Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 декабри соли 2025

Date:

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз, аз соати 13:00 то 17:00 дар “Боғи Ирам” намоиши анъанавии солинавӣ баргузор мешавад.

Дар он метавонед аз хӯроку нӯшокиҳои анъанавии олмонӣ ва фазои идона лаззат бурд ва барои наздикон туҳфаҳо харид. Меҳмононро ҳамчунин барномаи фарҳангӣ интизор аст. Даромад ба намоиш ройгон аст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

– Имрӯз Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳангии Чин ҷамъбаст мешавад. Он рӯзи 2-юми декабр оғоз гардида, давоми ин рӯзҳо ҳунаманлдони чинӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар барномаҳои фарҳангӣ доир намуданд.

– Дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб мусобиқаи қаҳрамонии муштзанӣ (бокс)-и ҷаҳон миёни мардон ҷараён дорад. Дар ин мусобиқа, ки дирӯз оғоз шуд, Тоҷикистонро 13 варзишгар намояндагӣ мекунад. Қаҳрамонҳои ҳар вазни мусобиқа соҳиби 300 ҳазор доллар, ҷойҳои дуюм соҳиби 150 ҳазор доллар, ҷойҳои сеюм соҳиби 75 ҳазор доллар ва ҷойҳои панҷум соҳиби 10 ҳазор доллар мешаванд. Он то рӯзи 13-уми декабр идома мекунад.

– Дар Боғи Куруши Кабири Душанбе намоишгоҳи муштараки Тоҷикистону Эрон идома дорад. Давоми як моҳ аз соати 11:00 то соати 22:00 дар ин мавзеъ намоишгоҳи мазкур баргузор мешавад. Дар он фурӯши маҳсулоти гуногуни ҳунарҳои мардумии ду кишвар, аз ҷумла заргарӣ, гулдӯзӣ, кулолгарӣ, чакандӯзӣ, қолинбофӣ, наққошӣ ва косибӣ ҷараён дошта, ширкатҳои сайёҳӣ ва таомҳои миллии ду кишвар низ муаррифӣ мешаванд.

Ҳамчунин, боздидкунандагон имкон доранд, давоми як моҳ барномаҳои мусиқиву фарҳангӣ ва ҳунарнамоии ҳунармандони ду кишварро тамошо карда, дар қуръакашии тӯҳфаҳо, ҳамоишҳои мавзуӣ ва бозиҳои гуногун ширкат кунанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони мақомоти молия таҷлил мешавад. Ин сана ба мақсади қадршиносӣ ва эҳтироми хидмати кормандони соҳаи молия, таъмини буҷети давлатӣ, назорат ва идоракунии молия, идоракунии андозҳо ва дигар вазифаҳои муҳими молиявӣ муқаррар шудааст. 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Соли 2001 – Пас аз танаффуси тӯлонӣ хатсайри роҳи оҳан байни Тоҷикистон ва Русия аз сар гирифта шуд.

Соли 2005 – Бо ширкати 54 президент ва сарони ҳукуматҳои олам, аз ҷумла Тоҷикистон дар шаҳри Маккаи Арабистони Саудӣ иҷлосияи фавқулодаи Созмони Конфронси Исломӣ баргузор гардид.

Соли 2015 – Дар ВМКБ заминларзаи 7-8 баллӣ рух дод, ки марказаш ноҳияи Мурғоби ВМКБ буда, 500 хона хароб ва 13 нафар захмӣ шуданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Соли 2009 – Аввалин маротиба хатсайри нави “Душанбе-Оренбург-Душанбе” ба роҳ монда шуд.

Соли 2009 – Дар шаҳри Душанбе рӯнамоии филми ҳуҷҷатии “Тоҷикистон -муқобили маводи мухаддир” баргузор гардид.

Соли 2010 – "Газпромзарубежнефтегаз" ба пармакунии чоҳи аввали ҷустуҷӯӣ дар майдони Сарикамиши ноҳияи Шаҳринав оғоз намуд.

Соли 2011 – Дар идораи Минтақаи озоди  иқтисодии “Суғд” ду корхонаи дигар – ҶММ “Зарафшон” ва ҶММ “Равзана Пластик” сабт шуд.

Соли 2014 – Ноиби якуми вақти сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, вазирони энергетикаи Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон созишномаеро оид ба татбиқи лоиҳаи CASA-1000 имзо карданд, ки интиқоли нерӯи барқро аз Тоҷикистон ва Қирғизистон дар давраи тобистон ба Афғонистон ва Покистон таъмин менамояд.

Соли 2018 – Дар Душанбе машваратҳо байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор шуданд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1936 – Мавлуди Разиюлло Атохонов, риёзидон ва равоншиноси тоҷик, доктори илмҳои равоншиносӣ.

Соли 1966 – Зодрӯзи Чошбоев Мурзобой, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ ва раиси пешини ноҳияи Мурғоб.

Соли 1985 – Зодрӯзи Дилшод Раҳмон, доктори илмҳои ҳуқуқ, ректори пешини Донишгоҳи давлатии Кӯлоб.

Соли 2006 – Дилбар Қосимова, ҳунарпешаи синамои тоҷик дар синни 70-солагӣ аз олам даргузашт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дилбар Қосимова аз ҳунарпешагони маъруфи синамо тоҷик аст. Иҷрои нақши Нигина, маҳбубаи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар филми “Қисмати шоир” ба ӯ маҳбубияти хоса овард.

Нақшҳои дигари ӯ низ дар синамо мондагор аст. Аз ҷумла, нақши Зебо дар филми “Вақти зангирии писар”, ҳамсари Хӯҷа Насриддин дар “Насриддин аз Хуҷанд ё Шоҳзодаи зебо”, Нӯшофарин дар “Коваи оҳангар” аз ин қабиланд.

Дилбар Қосимова аввалин нақши худро дар синамои тоҷик соли 1958 дар филми “Вазифаи баланд” бо иҷрои нақши Зулфия бозидааст.

Ӯ аз соли 1962 то 1964 ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ буда, солҳои минбаъда ҳамчун коргардони дубляж дар киностудия кор кард ва дар тарҷумаи филмҳо саҳм гузошт.

Ӯ 7-уми декабри соли 2006 дар 70-солагӣ аз олам даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

7-уми декабр Рӯзи байналмилалии авиатсияи шаҳрвандӣ аст. Таъсиси ин сана ба аз имзои Конвенсияи байналмилалии авиатсияи гражданӣ дар соли 1944 рабт дорад. Аввалин бор ин рӯз дар 1994, бахшида ба 50-солагии таъсиси Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ таҷлил шудааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Соли 1996 Ассамблеяи Генералии СММ расман 7-уми декабрро ҳамчун Рӯзи байналмилалии авиатсияи гражданӣ шинохт.

Дар Тоҷикистон бошад Рӯзи авиатсияи гражданӣ 30-юми сентябр ҷашн гирифта мешавад. Маҳз дар ҳамин рӯзи соли 1924 ҳавопаймои Ю-13 тариқи хатсайри Бухоро-Душанбе парвоз кард ва ин сана дар рушди авиатсияи граждании Тоҷикистон калидӣ гардид.

7-уми декабри соли 2010 дар Лондон Ҷулиан Ассанҷ, асосгузори сомонаи "WikiLeaks" дастгир шуд. Ӯ ба мақомоти Бритониё ихтиёран ҳозир гардид, то фаҳмад, ки кадом айбҳо нисбаташ эълон мешаванд. Фармони боздошти ӯро Шветсия содир карда буд, ки Ассанҷро дар озори ҷинсӣ ва таҷовуз муттаҳам мекард.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ҷулиан Ассанж

Ассанҷ, ки худро “созандаи энсиклопедияи компроматҳо” меномид, таъкид мекард, ки парвандааш хусусияти сиёсӣ дорад ва бо фаъолияти "WikiLeaks" иртибот мегирад.

Таъқиби Ассанҷ баъд аз он оғоз шуд, ки "WikiLeaks" бойгонии бузурги мукотибаи махфии дипломатҳои Амрикоро нашр кард. Дар ин мактубҳо муносибатҳои Амрико бо кишварҳои дигар, ҳолатҳои коррупсионӣ ва тавсифи роҳбарони давлатҳо ифода ёфта буданд.

17 июни соли 2022 вазири корҳои дохилии Британияи Кабир тасмим гирифт, ки Ҷулиан Ассанҷро ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико истирдод кунад, ки дар он ҷо ӯро 175 соли зиндон интизор аст. 9 июни соли 2023, Додгоҳи олии Англия ва Уэлс шикояти Ассанҷро аз қарори истирдод рад кард.

7-уми декабри соли 1988 дар Арманистон заминларзаи мудҳиш рух дод ва шаҳри Спитак пурра хароб шуда, даҳҳо ҳазор кас ҷони худро аз даст доданд. Ларзиш ҳамагӣ ним дақиқа идома кард, вале 21 шаҳр ва беш аз 300 деҳа зарар дида, 58 деҳа пурра вайрон гардид. Қувваи заминларза дар маркази он – шаҳри Спитак 10 баллро ташкил медод.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ин рӯз ҳамасола дар Арманистон ҳамчун Рӯзи ёдбуди қурбониёни заминларза таҷлил мешавад.

Коршиносон баъдан ҳисоб карданд, ки энергияи ин заминларза ба 10 бомби ҳастаӣ баробар будааст.

7-уми декабри соли 1941 Ҷопон ба пойгоҳи Перл-Харбори амрико ҳамла кард, ки боиси ворид шудани Амрико ба Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ гардид.

Пойгоҳи бузургтарини баҳрии Амрико дар уқёнуси Ором, воқеъ дар ҷазираи Оаху, соати 07:55-и субҳ бидуни эълони ҷанг аз ҷониби 353 ҳавопаймои ҷопонӣ мавриди ҳамла қарор гирифт. Дар давоми ду соат қувваҳои асосии флоти уқёнуси Ором нобуд карда шуданд. Ин ҳамла баъд аз он сурат гирифт, ки Амрико ба Ҷопон маҳдудиятҳои иқтисодӣ, аз ҷумла дар савдои нафт эълон намуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Бо фармони президенти Амрико – Барак Обама ин рӯз Рӯзи миллии ёдбуд эълон шудааст.

 

ВАЗЪИ ҲАВО

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои водӣ борон ва барф ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ барф борида, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4º, рӯзона 4+9º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4-9º сард, рӯзона 0+5º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3º, рӯзона 9+14º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона -2+3º, рӯзона 2+7º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ барф борида, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 3+8º гарм, рӯзона 10+15º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -3+2º, дар баъзе ноҳияҳо то 5-7º сард, рӯзона 2+7º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбӣ борон ва барф ва дар баъзе минтақаҳои шарқӣ барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 4-9º сард, дар баъзе ноҳияҳо то -1+1º, рӯзона 1+6º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 7+9º гарм, дар шарқи вилоят шабона 15-20º сард, дар баъзе минтақаҳо то 23-25º сард, рӯзона 1-6º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 2+4º гарм, рӯзона 13+15º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: шабона 0+2º гарм, рӯзона 7+9º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 0+2º гарм, рӯзона 10+12º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон ва барф меборад. Ҳарорат: шабона 7-9º сард, рӯзона 4+6º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...