Мақомот дар хонаи як корманди шабакаҳои тақсимоти барқ дуздии барқро ошкор кардаанд

Як корманди зеристгоҳи барқии 35/10 "Кангурт" (ноҳияи Темурмалик), ки ба Шабакаҳои барқии минтақаи Кӯлоб таллуқ дорад, ба дуздии барқ гумонбар дониста шуда, бар зиддиаш парвандаи маъмурӣ боз гардидааст. Дар ин бора Оҷонсии назорат дар соҳаи энергетика рӯзи 20-уми декабр хабар дода, аз ин корманд Шуҳрат Самиев ном бурдааст. Манбаъ гуфтааст, ки гумонбар “аз бинои навбатдорӣ то хонаи […]

Идибеки Саид, махсус барои Asia-Plus

Як корманди зеристгоҳи барқии 35/10 "Кангурт" (ноҳияи Темурмалик), ки ба Шабакаҳои барқии минтақаи Кӯлоб таллуқ дорад, ба дуздии барқ гумонбар дониста шуда, бар зиддиаш парвандаи маъмурӣ боз гардидааст. Дар ин бора Оҷонсии назорат дар соҳаи энергетика рӯзи 20-уми декабр хабар дода, аз ин корманд Шуҳрат Самиев ном бурдааст.

Манбаъ гуфтааст, ки гумонбар “аз бинои навбатдорӣ то хонаи истиқоматиаш, ки дар наздикии зеристгоҳ ҷойгир аст, хатти барқро пинҳонӣ кашида, бидуни пайвастшавӣ ба ҳисобкунак аз нерӯи барқ ғайриқонунӣ истифода мебурдааст”.

“Гузашта аз ин, бинои навбатдорони зеристгоҳи барқи дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, навбатдорон аз таҷҳизотҳои худсохти барқӣ истифода менамуданд”, – гуфтааст Оҷонсӣ.

Ин ниҳод зикр кардааст, ки нисбати Самиев парванди маъмурӣ боз шудааст, вале нагуфтааст, бо кадом моддаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикуистон.

Назари худи Шуҳрат Самиев дар ин маврид маълум нест.

Ошкор шудани дуздии барқ аз сӯи як корманди шабкаҳои барқ дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар чанде пеш дар паёми солонааш низ аз тарафи кормандони соҳа сӯисфтифода аз мансабро танқид кард.

Ӯ гуфта буд, ки “аз тарафи баъзе кормандони соҳа, пардохтҳо пурра ба ҳисоб гирифта намешуданд ва талафоти беасоси нерӯи барқ ба таври сунъӣ ба зимаи аҳолӣ ва дигар гурӯҳҳои истифодабарндагони нерӯи барқ гузаронида мешуд".

Ӯ афзуд, ки маблағҳоро “пурра аз аҳолӣ ҷамъоварӣ мекарданд ва маблағро сӯистифода карда” аҳолиро қарздор мекарданд.

Тибқи иттилои расмӣ, соли ҷорӣ талафоти нерӯи барқ дар кишвар 3 миллиард кВт соатро ташкил додааст.

Ёдрас мешавем, ки имсол ҷазо барои истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ ва саркашӣ аз пардохти пули он сангин шуд. Бар асоси Кодекси ҷиноятӣ касоне, ки қоидаҳои истифодаи нерӯи барқро вайрон ва аз пардохти пули он саркашӣ мекунанд, аз 27 ҳазор то 90 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё аз 3 то 10 сол зиндонӣ мешаванд.

Пурзӯр кардани ҷазо барои истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ дар ҳолест, ки ҳамасола дар фасли тирамоҳу зимистон дар кишвар маҳдудият ё “лимит”-и барқ ҷорӣ мешавад. Имсол он шадидтар шуда, тибқи мушоҳида, аҳолӣ дар як шабонарӯз аз 2 то 4 соат нерӯи барқ доранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.