Вазъи ҳаво дар рӯзҳои таҷлили Соли нав. Боришоту барф дар кӯҳҳо ва хавфи тармафароӣ

Вазъи ҳаво дар Тоҷикистон дар рӯзҳои охири соли равон ва аввали соли оянда ноустувор мешавад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Агентии ҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, дар бисёре аз минтақаҳо борон борида, дар ноҳияҳои кӯҳӣ вазъият метавонад бар асари боридани барф ва шамоли сахт душвортар шавад. Дар шаҳри Душанбе рӯзи 31-уми декабр ҳаво […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Вазъи ҳаво дар Тоҷикистон дар рӯзҳои охири соли равон ва аввали соли оянда ноустувор мешавад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Агентии ҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар бисёре аз минтақаҳо борон борида, дар ноҳияҳои кӯҳӣ вазъият метавонад бар асари боридани барф ва шамоли сахт душвортар шавад.

Дар шаҳри Душанбе рӯзи 31-уми декабр ҳаво абрнок шуда, борон меборад. Ҳарорат шабона 3-5 дараҷа ва рӯзона 5-7 дараҷа гарм мешавад. Шамол муътадил аз самти ғарб мевазад.

Рӯзи 1-уми январи соли 2026 боришот боқӣ монда, лекин кӯтоҳмуддат пешбинӣ мешавад. Шабона ҳарорат то 0-2 дараҷа ва рӯзона боз ба сатҳи 5-7 дараҷа гарм боло меравад.

Дар водиҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, баъзан борон меборад. Ҳарорат рӯзона то 10 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ борону барф, баъзан пуршиддат дар назар аст. Шабона ҳавои сард дар назар буда, ҳарорат баъзан метавонад то 0 дараҷа поин равад.

Дар водиҳои вилояти Суғд рӯи 31-уми декабр борон мебошша ва ҳарорат то 12-13 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳ ва кӯҳҳо боридани борону барф аз эҳтимол дур нест. Рӯзи 1-уми январ боришот ба водиҳо низ гузашта, пурзӯр шудани вазиши шамол ҳаворо хунук мекунад. Ҳаво рӯзона то 3-8 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои нисбатан гарм пешбинӣ мешавад. Рӯзи 31-уми декабр ҳарорат дар водиҳо 10-15 дараҷа гарм мешавад. Аммо рӯзи 1-уми январ борон борида, дар доманакӯҳҳо боридани барф дар назар аст. Ҳарорат то 3-8 дараҷа гарм поин меравад.

Ҳавои нисбатан хунук дар ин рӯзҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пешбинӣ шудааст. Дар ғарби вилоят рӯзона боришот ва поинравии ҳарорат дар назар аст. Дар шарқи минтақа ҳавои сард пешбинӣ шудааст: шабона то 25 дараҷа ва рӯзона – то 15 дараҷа хунук.

Обуҳавошиносон ҳамчунин ҳушдор медиҳанд, ки рӯзҳои 30 ва 31-уми декабр бар асари боришоти зиёд дар роҳи мошингарди Душанбе – Чанок, инчунин қитъаи роҳи Майхӯра хавфи фаромадани тарма боқӣ мемонад. Ба ронандагон тавсия дода шудааст, ки зимни ба нақша гирифтани сафар шароити обуҳаворо ба инобат гиранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио