Шаби 14-уми январ Султонмуроди Одина, шоир, нависанда ва рӯзноманигори тоҷик дар 75-солагӣ даргузашт. Дар ин бора рӯзноманигор Суҳроби Зиё дар саҳифаи худ дар фейсбук хабар дод.
Ҷанозаи марҳум имрӯз, 15-уми январ пас аз намози пешин дар деҳаи Шопури шаҳри Ҳисор баргузор мегардад.
Султонмуроди Одина 3 ноябри соли 1950 дар деҳаи Кӯҳони шаҳри Ҳисор таваллуд шуда, соли 1972 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро хатм кардааст.
Чанд сол дар шаҳри Ҳисор ба ҳайси муаллими забон ва адабиёт кор карда, аз соли 1980 то 2023 дар вазифаҳои гуногуни ҳукумати ин шаҳр фаъолият намудааст. Аз ҷумла, аз соли 1990 то 1994 узви комиссияи таҳияи Конститутсияи Тоҷикистон ҷалб шуда, солҳои 1994–1995 узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон буд.
Султонмуроди Одина муассиси маҷаллаи “Маорифи Ҳисор” аст ва аз соли 2012 то дами охир сармуҳарририи маҷаллаи “Ҳисори зарнисор”-ро ба зимма дошт.
Дар шаҳри ҳоли ӯ гуфта мешавад, ки ӯ қисса, шеър, ҳикоя, асарҳои саҳнавӣ, публисистӣ, ҳуқуқӣ ва таълимию тарбиявӣ эҷод кардааст.
Аз ҷумла ӯ муаллифи китобҳои “Родмарди Ҳисорӣ”, “Ҷамоат”, “Муфтии шаҳид” (бо ҳамқаламии Х.Ашўров), “Дарёдил”, “Тобишҳои зиндагӣ”, “Бозтоби тақдир”, маҷмўаҳои шеърии “Шукрона”, “Дарди дил”, “Афсонаи шафақ”, “Мурғакони ризқҷў”, Нури ҳавас”, “Пайроҳаҳои камолот”, “Гулчини ҳавас”, “Асрори бозубанд”, “Меҳроби умед”, “Боли орзу”, “Идҳои ориёӣ”, “Санои афсона” ва даҳҳо китоби дигар аст.


