Абдунабӣ Сатторзода соҳиби нахустин Ҷоизаи байналмилалии Бедил шуд

Абдунабӣ Сатторзода, адабиётшинос ва мунаққиди номвари тоҷик дар шашумин Ҷашнвораи байналмилалии Бедили Деҳлавӣ дар Эрон нахустин Ҷоизаи байналмилалии Бедилро соҳиб шуд. Дар ин бора “Бунёди Бедил” хабар дода, менависад, ҷашни байналмилалӣ рӯзҳои 11-12-уми январ дар шаҳри Теҳрон баргузор гардидааст. Ба иттилои созмондиҳандагон, дар ин ҷашн нахустин бор Ҷоизаи байналмилалии Бедили Деҳлавӣ бунёд ва эҳдо гардид. Қаблан, […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Абдунабӣ Сатторзода, адабиётшинос ва мунаққиди номвари тоҷик дар шашумин Ҷашнвораи байналмилалии Бедили Деҳлавӣ дар Эрон нахустин Ҷоизаи байналмилалии Бедилро соҳиб шуд.

Дар ин бора “Бунёди Бедил” хабар дода, менависад, ҷашни байналмилалӣ рӯзҳои 11-12-уми январ дар шаҳри Теҳрон баргузор гардидааст.

Ба иттилои созмондиҳандагон, дар ин ҷашн нахустин бор Ҷоизаи байналмилалии Бедили Деҳлавӣ бунёд ва эҳдо гардид. Қаблан, он бидуни эҳдои ҷоиза баргузор мешуд.

Ин ҷоиза бори аввал барои саҳми шоиста дар омӯзиш ва муаррифии адабиёти форсӣ ба се шахсияти маъруфи илми адабиётшиносӣ супурда шудааст:

– Профессор Абдунабӣ Сатторзода, аз Тоҷикистон;

– Профессор Шариф Ҳусайнӣ Қосимӣ, аз Ҳинд;

– Профессор Орифи Навшоҳӣ, аз Покистон.

Дар суханрониҳои маросим, таъкид шудааст, ки пажӯҳишҳои бисёрсолаи профессор Абдунабӣ Сатторзода дар заминаи таърихи адабиёти форсии тоҷикӣ, таҳқиқи осори классикон ва нақши ӯ дар тақвияти пайвандҳои адабӣ миёни Тоҷикистон ва дигар кишварҳои форсизабон аз омилҳои асосии соҳиб гардидани ин ҷоиза маҳсуб мешаванд.

Абдунабӣ Сатторзода доктори илми филология буда, яке аз шахсиятҳои маъруфии адабиву сиёсии Тоҷикистон ва узви пайвастаи Фарҳангистони забон ва адаби форсии Эрон мебошад.

Ҷашнвораи байналмилалии Бедили Деҳлавӣ бо ташаббуси "Бунёди Бедили Деҳлавӣ" баргузор гардида, ба омӯзиш ва тарғиби ҳикмату осори Бедили Деҳлавӣ ва ҳамзамон ба арҷгузорӣ аз саҳми пажӯҳишгарони барҷаста дар риштаи адабиёти форсӣ ихтисос ёфтааст.

Ба гуфтаи созмондиҳандагон, бо таваҷҷуҳ ба он ки Бедил дар Ҳинд, Афғонистон, Тоҷикистон ва миёни форсизабонон ҷойгоҳи вижа дорад, ин ҳамоиш ба густариши робитаҳои фарҳангӣ ва ҳифзи забони форсӣ ҳамчун унсури муҳими ҳувияти муштарак кумак мекунад.

Ёдовар мешавем, ки Мирзо Абдулқодири Бедил яке аз бузургтарин шоирон ва мутафаккирони форсизабони асрҳои XVII–XVIII маҳсуб мешавад. Ӯро яке аз сутунҳои асосии “сабки ҳиндӣ” дар шеъри форсӣ медонанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.