Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 декабри соли 2025

Date:

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз, соати 10:00 Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон паёми солонаи худро ба парлумони кишвар ироа мекунад. Дар паёми раисҷумҳур нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар соли ҷорӣ натиҷагирӣ шуда, барномаи ҳукумат барои соли оянда эълон мешавад.

Паёми президенти кишвар соати 10:00 дар бинои Парлумони Тоҷикистон оғоз гардида, тариқи шабакаи телевизионии кишвар мустақим пахш карда мешавад.

Дар бораи он ки роҳбари давлат, дар паёми соли гузашта чӣ дастуру супоришҳо дод ва бо гузашти як сол кадоме аз онҳо иҷро шуд, дар ин маводи "Азия-Плюс" хонед.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 1960 – Дар Норак шаҳри энергетикҳо таъсис дода шуд, ки дар наздикиаш Нерӯгоҳи барқии "Норак" ба номи Т. Ӯлҷабоев сохта шудааст.

Соли 2002 – Раванди ба тобеияти Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии  Тоҷикистон супоридани дастаи марзбонони Мурғоб ба анҷом расид.

Соли 2006 – Тоҷикистон ба Созишнома дар бораи таъсиси Маркази иттилоотии ҳамоҳангсозии мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, маводи психотропӣ ва прекурсорҳо дар Осиёи Марказӣ ҳамроҳ шуд.

Соли 2010 – Аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонун “Дар бораи манъи истифодаи тамоку”-ро тасдиқ намуданд.

Соли 2019 – Додгоҳи Душанбе чаҳор пулиси тоҷикро дар шиканҷа ва сӯиистифода аз мақом гунаҳкор дониста, аз 7 то ба 17 соли зиндон маҳкум кард.

Соли 2020 – Пас аз 30 соли бефаъолиятӣ корхонаи истеҳсоли орд дар Душанбе ба кор даромад.  

Соли 2020 – Ҳукумати шаҳри Душанбе лоиҳаи нави “Боғи ҳайвонот”-ро муаррифӣ кард.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1908 – Зодрӯзи Гулчеҳра Бақоева, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Гулчеҳра Бақоева

Гулчеҳра Бақоева яке аз ҳунарпешаҳои маъруфи синамо ва театр буда, садҳо нақши занони ҷасуру мубориз ва софдилро иҷро намудааст.

Фаъолияташ соли 1927 дар театри сайёри Бухоро оғоз ёфта, дар Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ давом медиҳад.

Нақшҳои Марина Мнишек дар “Борис Годунов”, Леди Милфорд дар “Макр ва муҳаббат”, Ҷаннатхон дар “Тӯҳмат”, Қумрӣ дар “Калтакдорони сурх”, Таҳмина дар “Рустам ва Суҳроб”, Эмилия, доя дар “Отелло”, кампири мутаассиб Иқлимбону дар “Саодат”, Ҷаҳонхола дар “Оршин-мололон” иҷро кардааст.

Ӯ 17 марти соли 1975 дар синни 66-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 1939 – Мавлуди Амир Хошок, шоир

Соли 1944 – Зодрӯзи Амонбек Шоҳзода, шоир

Соли 1957 – Мавлуди Хурмо Ширинова, сарояндаи сурудҳои эстрадӣ, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Хурмо Ширинова

Хурмо Ширинова яке аз маҳбубтарин овозхонҳои тоҷик аст. Фаъолияти эҷодии ӯ дар ансамбли эстрадии “Гулшан” оғоз гардидааст. Хурмо дар солҳои 1980-ум яке аз машҳуртарин сарояндагони сурудҳои эстрадӣ буд ва “Ман омадаам”, “Маҳбубаи ҷон”, “Ширин-ширин”, “Фаромӯш макун”, “Даври ҷавонӣ”, “Масӯзон”, “Ману дарё”, “Дунё манам”, “Ҷаҳони ман”, “Кабки дарӣ”, “Қиссаи вафо”, “Дунёи дил” аз қабили марғубаш таронаҳояш маҳсуб меёбанд. Махсусан, сурудҳои “Ману Дарё” ва “Кафтараки ман” шуҳрати овозхонии хурмо Шириноваро дучанд боло бурдаанд.

Ӯ пас аз омадан ба ансамбли эстрадии “Гулшан” бо Рустам Раҳимов, ки дар ин ансамбл ҳамчун навозандаи созҳои зарбӣ фаъолият мекард, дил баст ва хонадор шуд. 

Мутассифона, Хурмо Ширинова соли 1998 дар айёми гулшукуфти ҳунар, дар айёме, ки ҳанӯз орзуи тавлиди сурудҳои нав ба нав зиёд буданду пораоҳангҳои нотамом дар интизори такмил шудан буданд, аз бемории саратон ин дунёро падруд гуфт.

Соли 1968 – Мавлуди Виктор Никулин, журналист аст, ки соли 1996 дар шаҳри Душанбе кушта шуд

Соли 2014 – Суҳроб Қосимов, яке аз фармондеҳони бонуфузи фронти халқии Тоҷикистон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ аз олам даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз Рӯзи байнамилалии фатҳи қуллаҳо ҷашн гирифта мешавад. Ин ҷашни натанҳо кӯҳнавардон, балки тамоми шахсонест, ки дар ҳаёти шахсиву касбӣ қуллаеро фатҳ мекунанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Гумон меравад, ки аввалҳо номи ин ҷашн ба маънои маҷозӣ фаҳмида ва ҷашн гирифта намешуд. Яъне ин ҷашн маҳз аз ҷониби дӯстдорони кӯҳнавардӣ таъсис дода шуд, ки дар ин рӯз қуллаҳои нави забтшударо ҷашн мегирифтанд. Аммо баъдтар ҷашн маънои васеътар пайдо кард ва ҳамчун синоними расидан ба ҳадаф дар байни мардум маъмул шуд.

16 декабр Рӯзи таъсисёбии бошгоҳи футболи Милан аст. Он соли 1899 аз ҷониби Алфред Эдвардс, зодаи Бритониё таъсис ёфтааст. Ҳерберт Килпин аввалин капитани дастаи Милан шуд. Маҳз ӯ либоси клуб ва рангҳои он: сиёҳ ва сурхро таҳия кардааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Имрӯз бошгоҳи футболи касбии итолиёвии “Милан” яке аз бошгоҳҳои маъруфи ҷаҳон буда, ба даҳгонаи сердаромадтарин бошгоҳҳои футбол дар ҷаҳон шомил аст.

16-уми декабри соли 1946 Кристиан Диор дар шаҳри Париж хонаи мӯд таъсис дод. Дар ибтидо шумораи кормандон 85 нафарро ташкил медод ва сармояи ибтидоии ширкат 6 миллион франк буд. То соли 1952 филиали ширкат бо номи Christian Dior Models Limited дар шаҳри Лондон ифтитоҳ гардид. Як сол баъд фаъолияти он ба кишварҳои Мексика, Канада, Куба ва Италия низ густариш ёфт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Имрӯз хонаи мӯди фаронсавии Christian Dior ба истеҳсоли либос, атриёт, косметикаи ороишӣ, лавозимот, ҷӯроб ва маҳсулоти нигоҳубини пӯст машғул мебошад. Гардиши солонаи ширкат беш аз 20 миллиард евро буда, дар он зиёда аз 76 ҳазор нафар кор мекунанд.

34 сол пеш аз ин дар ҳамин рӯз, Қазоқистон истиқлолияти давлатии худро эълон кард. 16-уми декабри соли 1991 Шӯрои Олии Қазоқистон қонун “Дар бораи истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлатии Қазоқистон”-ро қабул намуд. Қазоқистон охирин ҷумҳурӣ аз кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ буд, ки қонуни истиқлолияти худро қабул кард.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

ВАЗЪИ ҲАВО

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон ва барф борида, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 1+6º гарм, рӯзона 8+13º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6º сард, рӯзона 0+5º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 3+8º гарм, рӯзона 10+15º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5º гарм, рӯзона 8+13º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 2+7º гарм, рӯзона 10+15º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7º сард, рӯзона 3+8º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, шабона дар баъзе ноҳияҳо барф борида, рӯзона ҳавои бебориш дар назар аст. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона -4+1º, дар баъзе ноҳияҳо то 4+6º гарм, рӯзона 4+9º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 10+12º гарм, дар шарқи вилоят шабона 14-19º сард, рӯзона -4+1º.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 5+7º гарм рӯзона 12+14º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 3+5º гарм, рӯзона 10+12º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 7+9º гарм, рӯзона 13+15º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, шабона барф борида, рӯзона ҳавои бебориш дар назар аст. Ҳарорат: шабона 1-3º сард, рӯзона 4+6º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...