Додгоҳи вилояти Хатлон як зани сокини ноҳияи Хуросонро барои куштори духтари сесолааш ба 18 соли зиндон маҳкум кардааст. Мақомот аз ин зан Ситора Бобоева ном бурда гуфтанд, “ӯ аз якравии фарзанди хурдсолаш асабӣ шуда, духтарчаро латукӯб ва бо селофан буғӣ карда куштааст”.
Варқа Зайниддин, ёрдамчии додситони вилояти Хатлон ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки зан модари 4 фарзанд ва сокини деҳаи Ҳосилоти ин ноҳия будааст. Ҳукми додгоҳ рӯзи 25-уми ноябри соли 2025 содир шудааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳодиса рӯзи 13-уми сентябри соли 2025 ҳангоми ба тозакунии оғилхонааш машғул будани Ситора Бобоева рух додааст.
“Духтараш – М.-и сесола ба назди модараш омада хоҳиш мекунад, ки ба ӯ ширинӣ диҳад. Ситора Бобоева мегӯяд, баъди анҷоми кораш ширинӣ медиҳад. Вале духтарча якравӣ карда, гиря мекунад, ки ҳозир диҳад. Ситора ба ин рафтори кӯдакаш тоқат накарда, ӯро латукӯб ва баъдан бо селофан буғӣ карда, аз ҳаёт маҳрум месозад”, – гуфт Варқа Зайниддин.
Ӯ афзуд, ки модар пас аз ин ҷасади духтарашро дар оғил пинҳон карда, ба кӯча баромада, фарёд мезанад, ки “ӯ гум шудааст”.
Ба қавли манбаъ, Ситора Бобоева бо мақсади пинҳон кардани ҷиноят шаби 13 ба 14-уми сентябр ҷасади духтарашро ба “канал”-и калони деҳаашон мепартояд. Пайкари Мавлуда Бобозодаи сесола рӯзи 17-уми сентябр аз деҳаи Бандари ноҳияи Хуросон пайдо ва ҳангоми ташхиси ҷасад аломатҳои марги маҷбурӣ ошкор мегардад.
Варқа Зайниддин гуфт, ки Ситора Бобоева худи ҳамон рӯз боздошт ва алайҳаш бо иттиҳоми “куштори шахси бараъло ноболиғ” (модаи 104 қисми 2 банди “в” КҶ) парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Ҳамин тариқ, бо ҳукми додгоҳ 18 сол равонаи зиндон шуд.
Назари маҳкумшуда, наздикон ва вакили дифояш ба ин қазия ва ҳамин тариқ, ҳукм маълум нест.
Бояд гуфт, дар соли сипаришуда куштори фарзандон аз сӯйи волидон дар Тоҷикистон ҷомеаи кишварро сахт нигарон кард. Чанд моҳ қабл, Мадина Ҳалимова, зани 28-сола аз Фархор, худ ва чаҳор фарзандашро ба дарёи Сурхоб андохт, ки танҳо худаш зинда монд. Додгоҳи вилояти Хатлон ин занро ба куштор гунаҳкор ва ба муддати 20 сол равонаи зиндон кард.
Дар моҳи июн як зани 24-солаи сокини ноҳияи Қубодиён низ 3 кӯдакашро бо корд захмӣ кард, ки дар пайи ин як кӯдаки хурдсоли ӯ фавтид. Ин зан бо қарори додгоҳ ба куштор гунаҳкор ва ба 28 соли зиндон маҳкум гардид.
Ахиран Додгоҳи олии Тоҷикистон Парвиз Одинаевро, ки моҳи июли соли 2025, бо гумони азият ва куштори писари 15-солааш боздошт шуда буд, ба 25 соли зиндон маҳкум кард.
Ин ҳама ҳаводиси фоҷеабор дар шабакаҳои интернетӣ густурда паҳн гардид ва баҳси тундеро дар ҷомеа ба вуҷуд овард.


