spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Нақшаи ҷамъоварии пахта дар Тоҷикистон 18% иҷро шуд

То имрӯз дар Тоҷикистон ҳудуди 80 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки каме бештар аз 18%-и нақшаро ташкил медиҳад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ.

Бино ба маълумоти Вазорат, айни замон дар вилояти Хатлон наздики 67 ҳазор тонна, вилояти Суғд – зиёда аз 12 ҳазор тонна ва Ноҳияҳои тобеи марказ (НТМ) – ҳудуди 600 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст.

Маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахта дар саросари кишвар идома дорад. Барои 1 кило пахтаи дастӣ ҷамъоварда дар давраи аввали ғунучини он 0,8-1 сомонӣ ва дар давраи дуюм – 1,2-1,5 сомонӣ пардохт мешавад. Хоҷагиҳои хусусӣ мустақилона нархро муқаррар мекунанд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Нархи пахта боло меравад, Тоҷикистон киштро кам мекунад

Имсол дар ҷумҳурӣ кишти пунбадона дар майдони 186 ҳазор гектар ба нақша гирифта шуда, лекин тибқи маълумоти оморӣ, дар хоҷагиҳои пахтакори кишвар 181 ҳазору 541 гектар пахта кишт шудааст: дар Суғд – 57,2 ҳазор гектар, Хатлон – қариб 121,7 ҳазор гектар ва дар Ноҳияҳои тобеи марказ – 2,7 ҳазор гектар.

Мувофиқи нақшаи пешбинишуда, имсол дар Тоҷикистон ҷамъоварии 425 ҳазор тонна ҳосили пахта дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки дар Точикистон майдони кишти пахта сол аз сол кам мешавад. Бо вуҷуди ин, аз ҳисоби баланд бардоштани ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар ба даст овардани ҳамон ҳаҷми ҳосили пахта (тақрибан 400-420 ҳазор тонна) пешбинӣ мешавад.

Тибқи маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нав, дар ҷумҳурӣ ҳудуди 30 корхонаи саноати нассоҷӣ (текстил) амал мекунад, ки иқтидори умумии коркарди онҳо то 70 ҳазор тонна нахи пахта дар як солро ташкил медиҳад. Аммо дар ин корхонаҳо дар як сол ҳамагӣ ҳудуди 20 ҳазор тонна ашёи хом коркард мешавад.

Боқимондааш ба хориҷи кишвар интиқол меёбад. Дар ҳамин ҳол, ҳукумати кишвар ният дорад, ки дар се соли оянда содироти нахи пахтаро 20 ҳазор тонна кам кунад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Ӯзбекистон воридоти пахтаро аз Тоҷикистон зиёд кард

Дар Дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2024 дар ин робита гуфта мешавад, соли ҷорӣ содироти 60 ҳазор тонна нахи пахта ба маблағи 89,9 млн доллар пешбинӣ гардида, дар соли 2023 ин нишондиҳанда 50 ҳазор тонна (78,6 млн доллар) ва соли 2024 – 40 ҳазор тонна (66,1 млн доллар) дар назар дошта шудааст.

Зикр кардан бамаврид аст, ки соли равон нархи пахта дар бозори ҷаҳонӣ 30% боло рафта, ин нишондиҳанда рекордӣ тайи зиёда аз 10 соли ахир мебошад. Сабаби болоравии нархи он хушксолиҳо ва гармии ғайримаъмулӣ арзёбӣ мешавад.

Бо назардошти нархҳо дар бозори ҷаҳонӣ, мутахассисон қимати ҳадди аққали 1 тонна пахтаи нахи миёнаи дар Тоҷикистон истеҳсолшударо ҳудуди 11 ҳазор сомонӣ ва пахтаи маҳиннахро – 16 ҳазор сомонӣ арзёбӣ мекунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...