназардошти равиши бисёрсатҳии идоракунии хавфҳо” –28,2 млн доллар;
– “Идоракунӣ ва рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ бо мақсади таҳкими амнияти озуқаворӣ” – 17,0 млн доллар;.
Ба иттилои Вазорати молия, мақсади ин лоиҳаҳо дастгирии рушди соҳибкории хусусӣ, ҷалби сармоягузории мутобиқ ба иқлим, пешбурди рақамикунӣ ва таҳкими идоракунии молиявӣ, коҳиши таъсири тағйирёбии иқлим, пешбурди ислоҳоти молиявӣ, густариши бозори суғурта ва беҳтарсозии идоракунии чарогоҳҳо дар Тоҷикистон аст.
Бонки осиёии рушд мададрасони асосии молиявии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, аз соли 2018 иқтисоди Тоҷикистонро танҳо дар шакли кумаки бебозгашт дастгирӣ мекунад.
Аз ҷумла, БОР соли 2022 ба Тоҷикистон ба сифати кумаки бебозгашт 221 млн доллар, соли 2023-юм 80 млн доллар ҷудо карда, соли гузашта ихтисос додани 240 млн доллар грантро дар нақша дорад.
Аз соли 1998 Бонк барои Тоҷикистон зиёда аз 180 лоиҳаро ба маблағи умумии 2,5 млрд доллар, аз ҷумла 1,9 млрд доллар дар шакли грант маъқул донист.
Ҳудуди 34% аз ин кумак ба соҳаи нақлиёт, 24% – ба энергетика, 12% – ба идоракунии давлатӣ, 11% – ба бахши кишоварзӣ ва қисмати боқмонда – ба соҳаҳои тандурустӣ, маориф, молия ва зерсохтори шаҳр рост меояд.


