Сафорати Амрико дар Тоҷикистон расман эълон кард, ки Котиботи давлатии ин кишвар барномаи қуръакашӣ ё лотереяи “Корти сабз” (“Green Card”)-ро муваққатан боздоштааст. Ғайр аз ин, онҳое ки барандаи ин қуръакашӣ ҳастанд, метавонанд аз мусоҳиба гузаранд, вале муваққатан раводид намегиранд.
“Аризадиҳандагони барнома метавонанд аризаҳои худро супорида, мусоҳиба гузаранд ва Котиботи давлатӣ таъини мусоҳибаҳоро барои аризадиҳандагони барнома идома хоҳад дод, лекин ягон раводид дар чаҳорчӯбаи ин барнома судур нахоҳад шуд. Умуман, мусоҳибаҳои аллакай таъйиншуда дар доираи ин барнома ба санаи дигар гузаронида ё лағв карда намешаванд.”, – навишт Сафорат ИМА дар Тоҷикистон.
Ба гуфтаи манбаъ, дар сурати пайдо шудани иттилои дигаре дар ин маврид Котиботи давлатии Амрико аризадиҳандагонро огоҳ хоҳад кард.
Сафорат ҷузъиёти дигаре дар ин маврид ироа накардааст.
Дастури боздошти барномаи мазкурро чанде пеш Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико баъди тирпарронӣ дар Донишгоҳи Брауни шаҳри Провиденс дар рӯзи 13-уми декабри соли 2025, ки дар пайи он, ду кас кушта ва 18 тан маҷруҳ шуданд, содир карда буд.
Гуфта мешуд, гумонбари ин ҳодиса Клаудио Мануэл Невеш Валенте, шаҳрванди 48-солаи Пуртуғол буда, соли 2017 тавассути барномаи лотереяи “Корти сабз” ба Амрико ворид шудааст.
Боз доштани қуръакашии “Корти сабз” дар ҳолест, ки ҳамасола дар моҳҳои октябр ва ноябр сабтином дар ин барнома оғоз мешуд. Вале имсол оғоз нашуд. Сабабаш ҳам шарҳ дода намешавад.
Ҳамасола даҳҳо тан аз Тоҷикистон “Корти сабз”-ро пур мекунанд ва миқдори камашон соҳиби он мегарданд. Аз ҷумла, соли гузашта аз Тоҷикистон 2 ҳазору 982 кас барандаи “Корти сабз” шуда буданд.
Сар аз соли 1990, ҳамасола Департаменти давлатии ИМА тавассути лотерея ба шаҳрвандони кишварҳое, ки мизони муҳоҷирати таърихан паст ба ИМА доранд, аз ҷумла ба Тоҷикистон, 50 ҳазор раводиди иқомати доимӣ медиҳад. Ғолибони лотереяи “ Корти сабз” ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки ба таври қонунӣ дар Амрико зиндагӣ кунанд.
Дар ин матлаби таҳиянамудаи мо дар бораи пур кардани мустақилонаи аризаи "Green Card" ва дар матлаби дигари дар бораи чӣ гуна санҷидани натиҷаҳои бозии лотерея ва ба доми қаллобон наафтодан маълумот пайдо кунед.


