Рақамҳои зебо ва умедворкунанда, аммо мавриди шубҳаи коршиносон? Таҳлили вазъи иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2025

Date:

Натиҷаҳои иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2025 мисли солҳои пешин хеле хушбинанд: суръати баланди рушд, афзоиши даромади аҳолӣ, рушди истеҳсоли саноатӣ, коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва сармоягузориҳои бузургмиқёс. Мақомот вазъи иқтисодии кишварро маҳз ҳамин гуна тасвир мекунанд.

Аммо омори расмӣ на ҳамеша вазъи воқеиро, ки шаҳрвандон бо он дар сатҳи даромади оила, бозори кор ва дастрасӣ ба имконот дучор мешаванд, инъикос мекунад.

ММД афзоиш ёфта, вобастагӣ боқӣ мемонад

Сарфи назар аз хавфу хатарҳои беруна, суръати баланди рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2025 идома ёфт.

Бино ба маълумоти оморие, ки мацомоти тоыик пешнищод мекунанд, давоми моҳҳои январ-ноябри соли 2025 Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) 173 млрд сомонӣ (зиёда аз 18 млрд доллар) ва суръати воқеии рушд – 8,4%-ро ташкил дод. Дар натиҷа ММД ба ҳар сари аҳолӣ то 16,1 ҳазор сомонӣ (1,7 ҳазор доллар) афзуд.

Дар паёми чанде пеши президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зикр мешавад, ки тайи 10 соли ахир ҳаҷми ММД 3,4 баробар ва суръати миёнаи рушди солона дар ин давра – 7,6%-ро ташкил дод.

Барои таъмини рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар дар ин давра аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ беш аз 670 млрд сомонӣ, аз ҷумла 159 млрд сомонӣ сармояи хориҷӣ равона шуд.

Дар ин давра ҳаҷмии ММД ба ҳар сари аҳолӣ 2,7 баробар – аз 6 ҳазор сомонӣ дар соли 2015 то ба 16,1 ҳазор дар соли 2025 зиёд шуд.

Қобили зикр аст, ки пас аз коҳиши рушд дар соли пандемияи 2020 (то 4,5%), иқтисоди кишвар тайи чор соли ахир тибқи маълумоти расмӣ, бо суръати кофии баланд рушд меёбад : 9,2% дар соли 2021, 8,0% – дар соли 2022, 8,3% – дар соли 2023 ва 8,4% – дар соли 2024.

Мақомоти кишвар мисли солҳои пешин суръати баланди рушдро бо ҷараёни мусбати соҳаҳои асосии иқтисод, дар навбати аввал бахши кишоварзӣ, соҳаҳои саноат, сохтмон ва савдо маънидод мекунанд.

Як сол қабл низ изҳороти ба ин монанд садо медоданд. Соли 2024 низ мақомот дар бораи “соли муваффақи иқтисодӣ”, суръати баланди рушд ва таҳкими соҳаи молия ҳарф мезаданд.

Аммо иқтисодчиёни мустақил таъкид мекунанд, ки қисми зиёди рушд на аз ҳисоби тасеъаи истеҳсоли дохилӣ ва баланд бардоштани маҳсулнокии кор, балки аз ҳисоби манбаъҳои берунаи даромади аҳолӣ ва истеъмол таъмин шуданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Муҳоҷирони кории тоҷик

Мутахассисони байнулмилалӣ низ тақрибан ҳамин нуктаро зикр мекунанд: рушди иқтисод ба сурати умум “ба афзоиши истеъмол ба туфайли афзоиши интиқоли маблағ аз хориҷа таъмин шуд, ки ба оилаҳо барои харидани маҳсулоти ниёзи аввал ва маблағгзорӣ ба беҳбуди шароити зист ёрӣ мерасонад. Қисмати назарраси ин даромадҳо бевосита барои бароварда кардани эҳтиёҷоти маишӣ масраф шуда, хароҷоти оилаҳо асосан ба харидории маҳслуоти ғизоӣ, пардохти хидматрасониҳои тиббӣ ва таъмиру навсозии манзили зист марбут аст”.

Дурнамои иқтисоди Тоҷикистонро иқтисодчиёни Бонки ҷаҳонӣ ҳамчунин ба “ҷараёни нархҳо ба маҳсулоти ашёи хом бо назардошти аз се ду ҳиссаро ташкил додани фулузот ва минералҳо” зич вобаста медонанд.

Ба ин тариқ, иқтисоди кишвар ба омилҳои беруна, пеш аз ҳама ҳаҷми интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирон ва нархҳо ба ашёи хом, бахусус тилло ва алюминий ҳассос боқӣ мемонад.

Муфассалтар дар бораи пули муҳоҷирон

Тоҷикистон ба сафи кишварҳое шомил аст, ки бештар ба интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирон вобастаанд.

Бино ба маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, соли 2024 ҳаҷми интиқоли маблағҳо ба кишвар 5,8 млрд долларро ташкил дод. Ҳаҷми интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирон ба 45,2% нисбат ба ММД баробар шуд, ки баландтарин нишондиҳанда дар ҷаҳон дар ифодаи таносубӣ буд. Мақомоти Тоҷикистон ҳаҷми интиқоли пул аз сӯйи муҳоҷиронро ошкор намекунанд.

Маълумот барои соли 2025 ҳанӯз дастрас нест.

Интиқоли пул дар иқтисоди Тоҷикистон нақши муҳим дошта, аз ҷумла чунин самтҳоро таъмин мекунад:

– дастгирии талаботи дохилӣ. Оилаҳои муҳоҷирон пулро барои хариди маҳсулот ва пардохти хидматрасониҳо (нерӯи барқ, алоқа нақлиёт ва ғайра) истифода мебаранд.

– рӯйпӯш сохтани тавозуни савдои хориҷӣ. Муҳоҷирон ба ватан арз (асъор)-и хориҷӣ мефиристанд, ки аз ҳисоби он қисмати зиёди маҳсулоти воридотии зарурӣ барои кишвар рӯйпӯш мешавад.

– воридоти маблағҳо аз андоз ба буҷет. Ин воридот дар нуқтаҳои мубодилаи арз, фурӯшандаҳои маҳсулот ва хидмтарасониҳо як ҳаҷми муайянро ба вуҷуд оварда, дар наабати худ андоз ҳам пардохт мекунанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Интиқоли маблағҳо дар рушди иқтисоди Тоҷикистон нақши муҳим дорад

Муҳаррикҳои калидӣ

Мувофиқи маълумоти расмӣ, муҳаррики асосии иқтисоди кишвар бахши кишоварзӣ ва саноат боқӣ мемонанд, ки ҳиссаи умумии онҳо ҳудуди 40% нисбат ба ММД-ро ташкил медиҳад.

Истеҳсоли саноатӣ дар зарфи 11 моҳи соли гузашта 22% афзуда, 60 млрд сомониро ташкил дод. Каме бештар аз нисфи истеҳсол ба саноати коркард, 31% – ба саноати истихроҷ, ҳудуди 19% – ба таъминот бо барқу об ва дигар  хидматрасониҳои ба ин монанд рост меояд.

Омили асосии рушди истеҳсоли саноатӣ афзоиши баланд дар саноати истихроҷ – 50% шуд. Дар ҳамин ҳол, ҳудуди 95%-и истихроҷ ба маъданҳои фулузӣ рост омада, дар муқоиса бо соли 2023 истихроҷи фулузот қариб 50% афзуд.

Соли 2024 дар ҷумҳурӣ 3 ҳазору 965 корхонаи саноатӣ амал мекарданд, ки 358-тои онҳо ба истихроҷ машғул буданд.

Маҷмӯи маҳсулоти бахши кишоварзӣ дар зарфи 11 моҳи соли гузашта 9,2% афзуда, ҳудуди 76,6 млрд сомониро ташкил дод. Ҳиссаи хонаводаҳо дар ҳаҷми умумӣ 51%, хоҷагиҳои деҳқонӣ – 36,7% ва хоҷагиҳои ҷамъиятӣ – 12,3%-ро ташкил дод.

Дар соҳаи растанипарварӣ афзоиши ҷамъоварии қариб ҳамаи зироатҳо ба қайд гирифта шуда, танҳо дар зироати ғалладона 5,8% коҳиш ба мушоҳида расид.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Яке аз бозорҳои Душанбе

Дар соҳаи чорводорӣ зиёдшавии саршумори чорвои калони шохдор 4,4% ва бузу гӯсфанд – 5,3%-ро ташкил дод. То 1 декабри соли 2024 қариб 2,9 млн саршумори чорвои калони шохдор ва ҳудуди 7,5 млн саршумори бузу гӯсфанд  ба қайд гирифта шуд.

Ба ин тариқ, мувофиқи омори расмӣ, дар саноат, бахусус дар соҳаи истихроҷ афзоиши назаррас ба мушоҳида расида, ин аз серталаб будани маъданҳои фулузӣ гувоҳӣ медиҳад.

Ҳамчунин сарфи назар аз коҳиши истеҳсоли зироати ғалладона, дар бахши кишоварзӣ низ рушди устувор идома дорад. Дар назар аст, ки ин соҳаҳо оянда низ дар иқтисоди Тоҷикистон нақши калидӣ хоҳанд бозид. Мақомот бештар аз соҳаи саноат умедвории зиёд доранд.

Ёдрас мекунем, ки тибқи Стратегияи миллии рушди ҶТ дар давраи то соли 2030, ки соли 2016 қабул шуд буд, то аввали даҳсолаи минбаъда табдили Тоҷикистон аз кишвари аграрӣ-саноатӣ ба кишвари саноатӣ-аграрӣ ба нақша гирифта шудааст.

Барои расидан ба ин мақсад тақвияти иқтидорҳои саноатӣ ва энергетикӣ ва камшавии вобастагии иқтисоди кишвар аз бахши кишоварзӣ пешбинӣ мешавад. То соли 2030 то ба 30% расонидани ҳиссаи саноат дар иқтисоди кишвар ба назар гирифта шудааст.

Барои расидан ба ин ҳадаф мақомоти солҳои 2026-2030-ро “Солҳои рушди саноат” эълон карда, ба босуръат саноатӣ гардонидани кишвар умедворанд.

Аз он замон қариб 10 сол сипарӣ шуда, лекин ҳиссаи саноат дар сохтори ММД мувофиқи омори расмӣ начадон тағйир ёфт: 15% дар соли 2016, 16,9% – дар соли 2024 ва 17,7% – дар моҳҳои январ-сентябри соли 2025.

Барои маълумот, замони Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистон қариб дар остонаи табдил ёфтан ба кишвари саноатӣ-аграрӣ қарор дошт. Соли 1987-ум ҳиссаи саноат дар сохтори ММД ҶШС Тоҷикистон 33%-ро ташкил медод, ҳарчанд дар кишвар ҳамагӣ ҳудуди 400 корхонаи саноатӣ фаъолият мекард.

Таварруми начандон зиёд ва нархҳои баланд

Бино ба маълумоти оморӣ, дар зарфи 11 моҳи соли 2025 сатҳи таавррум 2,9%-ро ташкил додааст. Сохтори таваррум тамоюлҳои гуногунсамтро нишон медиҳад.

Масъулини мақомоти омор чор сол пайдарпай аз сатҳи бесобиқаи пасти таваррум ҳисобот медиҳанд. Соли 2022 нарху таърифаҳо ҳамагӣ ба андозаи 4,2%, соли 2023 – 3,8% ва 11 моҳи соли 2024 – 3,4% боло рафтанд. Та ин дам сатҳи   пасттарини таваррум давоми тамоми солҳои соҳибистиқлолӣ соли 2013 – 3,7% сабт шуда буд.

Агар болоравии нархҳои чакана то охири моҳи декабр устувор боқӣ монад, пас сатҳи солонаи таваррум аз 3,2% зиёд намешавад ва ҷумҳурӣ рекордашро аз рӯи ин нишондиҳанда нав мекунад.

Дар ҳамин ҳол, аксарияти сокинон мисли солҳои пешин дар мавриди маълумоти расмӣ шубҳа доранд ва зикр мекунанд, ки болоравии воқеии нархҳо ба маҳсулот ва хидматрасониҳо дар ҳаёти рӯзмарра бамаротиб зиёдтар аст.

Қаблан дар Бонки миллии Тоҷикистон шубҳа ба маълумоти расмӣ оид ба таваррумро шарҳ дода буданд, ки болоравии нарх ба маҳсулоти ҷудогона вазъи умумиро инъинос намекунад. Зикр шуда буд, ки сандуқи истеъмолӣ аз номгӯйи васеи маҳсулот ва хидматрасониҳо иборат буда, аз ин рӯ, арзёбии мизони тавррум танҳо бо гароншавии якчанд мавқеъ носаҳеҳ аст.

Дар Оҷонси омор низ чанде пеш чунин мавқеъро изҳор намуда, зикр карданд, ки таварруми расмӣ бар асоси сандуқи васеъи маҳсулот ва хидматрасониҳо, ки аз хариди истеъмолгари мушаххас ба таври назаррас фарқ мекунад, ҳисобу китоб карда мешавад.

Ба истилоҳи дигар, агар таварруми расмӣ чандон баланд ё худ хоксоронаву дар мағоза тамоман дигар ба назар намояд ҳам, пас шумо маҳсулоти “нодуруст” мехаред ё аз хидматрасониҳои “начандон мувофиқ” истифода мебаред…

Агар комилан ҷиддӣ назар андозем, фарқият байни таварруми расмӣ ва хароҷоти воқеии хонаводаҳо бовар ба оморро зери шубҳа гузошта, метавонад ба шиддати иҷтимоӣ, бахусус миёни қишри камбизоати аҳолӣ тақвият бахшад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Болоравии нархҳо дар бозор идома дорад

Ҳамёни барзиёд пур

Дар муқоиса бо солҳои пешин, ки нишондиҳандаҳо тағйир меёфтанд, айни замон ҷамъоварии даромадҳои пешбинишуда ба буҷети давлатӣ чор сол пайдарпай ҷараёни мусбат касб кардаанд.

Бино ба маълумоти Вазорати молия, ҳаҷми умумии буҷети давлатӣ давоми моҳҳои январ-ноябри соли 2025 зиёда аз 53,3 млрд сомонӣ (беш аз 5,7 млрд доллар)-ро ташкил додааст, ки 10% зиёдтар аз нақшаи тасҳеҳшуда аст.

Дар навбати аввал, ин бо афзоиши ҷамъоварии андоз аз даромадҳо бо шумули андоз аз даромад ва андоз аз фоида маънидод мешавад.

Ҳиссаи воридоти маблағ аз пардохти андоз дар даромади умумии буҷет ҳудуди 65%-ро ташкил медиҳад. Тамоюли барзиёд иҷро шудани нақшаи даромад ба “ҳамёни асосӣ”-и кишвар пештар ба мушоҳида намерасид ва аз соли 2022 оғоз ёфт.

Ёдрас мекунем, ки аз 1 январи соли 2022 Кодекси нави андоз ба ҳукми иҷро даромад, ки дар он барои як қатор андозҳо меъёри нисбатан паст муқаррар шуд. Масалан, меъёри андоз аз арзиши иловашуда (ААИ), ки беш аз 40% воридоти маблағ аз андозҳоро ташкил медиҳад, аз 18% то 15% поин бурда шуда, аз 1 январи соли 2024 то 14% коҳиш ёфт.

Бино ба маълумоти Оҷонси омор, дар зарфи нуҳ моҳи соли 2025 ҳиссаи андозҳо дар сохтори ММД 11,4% ва таъсири андозҳо ба рушди иқтисоди кишвар – 0,8%-ро ташкил доданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Бонкҳо зери таҳрими Иттиҳоди Аврупо

Вазъияти босуботу ором дар бахши бонки кишварро таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо (ИА) нисбат ба се бонки Тоҷикистон: ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон”, ҶСП “Спитамен Бонк” ва ҶСП “Душанбе Сити Бонк” халалдор сохтанд. Таҳримҳо дар доираи бастаи 19-уми маҳдудиятҳо алайҳи Русия аз 12 ноябри соли гузашта амал мекунанд.

Дар иттилоияи Шӯрои ИА зикр мегардад, ки бонкҳои зери таҳрим қароргирифта наметавонанд бо ташкилот ва шаҳрвандони Иттиҳод ҳеҷ гуна транзаксияҳо гузаронанд.

Яъне сухан аз манъи ҳар гуна амалиёт барои ин бонкҳо дар дохили ИА ва ташкилоти он меравад. Ҳама гуна бонк, тиҷорат ё низоми пардохт дар ИА уҳдадор мешаванд, ки  транзаксияҳои марбут ба бонкҳо аз кишварҳои сеюмро, ки таҳти таҳрим қарор доранд, санҷанд ва дар сурати зарурат амалашонро қатъ созанд.

Таҳиягарони таҳримҳо итминон медиҳанд, ки бонкҳо ҷиҳати нодида гирифтани таҳримҳо кумак карда, дар амалиёте иштирок мекунанд, ки иқтисоди Русия ва фаъолияти ҳарбиро дастгирӣ мекунанд.

Аммо дар изҳороти расмии ИА зикр нашудааст, ки ин бонкҳо мушаххасан чӣ қонун ё қоидаро вайрон кардаанд, ки зери таҳрим шудаанд.

Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 24 октябри соли равон (як рӯз пас аз нашри иттилоияи Шӯрои ИА) хабар дод, ки ҳамроҳи ташкилоти қарзии молиявӣ ва дигар сохторҳои марбута вазъи мавҷударо ҳамаҷониба меомӯзад ва барои муайян кардани сабабҳо ва то ба ҳадди камтарин поин овардани эҳтимоли оқибатҳои манфии онҳо машварат мекунад.

Дар ҳамин ҳол, муроҷиати “Азия-Плюс” ба Бонки миллии Тоҷикистон дар мавриди натиҷаҳои омӯзиши вазъият то ҳол бепосух боқӣ мемонад.

Мутахассисони мустақил ба “рӯйхати сиёҳ”-и ИА афтодани бонкҳои Тоҷикистонро “ҳушдор”-и ҷиддӣ мешуморанд: акнун кишвар ба сифати долони “бетараф” қабул намешавад.

Дар низоми бонкии кишвар 18 бонки тиҷоратӣ фаъолият дошта, инчунин 22 фонди қарзҳои хурд, 25 ташкилоти хурди амонатгузорӣ ва 2 ташкилоти қарзии хурд амал мекунанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ "Тоҷиксодиротбонк" – яке аз бонкҳои қарздор

30 ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла 5 бонк – "Агроинвестбонк", "Тоҷиксодиротбонк", "Тоҷпромбонк", "Фононбонк" ва "Кафолатбонк" дар марҳилаи барҳамдиҳӣ қарор доранд.

Ташкилоти асосии қарзии кишвар БДА “Амонатбонк”, ҶСК “Ориёнбонк”, ҶСК “Бонки Эсхата” маҳсуб меёбанд, ки аз ҷониби Бонки миллӣ ба Рӯйхати ташкилоти қарзии низомсоз дар соли 2025 шомил шудаанд. Ҳиссаи бонкҳои мазкур ба зиёда аз нисфи миёнаравии молиявии кишвар рост меояд.

Савдои хориҷӣ; содирот меафзояд, лекин касри тавозун боқӣ мемонад

Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон давоми моҳҳои январ-ноябри соли 2025 ҳудуди 9,7 млрд-ро ташкил додааст, ки 21,6% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 аст.

Содирот 2 млрд 259 млн долларро ташкил додааст, ки 31% зиёд аст. Воридот ба 7,4 млрд расида, ба андозаи 18,9% афзудааст.

Тавозуни савдо манфӣ (–$5 млрд 145 млн) боқӣ мемонад. Яъне содирот қариб 3,3 барбар аз воридот камтар аст.

Қариб нисфи содирот аз Тоҷикистон аз фулузот иборат буда, содироти фулузоти қиматбаҳо 335 млн доллар, арзон бо шумули алюминий – 763 млн долларро ташкил медиҳад.

Маҳсулоти минералӣ (семент, ангишт, маъдан ва консентратҳо, инчунин нерӯи барқ) ҳудуди 32,5% аз содироти умумиро ташкил додаанд, ки афзалияти маҳсулоти ашёи хомро тасдиқ мекунад. Боз 8,15% ба маҳсулоти нассоҷӣ, аз ҷумла пахта ва маснуот аз он рост меояд.

Дар навбати худ, воридот ба Тоҷикистон ба маҳсулоти нафтӣ (11,2%), мошину таҷҳизот (14,8%) ва фулузоти арзон бо маснуот (11,49,3%) мутамарказ шудааст.

Қобили зикр аст, ки имсол Чин бори аввал дар гардиши молу маҳсулот бо Тоҷикистон аз Русия пеш гузашт. Давоми моҳҳои январ-ноябри соли 2024 гардиши мол бо Чин 50% ва Русия – 20% афзуд. Ҳаҷми савдо бо Чин дар ин давра зиёда аз 2,5 млрд ва Русия – ҳудуди 2,2 млрд долларро ташкил додааст.

Дар зарфи 11 моҳи соли 2025 Тоҷикистон ба сурати умум бо 124 кишвари ҷаҳон молу маҳсулот додугирифт кардааст.

Даромади аҳолӣ ва сатҳи зиндагӣ

Мақомот изҳор мекунанд, ки тайи 10 соли ахир даромади пулии аҳолӣ аз 26 млрд сомонӣ дар соли 2015 то 165 млрд сомонӣ дар соли 2025 зиёд шуданд, ки фарқияташ ба 6 маротиба баробар аст.

Дар моҳи октябри соли 2025 маоши миёнаи номиналӣ 3 ҳазору 123 сомонӣ (335 доллар)-ро ташкил дод, аммо музди меҳнат дар бахшҳои гуногуни иқтисод то ҳол фарқи зиёд доранд. Масалан:

Ин аз фарқияти амиқи иҷтимоӣ ва даромадҳои паст дар бахшҳои маъмулии иқтисод ба мисли бахши кишоварзӣ гувоҳӣ медиҳад.

Давоми сол (октябри соли 2024 – октябри соли 2025) маоши миёнаи номиналӣ дар кишвар зиёда аз 20% афзуд. Вале сарфи назар аз ин, миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ маоши пасттарин маҳз дар Тоҷикистон аст.

Маълумоти мақомоти кишварҳои минтақа дар моҳи октябри соли 2025 (доир ба Туркманистон маълумот дастрас нест):

Байни тағйироти мусбат метавон афзоиши теъдоди аҳолиро, ки 10,7 млн нафарро ташкил дод ва беҳтар шудани нишондиҳандаҳои дарозумрӣ (аз 70 сол дар соли 2025 то ба 77 сол дар соли 2025)-ро низ зикр кард.

Дар моҳи октябри соли 2025 теъдоди аҳолии таъмин бо шуғл 2,768 млн нафар ва сатҳи бекорӣ – 1,9%-ро ташкил дод.

Дар зарфи 11 моҳ ба сурати умум зиёда аз 200 ҳазор ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда шудааст, ки аз ҷараёни мусбат дар соҳаи кор шаҳодат медиҳад. Аммо таъсиси ҷойҳои кории босифат мушкил барои иқтисод боқӣ мемонад, бахусус бо назардошти маоши паст дар як қатор соҳаҳои калидӣ.

Сатҳи камбизоатӣ то 19% поин рафта, нишондиҳандаи муҳими беҳтар гардидани сатҳи зиндагӣ барои аҳолӣ шуморида мешавад.

Мақомоти ин дастовардҳоро ба саривақт ва босифат амалисозии Стратегияи миллии рушд то соли 2030 марбут медонанд. Онҳо дар назар доранд, ки амалисозии минбаъдаи ин Стратегия имкон медиҳад, ки дар зарфи 5 соли наздик ҳаҷми ММД 2 баробар зиёд шуда, сатҳи камбизоатӣ то 10% коҳиш ёбад ва ҳиссаи қишри миёнаи аҳолӣ то 50% расад.

Лекин таҳлилгарони Бонки ҷаҳонӣ назари каме дигар доранд:

“Коҳиши камбизоатӣ дар Тоҷикистон тайи солҳои ахир асосан аз ҳисоби интиқоли маблағ аз хориҷа ва болоравии даромад аз корҳо сурат гирифт. Дар ҳамин ҳол, кумак аз ҷониби давлат нақши камтар дорад, зеро теъдоди маҳдуди оилаҳои камбизоатро фаро гирифта, даромадҳо аз сармоя ба сатҳи зиндагӣ қариб таъсир намерасонанд, чунки рушди бозори сармоя дар кишвар суст аст. Сарфи назар аз болоравии умумии даромадҳо, фарқият байни сарватмандон ва камбизоатон боқӣ мемонад, бахусус дар деҳот”.

Хулосаҳои асосӣ

Нишондиҳандаҳои баланди рушди иқтисоди Тоҷикистон идома дошта, лекин вобастагии шадиди он аз омилҳои беруна, аз ҷумла интиқоли маблағҳо аз ҷониби муҳоҷирон ва содироти ашёи хом боқӣ мемонад. Рушди воқеӣ на ба маҳсулнокӣ дар дохили кишвар, балки бештар ба истеъмол вобаста аст.

Интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирон дар дастгирии талаботи дохилӣ, рӯйпӯш сохтани касри савдои хориҷӣ ва воридоти бештари  пул ба буҷет нақши калидӣ дорад. Тоҷикистон яке аз кишварҳои вобастатарин ба интиқоли пул дар ҷаҳон боқӣ мемонад, ки осебпазирии иқтисодро собит мпекунад.

Муҳаррики асосии рушди иқтисод боқӣ мондани бахши кишоварзӣ ва саноат идома дорад. Аз ҷумла, саноати коркард афзоиши назаррас нишон дода, сарфи назар аз коҳиши истеҳсоли зироати ғалладона, рушди бахши кишоварзӣ устувор аст.

Сарфи назар аз сатҳи пасти таваррум (2,9%), болоравии воқеии нархҳо ба маҳсулот ва хидматрасониҳоро шаҳрвандон бамаротиб зиёд медонанд. Ин маълумоти оморро зери шубҳа мегузорад.

Дар буҷети давлатӣ афзоиши даромад устувор аст, ки ба афзоиши воридоти маблағ аз пардохти андоз, бахусус андоз аз даромад марбут аст. Ин ҷараёни мусбат барои устувории молиявии кишвар маҳсуб меёбад.

Бар асари таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо Тоҷикистон ба мушкилот дар бахши бонкӣ дучор мешавад, ки ба қабули кишвар ба сифати маркази молиявии бетараф таъсири манфӣ мерасонад.

Содироти Тоҷикистон зиёд мешавад, лекин тавозуни манфии савдо идома дорад. Он вобастагии шадидро ба воридот тасдиқ менамояд. Афзалият ба маҳсулоти ашёи хом дар содирот аз заминаи начандон рушдёфтаи истеҳсолот гувоҳӣ медиҳад.

Сарфи назар аз болоравии даромадҳои номиналӣ, маош дар Тоҷикистон яке аз пасттарин миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ аст. Сатҳи камбизоатӣ поин рафт, лекин фарқият миёни сарватмандон ва камбизоатон боқӣ мемонад, бахусус дар деҳот.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...