Ҳушдори ҳавошиносон: Се рӯзи оянда дар кишвар борону барфи пуршиддат меборад

Date:

Аз 20-ум то 22-юми декабр дар дар Тоҷикистон ҳаво сард шуда, боридани борону барфи пуршиддат пешгӯӣ мешаванд. Дар ин бора Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон хабар дода, аз эҳтимоли фаромадани тормеғ ва яхбандии роҳҳо дар чанд рӯзи оянда иттилоъ додааст.

Ин ниҳод навиштааст, ки дар ин рӯзҳо дар водиҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон боридани борону барфи дар назар аст. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳӣ, инчунин дар вилояти Суғд барф меборад.

“Рӯзи 20-уми декабр дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳию кӯҳии вилояти Суғд боришоти бошиддат пешгӯӣ мешавад. Дар бештари ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ба ғайр аз ВМКБ тормеғ фаромада, бадшавии дурии биниш то 300 метр дар назар аст”, – гуфтааст Оҷонсии ҳавошиносии кишвар.

Ин ниҳод гуфтааст, дар пайи боришоти бошиддати барф, дар шоҳроҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо қабати ғафси барф ва яхбандӣ ба вуҷуд омада, “дар шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ ва мавзеи Майхураи ноҳияи Варзоб хатари фаромадани тарма пешгӯӣ мешавад.

Бояд гуфт, ки зимистони солҳои 2025-2026 дар Тоҷикистон нисбат ба солҳои пешин гармтар омад. Бо гузашти як моҳ аз фасли зимистон то ҳол дар кишвар, махсусан дар Душанбе барф наборидааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...