Идомаи “шикори хлопушка”. Боз ду нафарро бо гумони фурӯши маводи тарфгарӣ боздошт кардаанд

Вазорати корҳои дохилии кишвар аз боздошти ду ҷавони дигар бо гумони фурӯши ғайриқонунии маводи тарфгарӣ ("хлопушка" ва "салют") иттилоъ дода, гуфтааст, алайҳи онҳо бо иттиҳоми “муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ” парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст. Аз ҷумла, дирӯз, 8-уми декабр пулиси Душанбе аз боздошти Меҳрубон Абдурасулов ном сокини 21-солаи пойтахт иттилоъ додаааст. Манбаъ гуфт, аз ӯ 15 ҳазору 300 дона […]

Asia-Plus

Вазорати корҳои дохилии кишвар аз боздошти ду ҷавони дигар бо гумони фурӯши ғайриқонунии маводи тарфгарӣ ("хлопушка" ва "салют") иттилоъ дода, гуфтааст, алайҳи онҳо бо иттиҳоми “муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ” парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст.

Аз ҷумла, дирӯз, 8-уми декабр пулиси Душанбе аз боздошти Меҳрубон Абдурасулов ном сокини 21-солаи пойтахт иттилоъ додаааст. Манбаъ гуфт, аз ӯ 15 ҳазору 300 дона маводи тарфгарӣ бо навиштаҷоти “Трения” дарёфт ва мусодира шудааст.

Пулиси Душанбе мегӯяд, “бо мақсади оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 199, иловаи 1 Кодекси ҷиноятӣ (муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ), тафтишоти пешакӣ идома дорад”. Ин банди қунун то 37 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима ё ду сол ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ пешбинӣ мекунад.

Ҳамчунин, сомонаи ВКД навиштааст, ки рӯзи 5-уми декабр дар Балҷувон ҷавони 32-сола ҳангоми фурӯши маводи тарфгарӣ дар мағозаи хӯроквории “Усмонҷон” дастгир шудааст. Манбаъ менависад, ки аз мағозаи ӯ 70 қуттӣ, ки дар дохили ҳар яке 10 қуттичаи дорои 45 “капсула”-и тарфгарӣ мавҷуд буд, дарёфт ва мусодира шудааст.

Нисбати боздоштшуда бо қисми 2-и моддаи 199 (иловаи 1)-и Кодекси ҷиноӣ бо иттиҳоми “муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ) ба миқдори калон”  парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. Ин банди қунун то 37 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима ё ду сол ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ пешбинӣ мекунад.

Мақомот бори дигар аз шаҳрвандон талаб кардаанд, ки барои пешгирии истифодаи ғайриқонунии маводи тарфгарӣ ба мақомот мусоидат кунанд.

Бояд гуфт, мавсими мусодираи маводҳои тарфгарӣ ё ба иcтилоҳи маъмул “шикори хлопушка” дар Тоҷикистон дар соли ҷорӣ оғоз шуда, мақомот қаблан низ аз боздошти як ҷавон ба фурӯши маводи тарфгарӣ хабар дода буд.

Бояд гуфт, ки бо наздик шудани ҷашни Соли нав садои “хлопушка”-ву “салют”-ҳо фазои ороми атрофро халадор мекунанд. Алоқамандони чунин амалҳо бештар кӯдакону наврасонанд, ки аз “таркиш”-и чунин мавод “илҳом” мегиранд ва хурсандӣ мекунанд. Барои бархеҳо садои ин “таркишҳо” писанд несту шикоят мекунанд, аммо бархеи дигар инро мояи хушиву хурсандии кӯдакон медонанд.

Дар гузашта мақомот дар мавриди паёмадҳои таркиши маводҳои тарфгарӣ, ба мисли сӯхтор ва захмӣ шудан одамон хабар дода буданд. Мақомот мегӯянд, маҳз ҳамин чиз сабаб шуд, ки воридот ва истифодаи онро дар кишвар манъ кунанд.

Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазоҳо пешбинӣ шудааст, дар ин маводи мо хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.