Дар рафти санҷишҳое, ки дар соли 2025 гузаронида шуданд, Хадамоти давлатии назорат ва танзими нақлиёти Тоҷикистон муайян кардааст, ки аксари ширкатҳои нақлиётӣ шартҳо ва талаботи иҷозатномадиҳиро риоя накардаанд. Дар ин бора хабаргузории давлатии “Ховар” бо истинод ба Вазорати нақлиёт хабар додааст.
“Мутаассифона, натиҷаҳои санҷишҳо нишон медиҳанд, ки фаъолияти аксари корхонаҳо ва ширкатҳои нақлиётӣ камбудиҳои шабеҳ доранд, аз ҷумла риоя накардани талабот барои муоинаи тиббии пеш аз сафар, ҳолати техникӣ ва амалиётии воситаи нақлиёт, тахассуси кормандон, ки ба вазифаҳои онҳо мувофиқ нестанд, набудани шаҳодатномаҳои мутобиқат барои кор ва хизматрасонӣ ва набудани салоҳияти касбии кормандон. Ин боиси паст шудани бехатарӣ, афзоиши садамаҳои роҳ ва сифати пасти хизматрасонӣ мегардад", – навиштааст ин хабаргузорӣ.
Таъкид шудааст, ки барои қонуншиканиҳои ошкоршуда санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, як қатор ширкатҳо, аз ҷумла ҶДММ "Саёҳон", ҶДММ "Гурӯҳ Холдинг", ҶДММ "ХНА Шараф”, ҶДММ "Роҳнамо", ҶДММ "Дилшод Транс", ҶДММ "Усто Амир", ҶДММ "Коровонсарой", ҶДММ "Нури Истиқлол", ҶДММ "МНА 35", ҶДММ "Боркашон" ва КВД "Троллейбус" ҷаримабандӣ шуданд.
Ин расона бо такя ба иттилои вазорат навиштааст, ки “дар соли 2026 ҳамоҳангсозӣ ва назорати фаъолияти ширкатҳои нақлиётӣ тақвият дода мешавад."
Инчунин зикр шудааст, ки талошҳо барои рақамикунонӣ дар Душанбе, ВМКБ, вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеи марказӣ, Кӯлоб, Бохтар ва минтақаҳои Рашт ҷараён доранд. Роҳхатҳои ширкатҳои нақлиётӣ дар ин минтақаҳо рақамӣ карда шудаанд, ки дар натиҷа шумораи онҳо афзоиш ёфта, нишондиҳандаҳои оморӣ беҳтар шудаанд.
"Дар соли 2026 ҳама шаклҳои иҷозаҳои сафар ва варақаҳо низ тавассути барномаи мобилӣ ба кор андохта мешаванд. Ба ибораи дигар, ҳуҷҷатҳои электронии сафар ҳатмӣ мешаванд", – афзудаанд дар ин ниҳод.


