Раиси ҷамъияти тоҷикон дар Пермро аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва аз ин кишвар ихроҷ кардаанд

Идораи Хадамоти федералии амнияти Русия (ФСБ) дар вилояти Перм аз ихроҷи “як зодаи Осиёи Марказӣ” бо гумони “содир кардани амалҳое, ки ба амнияти Русия таҳдид мекунанд", хабар додааст.  Ҳарчанд ин ниҳод дар мавриди нафари ихроҷшуда иттилои бештаре надодааст, вале расонаҳои русӣ, аз ҷумла, “Коммерсант”, рӯзи 30-юми декабр навиштааст, ки ин фард Сайфиддин Одинаев, раиси ҷамъият ё диаспораи тоҷикон […]

Asia-Plus

Идораи Хадамоти федералии амнияти Русия (ФСБ) дар вилояти Перм аз ихроҷи “як зодаи Осиёи Марказӣ” бо гумони “содир кардани амалҳое, ки ба амнияти Русия таҳдид мекунанд", хабар додааст. 

Ҳарчанд ин ниҳод дар мавриди нафари ихроҷшуда иттилои бештаре надодааст, вале расонаҳои русӣ, аз ҷумла, “Коммерсант”, рӯзи 30-юми декабр навиштааст, ки ин фард Сайфиддин Одинаев, раиси ҷамъият ё диаспораи тоҷикон дар вилояти Перми Русия ва зодаи Тоҷикистон аст.

Ин ниҳод ҳамчунин, гуфтааст, ки ӯ аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва вурудаш ба муддати 50 сол ба ин кишвар манъ шудааст.

Мақомоти Русия мушаххас нагуфтаанд, ки кадом амалҳои ӯ “ба амнияти Русия таҳдид мекунанд”, ки боиси аз шаҳрвандӣ маҳрум ва аз Русия ихроҷ шуданаш гардид.

Назари Одинаев дар робита ба ин қазия маълум нест.

Ба навиштаи расонаҳои Русия, Сайфиддин Одинаев соли 2014 бо иттиҳоми “роҳзанӣ” 11 моҳ ҳабс шудааст. Ӯ ба он муттаҳам мешуд, ки аз як ҳамватани худ талаб кард, ки телефони мобилиро ба ӯ диҳад ва вақте ки посухи рад гирифт, аз дасти ҷабрдида телефонро бо зӯрӣ гирифт. Бо назардошти мӯҳлати боздошти пешакӣ, ӯ тақрибан се моҳ дар ҳабс буд.

Маълум нест, ки худи ӯ дар ин маврид чӣ назар дорад. 

Ин бори аввал нест, ки як роҳбари ҷамъияти тоҷикон дар Русия аз шаҳрвандӣ маҳрум ва аз ин кишвавр ихроҷ мешаванд. Аз ҷумла, Русия соли 2017 Каромат Шарипов, роҳбари ҳаракати умумирусиягии "Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик” аз ин кишвар ихроҷ ва шаҳрвандиашро бекор карда буд.

Ӯ баъд аз як рӯзи қабули ҳукми Додгоҳи Маскав ба Тоҷикистон баргашт. Додгоҳ Шариповро ба он гунаҳкор кард, ки шаҳрвандии Русияро ғайриқонунӣ ба даст овардааст. Худи ӯ гуфта буд, ки ихроҷаш фармоишӣ аст ва  “фаъолияти густардаи ӯ дар самти ҳимояи муҳоҷирон ба ихроҷаш аз Русия сабаб шудааст”.

Дар солҳои охир, Каромат Шарипов дар зодгоҳаш шаҳри Ваҳдат зиндагӣ мекард. Ӯ 9-уми майи соли 2020 аз сактаи қалб даргузашт.

Ҳамчунин, дар соли 2021, Иззат Амон, раиси Маркази тоҷикон дар Русия ба "фаъолияти ғайриқонунӣ" гунаҳкор ва бо қарори Додгоҳи ноҳияи Твери шаҳри Маскав аз ин кишвар ихроҷ шуд.

Иззат Амон рӯзи 25-уми март дар Русия нопадид шуд ва баъдан ВКД Тоҷикистон гуфт, ӯро дар Душанбе боздошт ва алайҳи ӯ бо гумони "қаллобӣ ба миқдори махсусан калон" (қисми чаҳори моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ) парванда боз кардааст. Ӯ аввал бо ин модда 9 сол ва як сол пас, бо иттиҳоми "қаллобӣ" 6 соли дигар зиндон шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.